Пешниҳоди Ҷон Болтон ба Тромп барои роҳандозии ҷанги дохилӣ дар Эрон

Намояндаи собиқи Омрико дар Созмони Милал, дар бахше аз тарҳи пешниҳодии худ барои хориҷ кардани Омрико аз тавофуқи ҳастаӣ, хостори роҳандозии ҷанги дохилӣ дар Эрон шудааст.

Ҷон Болтон, намояндаи собиқи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид, дар тарҳи пешниҳодии худ ба Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико барои хориҷ кардани Вошингтун аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, вайро ба роҳандозии ҷанги дохилии қавмӣ дар ин кишвар даъват кардааст.

Рӯзнома Huffingtonpost дар ин бора навиштааст: “Ҷунун вожаест, ки ҳангоми сухан гуфтан дар бораи Ҷон Болтон ба зеҳн хутур мекунад. Ӯ, ки дар роҳ андохтани ҷанги фоҷеабор дар Ироқ нақш дошт, як бори дигар бобати интишори тарҳе барои куштани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва роҳандозии ҷанги қавмӣ дар ин кишвар, дар садри ахбор қарор гирифтааст.”

Ин рӯзнома навиштааст: “Болтон бо таваҷҷӯҳ ба адами дастрасиаш ба раисиҷумҳур, талош кард тавсияҳояшро ба расонаҳо ироа кунад, ба ин умед, ки битавонад таваҷҷӯҳи Тромпро ҷалб кунад. Тавсияаш чист? Инки Омрико махфиёна бо кишварҳои “муттаҳиди” худаш мисли Саудӣ барои таъмини молии гурӯҳҳои теруристӣ ва роҳандозии ҷанги дохилӣ дар Эрон тавтиъачинӣ кунад. Ва баъд, тамоми сарзаминҳои Эрон аз тариқи ноибони теруристӣ ва кишварҳои фурӯпошида контрол шаванд, аз судури визо барои тамоми эрониҳо худдорӣ шавад ва дар ниҳоят давлати Эрон муваззаф ба пардохти ғаромат бобати ҳаводиси 11 сентябр шавад.”

Huffingtonpost изофа карда, Болтон дар ин тарҳ ҳамчунин Омрикоро ба роҳандозии хунрезӣ бар асоси тафриқаҳои қавмӣ-мазҳабӣ ҳамонанди он чи дар Сурия рух медиҳад тарғиб кардааст. Вай, ба илова, аз давлати Омрико хоста “судури визо барои тамомии эрониҳо аз ҷумла пажӯҳишгарон, донишҷӯён, варзишкорон ва барои соири анвоъи табодулот”-ро мутаваққиф кунад.

Болтон ба илова дар бахши дигаре аз тарҳи чаҳорбандии худ, хостори муваззаф кардани Эрон ба пардохти ғаромат ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи 11 сентябри 2001 шудааст.

Ин рӯзномаи омрикоӣ навиштааст: “Дарки ин ки чаро Болтон то ин андоза ташнаи ҷанг аст, душвор аст. Ба ҳар ҳол, Эрон алорағми пешбиниҳои муҳофизакорони тундрав, ба мафоди тавофуқи ҳастаӣ поибанд будааст.”

Ишораи рӯзномаи Huffingtonpost ба тарҳе аст, ки Ҷон Болтон ҳафтаи гузашта барои хориҷ кардани Омрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, ба Дунолд Тромп ироа кард. Мавориде, ки дар боло зикр шудаанд, бахше аз пешниҳодҳои Болтон ба унвони роҳкорҳои ҷойгузини тавофуқи ҳастаӣ ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: