Гузориши такондиҳандаи рӯзномаи Индепентент дар бораи наслкушӣ дар Миёнмор (тасовир)

Рӯзномаи Independent бо ишора ба наслкушии мусалмонон дар Миёнмор, гузориш дод, ки низомиён ва шибҳинизомиёни ин кишвар теъдодеро зинда сӯзонда ва ё сари онҳоро аз бадан ҷудо кардаанд.

Рӯзномаи Independent дар гузорише дар бораи наслкушии мусалмонон дар Миёнмор ба дасти нерӯҳои низомии Миёнмор ва будоиёни тундрав навишт: “Бар асоси изҳороти шоҳидони айнӣ, кӯдакони Руҳингиё тавассути нерӯҳои низомӣ ва шибҳинизомиёни будоӣ дар Миёнмор сарашон бурида шуда ва теъдоде низ ба сурати зинда сӯзонда шудаанд.”

Бар асоси ин гузориш, низомиён ва шибҳинизомиёни миёнморӣ муртакиби наслкушӣ алайҳи мусалмонон ва ё қатли омми онон шудаанд.

Тайи як ҳафтаи гузашта беш аз 60 ҳазор нафар аз Руҳингиё ба далели даргириҳо ба самти марзи Банглодеш фирор карда ва овора ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки давлати Банглодеш низ марзҳоро баста ва мегӯяд, ки зарфияти мизбонӣ аз ин теъдод паноҳҷӯро надорад.

Бурис Ҷонсун, вазири хориҷаи Бритониё, хостори поёни хушунатҳо шуда ва гуфтааст, ки рафтор бо мусалмонони Руҳингиё лаккаи нанге барои Миёнмор маҳсуб мешавад.

Вай аз давлати ин кишвар ва ҳамчунин Он Сон Су Ҷӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел хоста, ки дар ин замина вориди амал шаванд.

Раҷаб Тайб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия низ пеш аз ин бо наслкушӣ хондани иқдомот дар Миёнмор гуфта буд, ки иддае чашмони худро бар рӯи куштори мусалмонон дар Миёнмор бастаанд.

Ренту Морсудӣ, вазири хориҷаи Андунезӣ барои гуфтугӯ бо мақомоти Миёнмор ба ин кишвар сафар карда, то аз давлати Миёнмор бихоҳад, хушунатҳо алайҳи мусалмононро мутаваққиф кунанд.

Давлати Миёнмор муддаӣ аст, ки теъдоде аз нерӯҳои низомӣ низ кушта шудаанд, аммо афроде, ки дар ҳоли фирор буданд, аз хушунати ваҳшатноки сарбозони артиши Миёнмор ва дигар гурӯҳҳои шибҳинизомӣ сухан мегӯянд.

Абдурраҳмони 41-сола ба як муассисаи хайрия, ки онҷо хадамот ироа медиҳад, гуфта, ки ман аз як ҳамлаи 5-соата ба рустои Чут Пин зинда мондам ва фирор кардам.

Вай афзуд: “Як гурӯҳ аз мардони Руҳингиёро дар як кулбаи чӯбӣ ҷамъ карда ва сипас оташ заданд. Бародарам дар миёни онҳо буд ва кушта шуд.”

Вай ҳамчунин гуфт: “Дигар аъзои хонаводаамро дар заминҳои атроф пайдо кардам. Рӯи баданашон ҷои гулӯла ва буридагӣ буд. Дуто аз бародарзодаҳоям бидуни сар буданд.”

Султон Аҳмади 27-сола низ мегӯяд: “Баъзе аз аҷсодро бидуни сар дидам. Мо дар хона пинҳон шуда будем ва вақте ки афроди мусаллаҳи рустои бағалӣ дар ҳоли буридани сари мардум буданд, мо аз ҳаёти пушт фирор кардем.”

Баъзе аз афроди дигар низ, ки аз рустоҳои дигар зинда мондаанд мегӯянд, ки шоҳиди бурида шудани сари баъзеҳо будаанд.

Тасовири моҳвораӣ, ки Дидабони ҳуқуқи башар мунташир карда нишон медод, ки танҳо дар як русто 700 хона ба оташ кашида шуда ва ба хокистар табдил шудааст.

Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ниёз аст нозирони мустақил ба сурати ҳузурӣ дар минтақа ҳузур ёбанд, чаро ки мӯътақид аст сатҳи тахриб эҳтимолан беш аз он чизе аст, ки дар тасовири моҳвораӣ дида мешавад.

Мусалмонони Руҳингиё, ки ҷамъияте як милюн нафариро дар Миёнмор ташкил медиҳанд, дар устони Рохин дар ғарби Миёнмор зиндагӣ мекунанд. Ин қавм аз ҳеч як аз ҳуқуқи шаҳрвандии Миёнмор бархӯрдор нестанд, чаро ки Миёнмор онҳоро шаҳрванди ин кишвар маҳсуб намекунад ва мӯътақид аст, ки онҳо бояд ба Банглодеш бозгардонда шаванд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: