“Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”

Ёддошти Сайидрасули Мӯсавӣ, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон

Бо шурӯи ҷанги дохилӣ, ки дар бораи решаҳои шаклгирии он ҳанӯз дар муҳити ором, илмӣ ва ғайрисиёсӣ баҳсе сурат нагирифта ва иҷоза дода нашудааст, то илали воқеии ҷанги дохилии Тоҷикистон шикофта шавад, мутаассифона наҳзати бозгашт ба ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон зарбаи шадиде хӯрд ва муҷаддадан фарҳанг ва ҳунару адаби тоҷикӣ гирифтори сиёсат ва тафсири якҷонибаи қудрати сиёсӣ гардид. Ва он чи имрӯз шоҳидем, идомаи ҳамин раванди осебдида аз ҷанги дохилист, ки ба шиддат сиёсатзада аст ва ҳар мавзӯъ ва баҳси фарҳангӣ, таърихӣ ва адабиро сирфан аз нигоҳи сиёсӣ тафсир ва таҳлил мекунад, ва мутмаиннан ҳамин ёддоштро ҳам навиштае сиёсӣ хоҳад дид ва посухе фарҳангӣ ба он нахоҳад дод.

* * *

Ҷои нигаронӣ нест, тоҷикон ҳофизи дин ва таъриху фарҳанги хешанд. Ин рӯзҳо ахбори бархе мусавваботи порлумон ва дастуроти мароҷеи иҷроии Тоҷикистон дар хусуси русуму одот ва маросиму рафторҳои иҷтимоӣ ва фардии мардуми Тоҷикистон — аз тарзи либос пӯшидан то наҳваи баргузории ҷашнҳо ва аъёди миллӣ ва динӣ — нигарониҳоеро дар байни алоқамандон ба густариши равобит байни Эрон ва Тоҷикистон хусусан дар арсаи иртибототи мардумӣ эҷод кардааст. Наҳваи инъикоси ахбор ба гунаест, ки эрониён тасаввур мекунанд деворҳои ҷудоӣ муҷаддадан дар ҳоли барафрозӣ ҳастанд ва ин нигарониҳо дар байни эрониёне, ки дар арсаҳои фарҳанг ва ҳунару адаб фаъол ҳастанд бештар аст.

Яке аз бузургони тоҷик барои ман нақл мекард, ки дар даврони кумунистҳо амал ба дастуроти динӣ ҷурм маҳсуб мешуд ва яке аз вазоифи асосии давлатҳо муқобилаи ҷиддӣ ва асосӣ бо ҳар гуна бовар ва эътиқоди динӣ буд. Ва ин муқобила бо боварҳои динӣ ба иқдомоти салбӣ ба ин маънӣ, ки давлат бединон ё динситезонро дар дастгоҳҳои иҷроӣ ба истихдом гирад маҳдуд намешуд, балки асосан давлат вазифаи худ медонист, ки на танҳо дар муқобили боварҳои динӣ бетафовут набошад, балки ҳар гуна бовари динӣ ва эътиқод ба суннатҳои тоҷикиро бо қудрат саркӯб намояд. Яке аз ин барномаҳо саркӯб ва мубориза бо рӯзадорӣ дар мадорис буд. Барои ҳамин манзур дар моҳи Рамазон дар канори дари вурудии килосҳо зарфи обе мегузоштанд, то донишомӯзон қабл аз вуруд ба килоси дарс, ҷуръае об бинӯшанд. Аммо ин донишомӯзон ҷуръаи обро дар даҳон нигаҳ дошта ва баъд обро берун мерехтанд. Барои муқобила бо ин кор, дастур дода шуд, то ҳар кас баъд аз нӯшидани об даҳонашро баста нигоҳ дорад, бо мушт бар шиками ӯ бикӯбанд, то ҳатман об қурт дода шавад. Ин кор сурат гирифт, вале давлатиҳо намедонистанд, ки иҷбор дар хӯрдан ва ошомидан рӯзаро ботил намекунад ва донишомӯзон мушт дар шикамро мехӯрданд, то рӯзаи худро ҳифз кунанд.

Мубориза бо хатти ниёгон, ки ҳамон хатти форсии муштараки мо ва тоҷикон аст, бахши дигаре аз муборизаи кумунистҳо бо фарҳангу адаб ва сунани тоҷикон буд. Кумунистҳо бо номгузории ғалати хатти ниёгон ба номи хатти арабӣ муборизаи шадидеро ба номи тағйири хатт, алайҳи мероси бузурги тоҷикон оғоз карданд ва ҳазорон нусха аз китобҳои арзишманди тоҷиконро, ки насл андар насл тоҷикони фарҳангдӯст ҳифз карда буданд, ба оташ кашиданд ва ё ба рӯдхонаҳо рехтанд, вале тоҷикон борҳо ба баҳои зиндон рафтан ва ҳатто кушта шудан мероси таърихии худро дар лобалои деворҳо ва сутунҳои сохтмонҳо ҳифз карданд ва ба тақвияти фарҳанги шифоҳӣ ва ҳифз кардани ашъори фаровон аз бузургони фарҳангу адаби форсӣ — аз Рӯдакӣ ва Ҳофиз ва Саъдӣ ва Носири Хусрав ва дигар саромадони фарҳангу адаби муштараки Эрон ва Тоҷикистон — пардохтанд ва то он ҷо, ки тавонистанд, иҷоза надоданд инқитоъи таърихӣ дар фарҳангу адаби тоҷикӣ ба вуҷуд ояд.

Мисолҳои таърихии фаровонро метавон баршумурд, ки тамоман гӯёи ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон ҳунари ҳифзи фарҳанг ва ҳунару адаби худро дар ҳамаи мақотеъи таърихӣ — аз юриши муғулон то иқдомоти барномарезишудаи кумунистҳо -ро бо ҳуши саршор ва дирояти зотии худ ҳифз карданд ва бо вазидани аввалин насими озодӣ дар даврони Горбачев, бо суръат ҳар он чиро, ки аз онон дареғ дошта мешуд, эҳё карданд ва бо фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, эҳёи суннатҳои динӣ, таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон ба авҷи худ расид.

Бо шурӯи ҷанги дохилӣ, ки дар бораи решаҳои шаклгирии он ҳанӯз дар муҳити ором, илмӣ ва ғайрисиёсӣ баҳсе сурат нагирифта ва иҷоза дода нашудааст, то илали воқеии ҷанги дохилии Тоҷикистон шикофта шавад, мутаассифона наҳзати бозгашт ба ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон зарбаи шадиде хӯрд ва муҷаддадан фарҳанг ва ҳунару адаби тоҷикӣ гирифтори сиёсат ва тафсири якҷонибаи қудрати сиёсӣ гардид. Ва он чи имрӯз шоҳидем, идомаи ҳамин раванди осебдида аз ҷанги дохилист, ки ба шиддат сиёсатзада аст ва ҳар мавзӯъ ва баҳси фарҳангӣ, таърихӣ ва адабиро сирфан аз нигоҳи сиёсӣ тафсир ва таҳлил мекунад, ва мутмаиннан ҳамин ёддоштро ҳам навиштае сиёсӣ хоҳад дид ва посухе фарҳангӣ ба он нахоҳад дод.

Алоқаи мутақобили эрониён ба Тоҷикистон ва тоҷикон, алоқае фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ аст. Ва ин алоқа мақулае кайфӣ аст, ки бо меъёрҳои каммӣ, ки дар иқтисод вуҷуд дорад ва равобити иқтисодӣ бо онҳо санҷида мешавад мутафовит аст. Ва ҳамин мавзӯъ боис шудааст, ки дар ҳар ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон алоқамандон ба фарҳанг ва таъриху тамаддуни муштарак аз шароити ҳозир эҳсоси нигаронӣ кунанд ва баъзан изҳори назароте дошта бошанд, ки бо воқеиятҳои ҷорӣ мутафовит аст.

Марҳум Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии кишварамон, ҳамеша бо ёдоварии ин масали тоҷикӣ, ки “Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”, талош мекард бо нигоҳ ба оянда мушкилот ва мавонеъи мавҷуд дар ҳамгароии фарҳангӣ ва тамаддунии Эрон ва Тоҷикистонро дар бистари фарҳангӣ ва ғайрисиёсӣ роҳгушоӣ намояд. Эшон дар чанд навбат бо таъкид ба инҷониб изҳор медошт, ки: “Ҳеч кишваре барои Эрон ва ҳеч кишваре барои Тоҷикистон наметавонад дӯсте бошад, ки онҳоро дар таърих ба ҳам пайванд занад.”

Ва дар поён бояд гуфт, ки вақте алорағми тамоми талошҳои барномарезишудаи ҳафтодсолаи кумунистҳо тоҷикон тавонистанд дину фарҳанг ва ҳунару адаби худро ҳифз кунанд ва дар шукуфоии истиқлоли худ фарҳехтгоне чун Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муҳаммад Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Камол Айнӣ, Равшан Раҳмонӣ, Додихудо Саймуддин, Мирзо Муллоаҳмад, Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ ва даҳҳо фарҳехтаи дигарро ба фарҳанг ва тамаддуни муштаракамон ҳадия намоянд, ҷои нигаронӣ нест, ки ин фарозҳои мақтаъиро ҳам қуқнусвор тай хоҳанд намуд ва дар фардои беҳтар аз имрӯз шоҳиди ҳамгароии ҳарчи бештари Эрон ва Тоҷикистон хоҳем буд.

Khabaronline



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: