Намояндаи СММ: “ДОЪИШ эҳтимолан то поёни моҳи октябр дар Сурия кораш тамом мешавад”

Истефон Де Мистуро (Staffan de Mistura) намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, рӯзи ҷумъа эълом кард, ки шикасти ДОЪИШ дар Сурия дар охирҳои моҳи октябр муҳаққақ мешавад.

Ба гузориши шабакаи хабарии Sky News, Истефон Де Мистуро афзуд: “Ба назар ман, он чи, ки мо шоҳиди он ҳастем, оғозе барои поёни ин ҷанг аст ва он чи, ки ниёз дорем итминон аз ҳусули ин масъала аст, ки поёни ҷанг алайҳи ДОЪИШ оғозе барои сулҳ бошад.”

Вай гуфт: “Эҳтимолан мавозеъи боқимондаи ДОЪИШ дар Сурия то поёни моҳи октябр суқут хоҳад кард.”

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ки танҳо Риққа, Дейр-аз-Зур ва Идлиб дар Сурия ҳамчунон ноором аст, гуфт: “Устони Дейр-аз-Зур то моҳи октябр тавассути давлати Сурия озод хоҳад шуд.”

Де Мистуро ҳамчунин аз тарафҳои даргир дар Сурия хост, то худро барои як интихоботи озод омода кунанд.

Эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДОЪИШ пештар эълом карда буд, ки шаҳри Риққа то поёни моҳи октябр аз ишғоли ДОЪИШ озод хоҳад шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: