Биё аз нав ба худ оем

Домулло Абдуррашиди Фозил, шоир ва орифи тоҷик, дар шеъре таҳти унвони “Биё аз нав ба худ оем”, парокандагии уммати исломӣ ва зулму ситамҳое, ки ин рӯзҳо бар сари ӯ фуруд меояд, ба тасвир кашида.

Ӯ менависад:

Дар Бирма мусулмонкушӣ мекунанд чунон ки мусулмонон ва мардуби бечораро дар Ироқу Сурияву Фаластину Афғонистону дигар нуқоти олам қатл мекунаду ғорату бардаву канизак, дар зери ниқоби дин душманони кулли адёни башарӣ ва дар ҳақиқат душманони
тамоми башар.

* * *

Яке дар Бирма моро мекушад, дигар

Бибуррад дар Ироқу Шом ҳар дам сар.

Авал гӯяд, ки аз Буддо хабар дорад,

Дигар гӯяд, ки ин дастури Қуръон асту Пайғамбар (с).

Дар онҷо коҳине, ки дар дилаш Иблис биншаста

Дар инҷо шайхи дил бар Аҳриман баста

Зи фарзандони Одам зидди Одам лашкаре созанд

Ба ҷони ҳамдигар моро бияндозанд.

Нигар таърихро бо дидаи инсоф,

Ки аз Қобил чунин ноқобилӣ сар зад

Бародар санг бар фарқи бародар зад.

Нигар бо дидаи инсоф

Ба номи Ҳақ чиҳо карданд ботилҳо?!

Сари моро ҷудо карданд қотилҳо.

Башар дар хоби ғафлат,

бехабар аз хештан то ҳол.

Ҷаҳон гардида аз зулму ситам имруз моломол.

Яке Қуръон ба дасту дигаре Инҷилро дорад

Яке бо номи Буддо сар зи тан моро бибардорад.

Нигар таърихро бо дидаи инсоф,

Ки Чингиз бо мусулмонҳо чиҳо мекард

Ва Темур ҳам чу ӯ бас нораво мекард.

Ва ҳарду ҳам ба номи дину оине чунин карданд

Ба номи Ҳақ ҷиноят дар замин карданд.

Вале Асҳоби Пайғамбар (с) ба сурат мисли мо буданд

Ба маъно беҳтару пур аз Худо буданд.

Ҳама пирӯз бар нафси палиди хеш,

Ки болотар зи кулли авлиё буданд

Муҳаммад (с) дар дилу дар дидашон ҷо буд

Вуҷуди покашон саршори маъно буд.

Ҷиноят сар назад аз он азизони Худо ҳаргиз

Набуд андар дили онон ба ҷуз Ҳақ муддаъо ҳаргиз

Худо шоҳид, ки ҳар як “раҳматун лил оламин” буданд

Биё, аз нав ба худ оему бишносем Аҳмадро

Кунем улгуи худ дар зиндагӣ ҳар як Муҳаммадро

Ба зидди деви нафси хештан шамшер бардорем

Даруни хештанро тираву зулмонӣ нагзорем

Канем аз синаи худ решаи зуму ситамро мо,

Ки дигар аз миёни мо

Нагардад золиме пайдо

Ва золимҳои оламро саросар сарнагун созем

Намонад ҳеч мазлуме зи насли Одаму Ҳавво

* * *

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Забон ва адабиёт, Ҷаҳони ислом, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: