Ҳамос: “Эрон бузургтарин ҳомиии шохаи низомии Ҳамос аст”

Гузорише дар нашрияи “Алараб”

Яҳё Ассинвор, раиси ҷадиди Ҳамос дар навори Ғазза гуфт: “Ҳимояти низомии Эрон аз Ҳамос ва гурдонҳои Иззуддин ал-Қассом истротежик ва равобити мо бо Теҳрон бисёр олӣ шудааст.”

Яҳё Ассинвор, раиси ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғазза рӯзи душанбе (28.08.2017) эълом кард, ки ин ҷунбиш тавониста тавоноиҳои низомии худро афзоиш диҳад ва таъкид кард: “Эрон бузургтарин ҳомиии шохаи низомии Ҳамос аст.”

Ассинвор дар гуфтугӯи матбуотӣ дар дафтари худ дар Ғазза хитоб ба исроилиҳо ҳамчунин гуфт: “Мо шуморо мебинем, мо қудрати низомии худро барои озодии Фаластин ва бозгардондани он афзоиш медиҳем… Эрон бузургтарин ҳомии мо бо силоҳ ва пул ва омӯзиши нерӯҳои гурдонҳои Иззуддин ал-Қассом аст.” Гурдонҳои Иззуддин ал-Қассом шохаи низомии Ҳамос маҳсуб мешавад.

Вай дар идома афзуд: “Ҳимояти низомии Эрон аз Ҳамос ва гурдонҳои Иззуддин ал-Қассом истротежик ва равобити мо бо Теҳрон бисёр олӣ шудааст.”

Пас аз оғози таҳаввулоти Сурия, Ҳамос ба ҳимоят аз мавозеъи мухолифони ҳукумати Башшор Асад пардохт ва аз ҳимоят аз ҳукумати Сурия ё сиёсати Эрон дар ин кишвар худдорӣ кард. Баъд аз он, равобити ду тараф бисёр сард шуд ва дигар ҳимояти Эрон аз Ҳамос ҳамонанди собиқ набуд. То ин ки дар феврали гузашта таҳаввуле ҷадид дар сатҳи равобити Ҳамос бо Эрон ба вуҷуд омад. Ассинвор дар феврали гузашта, фармондеҳи Ҳамос дар навори Ғазза шуд. Вай наздиктарин раҳбари Ҳамос дар шохаи низомии ин ҷунбиш аст, ки аз қадим ҳамвора аз робита бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ ҳимоят мекардааст. Сатҳи равобити ду тараф замоне афзоиш ёфт, ки Иззат ар-Ришқ, узви дафтари сиёсии Ҳамос, дар раъси ҳайъате тайи даъвати расмӣ дар маросими таҳлифи Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ширкат кард.

Ассинвор дар ин конфронси матбуотӣ ҳамчунин гуфт: “Ҳар рӯз мушак месозем ва омӯзиши низомии худро дунбол мекунем ва нерӯҳои инсонии вежаи худро барои мубориза омӯзиш медиҳем, акнун ҳазорон нафар шабу рӯз дар сатҳҳои мухталиф дар ин робита кор мекунанд.”

Вай дар бораи робита бо Сурия низ гуфт: “Ҳамос мумонеате барои эҳёи равобит бо Сурия дар замони муносиб надорад. Дар уфуқ даричаҳое барои хуруҷ аз бӯҳрони Сурияро мушоҳида мекунем, ки ин иттифоқ метавонад уфуқҳоро барои бозсозии равобит бо он кишвар бигушояд.

Вай робитаи Ҳамос бо Туркия ва Қатарро олӣ донист ва таъкид кард: “Ҷунбиши Ҳамос ахиран тавонист кушоише дар равобиташ бо Миср эҷод кунад ва барои беҳбуди равобит гомҳое бардорад. Мо барои иртибот бо ҳамаи тарафҳо омодаем ва бо оғӯши боз аз ҳар гуна робитае дар ин замина истиқбол мекунем.”

Баъд аз оғози бӯҳрони дохилӣ дар Сурия Ҳамос раҳбарони худро аз Димишқ ба Қатар мунтақил кард, ки ин иттифоқ таъсири бисёре дар коҳиши равобити ин ҷунбиш бо Теҳрон гузошт.

Ҳамос солҳост барои эҳёи равобит бо Теҳрон талош мекунад. Нозирон мегӯянд, ки ин ҷунбиш талош дорад дар сояи таҳаввулоти ҷорӣ дар минтақа, паймони мустаҳками худро бо Теҳрон муҷаддадан эҳё кунад.

Alarab

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: