Иблиси Миёнмор кист?

Яке аз муҳимтарин омилҳои таҳрики будоиён ба бархӯрд бо мусалмонон ва куштори онон, ҷунбиши теруристӣ ва ифротии будоиён мавсум ба “Ҷунбиши 969” аст, ки ба муборизаи созмонёфта ва ҳатто мусаллаҳона алайҳи мусалмонон иқдом мекунанд.

Номи будоиён ҳамвора ҳамроҳ бо оромиш ва дурӣ аз хушунат ва пардохтан ба риёзатҳо ва ибодатҳои махсуси худ буда ва асли парҳез аз хушунат ва таҷовуз ба ҳуқуқи соири инсонҳо, аз ҷумлаи усули асосии ойини Будо будааст.

Аммо дар паси чеҳраҳои зоҳиран ороми будоиёни Миёнмор, ифротигарии нуҳуфта дар идеулужии ҳоким бар ҷомеаи будоиёни шарқи Осиё, ҷиноёти фаҷеъеро алайҳи мусалмонони ин минтақа рақам задааст.

Ҷунбишҳои ифротии будоиён бо рӯйкардҳои шибҳинозӣ — ки бо идеяи поксозии мазҳабӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши ислом дар манотиқи таҳти тасаллути будоиён фаъолият мекунанд — пайравони худро ба дурӣ аз мусалмонон, издивоҷ накардан бо онҳо, муомила накардан бо мусалмонон, берун рондани мусалмонон аз манозилашон ва оташ задани хонаҳо ва ғайра тавсия ва гоҳ созмондеҳӣ мекунанд.

Тайи ҳудуди 10 соли гузашта, ин ҷунбишҳои ифротӣ, аз таҳрими мусалмонон, ба муқобила ва берун рондани онҳо аз маҳдудаи шаҳрҳо бо тавассул ба хушунат рӯй овардаанд.

Фаъолтарини ин ҷунбишҳо, “Ҷунбиши 969” аст, ки як роҳиби 45-сола ба номи Ошин Вироту барои муқобила бо мусалмонони Руҳингиё онро поягузорӣ кардааст ва ба худ лақаби “Бен Лодани Бирма”-ро додааст.

Номи ин ҷунбиш аз се адади 9, 6 ва 9 ташкил шуда, ки намоёнгари омӯзаҳои 9-гонаи Будо, 6 омӯза ва роҳи Будо ва роҳҳои 9-гонаи руҳбоният аст.

Вироту дар изҳори назаре дар хусуси мусалмонони ин кишвар бо ташбеҳ кардани ин ақаллияти кишвари Миёнмор ба “сагҳои ваҳшӣ” изҳор доштааст: “Агар мо дар мавзеъи заъф қарор бигирем, кишварамон ба зудӣ ба кишвари мусалмонон табдил хоҳад шуд.”

Ӯ гуфтааст: “Мо роҳибони будоӣ беш аз ҳадд инъитофпазир ҳастем ва ғурури меҳанӣ надорем. Мусалмонон дар доду ситад маҳорат доранд ва корҳои сохтмонӣ ва ҳамлу нақли моро ба даст гирифтаанд, вале ҳоло доранд аҳзоби сиёсии моро ҳам дар даст мегиранд. Агар ин вазъ идома пайдо кунад, кишвари мо шабеҳи Афғонистон ё Андунезӣ хоҳад шуд.”

Вироту дар соли 2003 ба ҷурми “таҳрики будоиён ба аъмоли хушунат алайҳи мусалмонон” боздошт ва равонаи зиндон шуд, аммо баъдҳо мавриди афв қарор гирифта ва озод шуд.

* * *

Решаҳои исломситезӣ дар Миёнмор

Ошин Вироту дар суханрониҳо ва роҳнамоиҳои маънавии худ, мусалмононро хатаре барои ҷомеаи будоиҳо мехонад ва гароиши будоиён ба исломро ба “иғфоли онон тавассути мусалмонон” нисбат медиҳад. Аз сӯи дигар, муваффақияти иқтисодии мусалмонон дар ин кишвар низ аз ҷумлаи нигарониҳое аст, ки ин ҷунбиш ва пайравони Виротуро ба оташ задан ва тахриби мағозаҳои мусалмонон барангехтааст.

Нашрияи Тоймз дар яке аз шумораҳои худ тасвири Виротуро ба ҳамроҳи унвони “Чеҳраи терури будоӣ” мунташир кард, ки эътирози будоиёни Миёнмор ва шахси Виротуро ба ҳамроҳ дошт.

Морк Форманер (Mark Farmaner), мудири “Кампини Бирма” (Миёнмори феълӣ) дар Ландан, ки бо ҳадафи иртиқои демукросӣ дар ин кишвар фаъол шудааст, мӯътақид аст: “Дар Миёнмор як табъизи амиқ ва решадор дар тафаккури будоиён ҳоким шудааст.” Ба гуфтаи вай, “ҳатто замоне, ки будоиён мегӯянд, ки дӯстони мусалмон доранд, онҳоро бо унвонҳои иҳонатомез хитоб мекунанд. Ин табъиз монанди як саратон дар ҳоли густариш аст.”

Сой Лот (Sai Latt), устоди Донишгоҳи Соймун Фризери Конода (Simon Fraser University), ки дар ҳавзаи мусалмонони ин кишвар осори бисёре дорад, менависад: “Режимҳои низомии ҳокими пешин нафрат аз мусалмононро дар азҳони умумӣ ниҳодина кардаанд ва бад-ин манзур маҳдудиятҳои табъизомезеро низ барои мусалмонон вазъ кардаанд.”

Ин пажӯҳишгари ҳавзаи ҷануби шарқи Осиё идома медиҳад: “Бисёре аз ин афроди тундрав, ки дар давлати Миёнмор низ нуфуз кардаанд, ин ҷунбишро беҳтарин роҳи ҳал барои муқобила ва маҳдуд кардани ҷамъият ва нуфузи мусалмонон медонанд. Мақомоти давлатии Миёнмор “Ҷунбиши 969”-ро танҳо ҷунбиши иқтисодӣ барои беҳбуди вазъияти иқтисодии будоиён медонанд, аммо воқеият ин аст, ки таҳрики ин гурӯҳ даргириҳои хунинеро то кунун рақам задааст.”

Пас аз рӯи кор омадани давлати мунтахаби мардуми Миёнмор дар соли 2011 ва тағйири фазои сиёсии ин кишвар пас аз 5 даҳа хафақони низомӣ, суханони таҳрикомез ва нафратбарангез нисбат ба ақаллиятҳои мусалмон шакле ошкор ба худ гирифт ва раванди афзоишӣ пайдо кард.

Будоиёни ифротии “Ҷунбиши 969”, ки худро носиюнолист медонанд, ба ҷои гароишҳои миллигароёна ба самти гароишҳои нажодпарастона ҳаракат кардаанд ва бар зидди нажоди мусалмонони ҷануби Осиё, ки онро таҳдиде барои якдастии нажодӣ ва амнияти миллии худ медонанд, ҷунбиши худро дар саросари Миёнмор ва ҳатто Срилонко низ густариш додаанд.

Нобудии комили манотиқи мусалмоннишини Миёнмор ва кӯчи иҷбории мусалмонон ба марзҳои Миёнмор

Ҳатто дар манотиқе, ки ҷамъияти мусалмони чандоне надоранд ва таҳдиде маҳсуб намешаванд, будоиён илова бар таҳрим ва мунзавӣ кардани мусалмонон, бо деворнависӣ, пӯшидани либосҳои ҳовии шиорҳое бар зидди онон ва ғайра, ин гурӯҳҳоро озору азият мекунанд. Албатта ин ҷунбиш дарбаргирандаи тамоми будоиён нест ва бисёре аз будоиҳои Миёнмор аз он эъломи безорӣ мекунанд ва онро гурӯҳе ифротӣ, тундрав ва ҳатто терурист медонанд.

Давлати Тин Син, раисиҷумҳури Миёнмор низ то кунун ҳеч бархӯрде бо ин гурӯҳ накарда ва дар бархе маворид, ки аъзои ин ҷунбиш иқдомоти зиддиамниятӣ анҷом медоданд, нерӯҳои пулис ва маъмурони давлатӣ ниҳоятан ба дур нигаҳ доштани мусалмонон аз манозил ва мағозаҳояшон басанда мекарданд ва ё танҳо наззорагари иқдомоти харобкоронаи ин гурӯҳ буданд.

Тин Син ҳамчунин аз ҷумлаи ҳомиёни шахси Ошин Вироту будааст. Он Сон Су Ҷӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел низ то ба имрӯз нисбат ба куштори мусалмонон дар Миёнмор вокунише нишон надодааст ва ҳатто аз муҳоҷирати иҷбории мусалмонон ба кишварҳои ҳамсоя низ сухан гуфтааст.

* * *

Гӯшае аз ҷиноёти “Ҷунбиши 969”

Чаҳор сол пеш дар шаҳри Миктило, аз шаҳрҳои марказии Миёнмор, будоиёни ифротии “Ҷунбиши 969”, 20 писарбаччаи мусалмонро аз мадраса рубуда ва ба минтақае хориҷ аз шаҳр оварда ва пас аз қитъа-қитъа кардани онон, аҷсодашонро ба нафт оғушта карда ва оташ задаанд.

Вин Ҳтин, намояндаи порлумони Миёнмор аз “Ҳизби иттиҳоди миллӣ барои демукросӣ” гуфта буд: “Ҳашт писарбачча дар муқобили чашмони ман кушта шуданд. Ман саъй кардам ҷамъиятро мутаваққиф кунам ва ба онҳо гуфтам ба хонаҳояшон баргарданд, вале онҳо маро таҳдид карданд ва пулис ҳам маро ба каноре кашид. Ман намедонам чаро пулис ҳеч коре накард?! Ҳудуди 30 дарсади мардуми Миктило мусалмон ҳастанд. Онҳо дар тиҷорат маҳорати зиёде доранд ва соҳиби бисёре аз мағозаҳои ин шаҳр ҳастанд. Вале акнун онон ба маконҳои искони муваққат мунтақил шудаанд ва барои ҳифозат дар баробари будоиён, таҳти муҳосираи пулис ҳастанд.”

Дар моҳи марти 2012 низ даргириҳои дигаре дар шаҳри Миктило ва дар ҷараёни ихтилоф миёни як муштарӣ ва як тиллофурӯши мусалмон, ба кушта шудани 40 мусалмон анҷомид.

Дар шаҳри Арокон дар шимоли Рохин ҳам як духтари мусалмони дучархасавор бо як роҳиби пиёда бархӯрд кард, гурӯҳе аз будоиҳо ба масоҷид ҳамла карданд ва дастикам 150 хонаи мусалмононро сӯзонданд. Дар ҷараёни ин ҳамалот, як нафар кушта шуд ва 9 нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Дар даргириҳои устони Рохин дар моҳи ахир садҳо мусалмон кушта ва ҳазорон нафари дигар низ бехонумон ва маҷбур ба фирор аз маҳалли зиндагии худ шуданд.

Илова бар таҳаррукоти ин ҷунбиши терурист ва будоиёни ифротӣ, давлати Миёнмор ҳам ба сурати расмӣ дастур додааст, ки мусалмонон дигар ҳаққи бино кардани масоҷиди ҷадид ё тармими масоҷиди қадимиро надоранд. Ҳамин дастури давлатӣ кофӣ буд, то ифротиҳои будоӣ наздик ба 72 масҷидро вайрон кунанд.

Mashreghnews



Рубрики:Машоҳир, Сиёсат

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: