Изҳороти бисёр хатарноки фармондеҳи кулли артиши Миёнмор дар бораи куштори мусалмонон

Фармондеҳи кулли артиши Миёнмор куштори мусалмонони ин кишварро ба унвони “кори нотамом ва вазифаи бозмонда аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум” хонд.

Ҳамзамон бо овора шудани даҳҳо ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё дар марзи Банглодеш, фармондеҳи кулли артиши Миёнмор, аз иқдомоти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар алайҳи мусалмонон дифоъ кард.

Нерӯҳои мусаллаҳи Миёнмор аз ҳудуди ду ҳафта пеш, дар иқдоме, ки бо маҳкумиятҳои густардаи байналмилалӣ мувоҷеҳ шуда, дар як хушунати бесобиқа ҳазорон нафар аз ақаллияти мусалмони ин кишварро куштаанд.

Гузоришҳои рӯзи якшанбе аз густариши бӯҳрони инсонии мусалмонони Миёнмор, ҳамзамон бо фирори ҳудуди 60 ҳазор аз онҳо аз Миёнмор ба Банглодеш хабар додаанд. Мутобиқи ин гузоришҳо, созмонҳои имдодрасонӣ эълом кардаанд, бо маҳдудиятҳое барои кӯмакрасонӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Мусалмонони Руҳингиё мегӯянд, онҳо пас аз иқдомоти артиш ва нерӯҳои амниятии Миёнмор барои куштори васеъи мусалмонон ,аз ин кишвар гурехта ва ба Банглодеш паноҳ овардаанд.

Нерӯҳои горди марзии Банглодеш панҷшанбеи гузашта ҷасади 20 зану кӯдаки руҳингиёиро пас аз ғарқ шудани қоиқи онҳо аз об гирифтанд.

Маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ боиси бознигарии артиши Миёнмор дар сиёсатҳои худ дар қиболи ҷамъияти ақаллияти мусалмон нашудааст. Женерол Мин Оунг Ҳлоинг (Min Aung Hlaing), фармондеҳи артиши Миёнмор, дар изҳороте, куштори мусалмононро “кори нотамом ва бозмонда аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум” тавсиф кардааст.

Вай, ки дар пойтахти Миёнмор сӯҳбат мекард, гуфт, ки артиш дар ҳоли анҷоми вазифаи миҳанпарастонааш барои ҳифзи марзҳо ва ҷилавгирӣ аз иқдоми “шӯришиҳои Руҳингиё” барои эҷоди як сарзамини мустақил дар устони шимолии Рохин аст.

Рӯзнома Wall Street Journal навиштааст: “Ишораи фармондеҳи кулли артиши Миёнмор ба хушунатҳои ҷамъӣ дар ин минтақа дар соли 1942 аст. Дар он замон, аъзои қабилаи Руҳингиё бо будоиҳо дар устони Рохин даргир шуданд. Даҳҳо ҳазор нафар дар он замон кушта шуданд.”

Женерол Мин Оунг Ҳлоинг гуфт: “Иҷоза нахоҳем дод ин иттифоқи ваҳшатнок дубора рух бидиҳад.”

Баъд аз истиқлоли Миёнмор аз Ангилис, давлати ин кишвар аз эътои шаҳрвандӣ ба аъзои Руҳингиё худдорӣ кард ва муддаӣ шуд, ки онҳо муҳоҷирони ғайриқонунии Банглодеш ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: