Ӯзбакистон 16 ҳазор нафарро аз феҳристи ифротгароён хориҷ кард

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, ин кишвар 16 ҳазор нафарро аз феҳристи амниятии ифротгароёни мазҳабӣ хориҷ кардааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ҳамвора Ӯзбакистонро ба саркӯби эътирозҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ муттаҳам кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, рӯзи ҷумъа гуфт: “Дар маҷмӯъ 17 ҳазор нафар аз афроди муртабит бо равандҳои мазҳабӣ дар ин феҳрист буданд. Пас аз сӯҳбат бо онҳо, 16 ҳазор нафарро аз ин феҳрист хориҷ кардем.”

Ба гуфтаи Мирзиёев, ки барои уламои динӣ ва мақомот ба муносибати Иди Қурбон сухан мегуфт ва аз телевизиюни давлатии Ӯзбакистон пахш шуд, “9500 нафар аз касоне, ки аз ин феҳрист хориҷ шудаанд, машғул ба кор шудаанд.”

Расонаҳои ӯзбак моҳи гузашта гузориш доданд, ки кампине барои хориҷ кардани афрод аз феҳристи амниятии ифротгароён роҳандозӣ шуда.

Мирзиёев декабри соли гузашта ба риёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон расид. Ислом Каримов пас аз 27 соли риёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон, сентябри соли гузашта даргузашт. Ӯзбакистон 32 милюн нафар ҷамъият дорад.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: