Арабистон: “Ба ҳамлаи расонаии худ алайҳи Эрон идома хоҳем дод”

Мушовири девони салтанатии Арабистони Саудӣ бо такзиби хабари манъи расонаҳои саудӣ аз интиқод ва ҳамла ба Эрон, онро “шойъеаи қатариҳо” тавсиф кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии Аларабия, Сауд ал-Қаҳтонӣ, мушовири девони салтанатии Арабистони Саудӣ, дар сафҳаи твтиттери худ, манъи расонаҳои саудӣ аз интиқод ва ҳамла ба Эронро қавиян такзиб кард.

Бино бар эъломи сойти ин шабакаи хабарӣ, ал-Қаҳтонӣ дар чандин ёддошт дар Твиттер муддаӣ шуд, ки давлатмардони Қатар бо ишоъаи чунин шойеъоте талош доранд, то равобити худ бо Эронро тавҷеҳ кунанд.

Рӯзномаи фароминтақаии Раъюл-явм, рӯзи душанбе (дирӯз) ба нақл аз манобеи баландпояи Арабистон навишт, ки ба дастури мушовири девони салтанатии Арабистони Саудӣ, ҳеч кадом аз расонаҳо набояд мутаъарризи Эрон ва шиъаён шаванд ва ин дастур дар тамоми матбуот, фазои маҷозӣ ва шабакаҳои телевизиюнӣ қарор аст иҷро шавад.

Аларабия (шабакаи вобаста ба хонадони Оли Сауд) ҳамзамон, ки ин хабарро пӯшиш додааст, ду хабари дигар алайҳи Эрон дар сафҳаи нахусти худ мунташир карда ва ҳар ду алайҳи Эрон ва ҳовии иттиҳомоти такрорӣ аст; амре, ки нишон медиҳад муҳтавои хабари Раъюл-явм саҳеҳ нест ва Эрон ҳамчунон мавриди ҳаҷмаи расонаҳои саудӣ аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: