Бародари Саакашвили дар Украина боздошт шуд

Михаил Саакашвили, раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон ва фармондори пешини устони Одессаи Украина гуфтааст, ки бародараш дар рӯзи 2 сентябри соли ҷорӣ дар Украина боздошт шудааст.

Бахши украинии Радиои Озодӣ ба нақл аз сафҳаи Фейсбуки Саакашвили навишта, ки маъмурони пулис шанбе бародарашро дар наздикии хонааш дастгир карданд. Раисиҷумҳури собиқи Гурҷистон мӯътақид аст, ки мақомоти Украина бо ин иқдом талош доранд, то назари ӯ дар мавриди бозгашт ба Киевро тағйир диҳанд.

Саакашвили дар ҳоли ҳозир дар Лаҳистон (Полша) аст ва охирҳои моҳи гузашта низ эълом кард, ки 10 сентябр ба Украина бозмегардад.

Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина дар охирҳои моҳи июл Саакашвилиро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кард. Саакашвили ин иқдоми раисиҷумҳури Украинаро маҳкум кард ва онро роҳи ғайриқонунӣ барои ҳазф кардани вай аз саҳнаи сиёсии Украина унвон кард.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки ба Саакашвили иҷозаи вуруд ба кишварро намедиҳанд ва дар сурати талош барои вуруд, асноди вайро мусодира хоҳанд кард.



Рубрики:Сиёсат

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: