Иттиҳоди Эрон ва Туркия

Таҳлиле аз Игор Субботин дар нашрияи “Независимая газета”

Мақомоти Теҳрон ба зудӣ дар интизори сафари Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ҳастанд. Ин сафар дар шароити душворе барои минтақаи Ховари Миёна сурат мегирад ва бӯҳрон дар равобити бархе кишварҳои араби минтақаи халиҷи Форс бо Қатар, Туркия ва Эронро низ дарбар гирифтааст.

Мақомоти кишварҳои араби халиҷи Форс Теҳрон ва Онкороро муттаҳам мекунанд, ки барои таъмини манофеи хеш дар Сурия ҳузури низомӣ дошта ва бояд даст аз дахолат дар ин кишвар бардоранд. Албатта, аслитарин баҳона барои тарҳи ин иттиҳомот, бӯҳрон дар равобити диплумотики ин кишварҳо бо Қатар шуда, ки дар шароити муҳосираи иқтисодӣ ва сиёсӣ аз сӯи ҳамсоягонаш, мавриди ҳимояти Эрон ва Туркия қарор гирифтааст.

Дар арсаи муносиботи дуҷониба, равобити Туркия ва Эрон ин авохир воқеан ба якдигар наздик шудааст. Ҳамчунин Теҳрон ва Онкоро, ба ҳамроҳи Русия, тазминкунандагони оташбас дар чорчӯби тавофуқоти Остона ҳастанд.

Дар ҷараёни сафари Ардуғон ба Теҳрон, муҳимтарин мушкиле, ки бояд байни мақомоти ду кишвар мавриди баррасӣ қарор бигирад, масъалаи талоши курдҳо барои истиқлол ёфтан аст. Масъала ин аст, ки дар поизи имсол Курдстони Ироқ қасд дорад ҳамапурсӣ дар хусуси эъломи истиқлол баргузор кунад. Ин раъйгирӣ мумкин аст ба ташкили нахустин давлати мустақилли курд мунҷар шавад, ки чунин вазъияте мусалламан барои Туркия ва Эрон, ки дар манотиқи ҳамҷивор бо Ироқ дорои ҷамъияти курднишин ҳастанд, нигаронкунанда хоҳад буд.

Кирилл Семёнов, раиси Маркази таҳқиқоти исломии Муассисаи тавсиъаи тамаддунҳо дар Русия, ба “Независимая газета” гуфт: “Дар робита бо ҳамапурсии истиқлоли Курдистон, мавозеи Туркия ва Эрон комилан мушобеҳ буда ва ду кишвар дарки муштараке дар ин робита доранд. Ардуғон ба вуҷуд омадани давлати мустақилли Курдистон ва ҷудо шудани он аз Ироқро таҳдиде барои истиқлоли Туркия медонад. Вазъият барои Эрон низ ба ҳамин шакл аст. Бинобар ин, зарурӣ аст то мақомоти Теҳрон ва Онкоро мавозеи хеш дар ин робитаро комилан ҳамоҳанг кунанд.”

Ин коршинос ёдовар шуд: “Дар робита бо бӯҳрон перомуни Қатар ҳам бояд бигӯям, ки мақомоти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ беш аз дигар кишварҳои арабӣ аз мавозеи Туркия дар хусуси Қатар интиқод мекунад ва дар ҳамин робита иддаои ҳимоят аз курдҳои Сурия дар баробари таҷовузи Туркияро дорад. Ҳатто дақиқан ин Аморот буд, ки баъд аз тасмими эътилофи байналмилалӣ барои кӯмаки низомӣ ба курдҳои Сурия, барои онҳо зиреҳпӯши низомӣ ирсол кард, ки ин иқдом ирсоли аломати возеҳе барои Туркия буд.”

Ба гуфтаи Семёнов, зимни ин ки бо вуҷуди таноқуз, агар Арабистони Саудӣ гоҳе аз гурӯҳҳои мусаллаҳи салафӣ дар Сурия ва гоҳе аз гурӯҳҳои ғайримазҳабӣ ҳимоят мекунад, Аморот баръакс, ҳомии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайримазҳабӣ дар ин кишвар аст, ки аз ҷумлаи онҳо “Нерӯҳои демукротики Сурия” ҳастанд, ки бахши аъзами онҳоро шибҳинизомиёни курд ташкил медиҳанд.

Ин таҳлилгар ёдовар шуд, ки нуқтаи авҷи тирагии равобит байни Туркия ва Аморот дар замони талош барои кудетои низомӣ дар Туркия дар соли 2016 буд, ки зоҳиран Аморот ҳам дар он нақш доштааст. Дар воқеъ Аморот ба андозае, ки дар мавриди Қатар сиёсати сахтгиронае дар пеш гирифта, дар бархӯрд бо Туркия низ мавозеи шадидаллаҳне дорад.

Вай афзуд: “Ин дар ҳолест, ки бар хилофи Туркия ва Эрон, ки ба ҳамроҳи Русия фаъолона дар чорчӯби музокироти Остона ба дунболи ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия ҳастанд, Амороти Муттаҳида ба ҳамроҳи Арабистони Саудӣ ба гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Димишқ кӯмаки сиёсӣ ва низомӣ мекунанд. Зимни ин ки ин ду кишвар (Аморот ва Арабистон) дар муноқишаи низомӣ дар Яман дахолати мустақим доранд. Ва дар ин маврид ҳам мавозеи Теҳрон ва Онкоро бо онҳо муғойират дорад.”

Ng

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: