Ибрози нигаронии дабири кулли Созмони Милал аз хушунат алайҳи мусалмонон дар Миёнмор

Дабири кулли Созмони Милал аз афзоиши хушунат алайҳи мусалмонон дар Миёнмор ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Онтуниу Гутриш (Antonio Guterres), дабири кулли Созмони Милал, рӯзи гузашта (ҷумъа, 01.09.2017) нисбат ба интишори гузоришҳое мабнӣ бар хушунат дар шимоли ғарби Миёнмор ибрози нигаронӣ кард.

Гутриш дар баёнияе эълом кард: “СММ аз интишори гузоришҳое дар бораи ифрот дар амалиёти низомии нерӯҳои амниятии Миёнмор дар устони Рохин амиқан ибрози нигаронӣ кард ва бар хештандорӣ ва ҳифзи оромиш барои ҷилавгирӣ аз як балои инсонӣ таъкид кард.”

Оморҳои расмӣ ҳокӣ аст, ки дар маргбортарин хушунатҳои даҳаҳои ахир дар Миёнмор, ҳудуди 400 нафар дар даргириҳои ахир дар шимоли ғарби Миёнмор ҷони худро аз даст додаанд.

Манобеи Созмони Милал панҷшанбе таъкид карданд, тайи ҳафтаи гузашта ҳудуди 27400 мусалмони Руҳингиё барои наҷот аз хушунатҳои ахир дар устони Рохин, аз Миёнмор ба Банглодеш фирор кардаанд.

Ин гузориш ба нақл аз се манбаи огоҳи Созмони Милал афзуд: “Беш аз 20 ҳазор мусалмони Руҳингиё низ дар марзи ду кишвар гирифтор шудаанд.”

Нерӯҳои горди марзии Банглодеш панҷшанбе аҷсоди 20 зан ва кӯдаки руҳингиёиро, ки қоиқашон ғарқ шуда, аз об гирифтанд.

Артиши Миёнмор эълом кардааст, ки амалиёти поксозии минтақа аз “теруристҳо”-ро оғоз кардааст. Вале мусалмонони Руҳингиё, ки ба Банглодеш фирор кардаанд, аз оташсӯзӣ ва куштори васеъи мусалмонон тавассути нерӯҳои амниятии Миёнмор хабар медиҳанд, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдомот, маҷбур кардани мусалмонон барои тарки устони Рохин будааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: