Миёнморро дарёбед!

Ёддошти Камол Қурбон

Ҷанг, бар мусалмонон бор карда шуда буд ва ҳамакнун низ таҳмил шудааст. Саросари сездаҳ сол мӯъминон дар Макка шиканҷа мешуданд, кушта мегардиданд, аммо фармони илоҳӣ “шикебо бош”, “даст боздоред (ва ҷанг накунед)” буд, то ин ки маҷбур ба тарк кардани хонумон, хонаву кошона ва меҳанашон шуданд. Ва саранҷом рухсат дода шуд, то аз худ дифоъ бикунанд:

Бо касоне, ки бо ишон ҷанг мешавад (яъне, бо мӯъминон) иҷоза(-и дифоъ аз хештан ва ситез бо ҳамлаварон) дода шуд, зеро онон зулм карда шуданд ва бешакк, Аллоҳ бар нусрат доданашон Тавоност. Ҳамон касоне, ки ба ноҳаққ аз диёрашон берун ронда шуданд ба он сабаб, ки мегуфтанд, “Парвардигори мо Аллоҳ аст”… (Ҳаҷҷ 39-40)

Бояд ба ғайримусалмононе, ки аз шунидани вожаи “ҷиҳод” ба ваҳшат меуфтанд, эълом бидорам, ки инҳо нахустин ояҳо дар бораи ҷиҳод мебошанд ва бибинед, аз он ҷо рухсати ҷанг ба мӯъминон дода шудааст, ки онон аз андоза берун мавриди зулм қарор гирифтанд ва низ дар ин оя ишора ҳаст, ки бояд мусулмонон дар дифоъ аз худ додгарӣ бикунанд ва аз ситам бипарҳезанд.

“Ҷиҳод” ба маънои истодан дар муқобили шарр аст, на ба маънои истодан дар канори он. Ҳамеша мушрикон оғозгари ҷанг будаанд, на Паёмбар Муҳаммад (с).

Расулуллоҳ (с) дар сулҳи Ҳудайбия бо раҳнамуди Парвардигораш шартҳоеро аз ишон пазируфта буд, ки шуморе аз бузургони саҳоба пазириши онҳоро мояи нанг ва пастӣ мешумурданд. Ӯ (с) бо паймонашон ба беҳтарин ваҷҳи мумкин ва бо диққати ҳар чи бештар вафо кард, аммо онон ба ъаҳди хеш вафо накарданд ва паймони худро риъоя нанамуданд ва пас аз ду сол дар нахустин фурсате, ки даст дод, хилофи ваъда карданд.

Ҳамчунин, ин мушрикон буданд, ки дар Макка оҳанги он карданд, ки Паёмбар (с)-ро берун бикунанд ва саранҷом ройи ишон бар ин қарор гирифт, ки Ӯро бикушанд. Ин ройи золимона дар Байтуллоҳи Ҳаром гирифта шуд, дар он ҷое, ки қотил бар ҷону моли худ эмин буд, то он ҷое, ки агар касе ба қотили падар, ё бародари хеш дар Байтуллоҳи Ҳаром мерасид, камтарин зиёне ба ӯ намерасонид. Аммо бо Муҳаммад (с), ки фарохонаш ба парастиши Яздони Ягона буд, ин хислатро риъоя нанамуданд ва ҳаққи зиндагиро аз Ӯ (с) гирифтанӣ шуданд, бидуни ин ки онро нангу ъор ва гуноҳ бидонанд! Коре, ки мехостанд бо Паёмбар(с) анҷом бидиҳанд, онро ҳатто бо душманони хунии худ анҷом намедоданд.

Ҳамчунин, ин мушрикон буданд, ки тасмим гирифтанд, дар Мадина бо мусалмонон биҷанганд ва ба набард бипардозанд. Ҳамонҳо ҳам буданд, ки бо роҳбарии Абӯҷаҳл пофишорӣ мекарданд, ки бо мусалмонон рӯбарӯ бишаванд, пас аз он, ки корвоне, ки барои наҷоти он берун омада буданд, наҷот пайдо карда буд ва дар дастрас намонда буд.

Гузашта аз инҳо ин мушрикон буданд, ки дар Уҳуд ва Хандақ ҷангро оғозиданд ва ҳамчунин дар Ҳунайн бар зидди мусалмонон ҳамоиш карда ва гирд омада буданд.

Ҳамаи инҳо рухдодҳое буданд, ки ин фармудаҳои Аллоҳи Мутаъолро баён мекунанд:

Пайваста бо шумо хоҳанд ҷангид, то агар битавонанд, шуморо аз ойинатон баргардонанд…” (Бақара 218)

Ва онон нахустин бор ҷангро бо шумо оғоз карданд…” (Тавба 13)

Мавзеъгирии мушрикон дар баробари ислом аз замонҳои бас пешин чунин буд, ки ишон дар бораи мусалмонон ҳаққу ҳурматеро муроъот накардаанд. Онҳо бо Нӯҳ (ъ), Ҳуд (ъ), Солеҳ (ъ), Иброҳим (ъ), Шуъайб (ъ), Мӯсо (ъ), Исо (ъ), Муҳаммад (с) ва мӯъминон бад онон дар замони худашон чӣ карданд?

Мушрикони тотор ва муғул нисбат ба мусалмонон чӣ кор карданд? Оё он симое аз воқеъиятҳои торихӣ, ки дар он мушрикон бар мусалмонон чираманд шуданд ва ҳаққу ҳурматеро дар бораи ишон муроъот нанамуданд, танҳо симое будааст, ки дар торихи дур ва гузаштаҳои фурӯрафта дар дили торикиҳо рӯй додааст ва танҳо ба тоторҳо ва муғулҳо дар он замон ихтисос доштааст ва дигар ҳеч?

Ҳаргиз! Ҳаргиз! Симоҳои воқеъияти торихи навин бо ин симоҳо ихтилофе надоранд! Аз ҳашт миллиюн муҳоҷири мусалмон, ки аз Ҳинд бар асари тохтутози ваҳшиёнаи ҳиндиҳо бар мусалмонони барҷой монда дар Ҳинд роҳии Покистон мешуданд, танҳо се миллиюн нафар ба атрофи Покистон мерасанд. Панҷ миллиюнро ҳамчун гӯсфандон дар тӯли роҳ сар буриданд ва лошаи ишонро пас аз мусла кардан ба бадтарин ваҷҳ барои паррандагону даррандагон дар ин ҷову он ҷо раҳо карданд. Қитореро, ки панҷоҳ ҳазор кормандони мусалмони идораҳоро мебурд, дар даруни нақбе, ки “Гузаргоҳи Хайбар” мегуфтанд, дастаи низомиёни ҳиндӣ нигоҳ доштанд ва иҷозаи гузаштан надоданд, то панҷоҳ ҳазор корманд табдил ба гӯшту хун шуданд.

Пас, кучактарин шакке дар фармудаи фархуҷастаи Аллоҳи Ъалим нест, ки мегӯяд:

Чӣ гуна? Ва агар бар шумо пирӯз бишаванд, на хешовандиро дар назар мегиранд ва на ъаҳдеро муроъот медоранд…” (Тавба 8 ва монанди ин дар ояи даҳуми ҳамин сура низ омадааст)

Инчунин кушторгоҳҳое ҳамеша ва ҳамеша ба шаклҳои гуногун ва дар ҷойҳои пароканда такрор мегардад!

Гузашта аз ин ҷонишини тоторҳо ва муғулҳо дар Чини кумунистӣ ва Русияи кумунистӣ дар ҳаққи мусалмонони ин ҷойҳо чӣ корҳо карданд? Дар муддати чаҳоряк садсола бисту шаш миллиюн нафар аз мусалмонони ин сарзаминҳоро нобуд ва сар ба нест карданд! Яъне, тақрибан ҳар сол дар ҳудуди як миллиюн нафарро куштанд! Югославиёи кумунистӣ бештар аз миллиюн мусалмонро нобуд кардааст. Мардону занони мусалмонро ба ин “гуноҳ”, ки “Рабби мо танҳо Аллоҳ аст” мегуфтанд, дар дастгоҳҳое, ки барои таҳийяи ҳасиб (колбос) ба кор меравад, фурӯ меандохтанд, то аз қисмати дигар ба шакли хамире аз гӯшту устухону хун берун биёянд.

Ин зиштиву пилиштиҳо ҳам инак дар ин замон идома доранд. Кушту кушторҳои будоиҳои Миёнмор нобакориҳои муғулро зери соя қарор дода ва фошистони ҳитлериро рӯсафед карда ва мардумхории доъиширо аз зеҳнҳо пок намудааст. Ҷавонзани будоӣ тифли маъсӯми шашмоҳаро ба ин «ҷурм», ки аз падару модари мусалмон ба дунё омадааст, рӯи хок мегузорад ва бо пӯзханди нозебо болояш баромада, мекушадаш ва буланд-буланд механдад. Аз кӯдаки яксола ба унвони тӯби футбол кор мегиранд. Мусалмон мекӯшанд ҳамчунон ки гӯсфанд забҳ мекунанд. Оташ мезананд, дасту по мебуранд, дилу ҷигар медаронанд, сар аз тан ҷудо мекунанд ва ин ҷову он ҷо мепарокананд ва аз ҳеч даррандахӯӣ дареғ намеварзанд. Ба ҷиноятҳои зиддиинсоние, ки мусалмон нашунаваду кофир набинад, даст мезананд, ҷиноёте, ки инсонро сахт такон медиҳанд ва танро аз шиддати ғазаб меларзонанд ва чашмро ашкборон месозанд ва мағзи устухонро месӯзонанд. Ин ҷо сухан аз куштани тифлони бегуноҳ аст. Ин ҷо ҷонварони дарранда кӯдаконро бо сангдилии гӯшношунид мекушанд. Яке мекушаду дигаре ҷоиза медиҳад ва сеюмӣ мудофеъи ҳуқуқи башар мешавад ва дигаре пуштибонӣ мекунад ва панҷумӣ бо хомӯшӣ ризоятмандиашро менамоёнад ва дигаре қазияро кӯчак ҷилва медиҳад.

Ашковар аст, ба Худо! Чӣ андоза гарон ва натобиданӣ мебошад, ки тифли бегуноҳе бо дасти даррандахӯе, инсонсурати ҳайвонсирате бо сангдилии гӯшношунид кушта мегардад.

Эй мардумон! Эй сардамдорони Арабу Аҷам! Эй Абудунёҳо! Миёнморро дарёбед, охир!

“Аммо” дар кор наоваред! Ин ҳамон ҷиҳодест, ки ислом бад он фармон медиҳад ва писандидааш мешуморад ва дар баробари он аҷру подош медиҳад ва касонеро, ки дар он кушта мешаванд, шаҳид медонад ва ононеро, ки ранҷу машаққати онро мебардоранд, валӣ ва дӯст мешуморад.

Аммо дар ҳаёҳуи ин кушту куштор гандидаандешатарин ва палидтарин инсонҳо касонеанд, ки мегӯянд: “Чиро дар ғами Миёнмор мондаӣ?” Агар инсон бошем, чунин ҷиноятҳои бераҳмонаро дар муқобили ҳеч яке аз одамиён наметавонем, бибинем, чи он ситамкаш яҳудӣ бошаду чи насронӣ ва чи зартуштӣ бошаду чи мушрик ва ё атеист. Як бор бибинед, чи вазъияти ваҳшатноку ҷигархарош болои мусалмонон овардаанд ва чи гуна аз хуни мусалмонон ҷӯйборҳо равон сохтаанд.

Аммо ай бародару хоҳари миёнмориам! Мо бародарони шумо астем, аммо чашмбароҳи мо набошед, азизонам! Мо намеоем. Пӯзиш! Бале, мо ҳамчунинем. Мардони майдони маҷозием!

Бештар аз як миллиард бародаронатон дар хонаҳояшон низ ҷое бароятон надоранд. Шумо ҷояшонро танг мекунед, ҷои сагу бузу гӯсфандашонро мегиред. Созмони Милал ва Ҳуқуқи Кофар низ бароятон кореро, ки бояд бикунанд, намекунанд. Пас, ай бародари ситамкаши бепаноҳам! Шикебо ва устувор бош! Сар бизан ва сар бидеҳ!

Аммо Ту, эй Парвардигори ман! Маро биомурз! Аз ман даргузар! Замоне бо Ту роз мегуфтам, ки “Ай Худоям! Чиро маро дар асри Паёмбар Муҳаммад (с) ба ин ҷаҳонам наовардӣ, то бо Ӯ (с) ва саҳоба бошам ва барои динат ва Расулат ҷонамро фидо бикунам.” Мегуфтам, “кош, чаҳордаҳ садсола пеш зода мешудам, то бо ононе, ки Муҳаммад (с)-ро озурданд ва ишкамбаи пур аз наҷосати шутурро дар ҳоли саҷда бар гарданаш ниҳоданд ва ҷодугару девонааш хонданд ва аз Маккааш ронданд ва қатлашро хостанд, рӯёрӯӣ ва набард бикунам.

Аммо ҳаминак шукрона мекунам, ки дар он вақт набудам. Ва агар он ҳангом мебудам, бо ин сустимониву буздилӣ шояд аз бими шиканҷаи абӯҷаҳлиён ман низ Расулатро, Беҳтарин Махлӯқатро меозурдам. Паноҳ мебарам ба Ту! Ҳеч боварам намеояд, ки агар бандагони имрӯзаат дар он замон мебуданд, ошкору абӯзарвор “Ла илаҳа иллаллоҳ” мегуфтанду аз ойину Паёмбарат (с) пуштибонӣ менамуданд. Боз ҳам бешумор шукргузоратам, ки он замонам наофаридӣ… Ту Ҳакими Мутлақӣ!

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: