Номи раҳбари мухолифони Ӯзбакистон аз феҳристи Интерпол ҳазф шуд

Номи Муҳаммад Солеҳ, раҳбари мухолифони ҳукумати Ӯзабистон ва номзади риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 1991 ва рақиби Ислом Каримов, аз листи афроди таҳти таъқиби Пулиси байналмилал (Интерпол) ҳазф шудааст.

Ба гузориши ВВС ӯзбакӣ, Муҳаммад Солеҳ дар хусуси далели ин амр гуфтааст, номи вай ва низ бародараш, аз феҳристи афроди таҳти таъқиби ҳукумати Ӯзабкистон низ ҳафз шуда.

Вай, ки дар ҳоли ҳозир дар Туркия ба сар мебарад, дар гуфтугӯ бо ВВС гуфтааст: “Номи мо аз листи Интрепол ҳазф гардида. Дар ҳоли ҳозир вакили мудофеи ман машғули пайгирии ин кор аст.”

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ, бародари ӯ, ки аз 18 сол то ин замон дар зиндон ба сар мебурд, озод гардид.

Муҳаммад Солеҳ, яке аз поягузорони ҷунбиши мардумии “Бирлик” аст ва соли 1990 ҳизби “Эрк”-ро таъсис додааст.

Вай дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 1991 Ӯзбакистон рақиби Ислом Каримов буд ва тибқи эълони расмии ҳукумат дар он замон, 12.7 дарсади ороро касб намудааст, ҳарчанд худаш мӯътақид аст, ки дар интихоботи он сол тақаллуб сурат гирифтааст.

Ӯ солҳост дар Туркия ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад.

Гуфтанист, ахиран Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, ин кишвар 16 ҳазор нафарро аз феҳристи амниятии ифротгароёни мазҳабӣ хориҷ кардааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ҳамвора Ӯзбакистонро ба саркӯби эътирозҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ муттаҳам кардаанд.

Мирзиёев гуфт: “Дар маҷмӯъ 17 ҳазор нафар аз афроди муртабит бо равандҳои мазҳабӣ дар ин феҳрист буданд. Пас аз сӯҳбат бо онҳо, 16 ҳазор нафарро аз ин феҳрист хориҷ кардем.

Ба гуфтаи Мирзиёев, ки барои уламои динӣ ва мақомот ба муносибати Иди Қурбон сухан мегуфт ва аз телевизиюни давлатии Ӯзбакистон пахш шуд, “9500 нафар аз касоне, ки аз ин феҳрист хориҷ шудаанд, машғул ба кор шудаанд.”



Рубрики:Машоҳир, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: