Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳадафи сафари ду ҳайъати сиёсии Арабистон ба ин кишварро тавзеҳ дод

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ду ҳайъати Арабистони Саудӣ ба Эрон сафар мекунанд, гуфт: “Ҳадафи аслии сафари ҳайъати Арабистони Саудӣ боздид аз маконҳои диплумотик аст.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи ҳадаф ва замони сафари ҳайъати Арабистони Саудӣ изҳор дошт: “Ин сафар аз муддатҳо пеш байни ду кишвар матраҳ буд ва қарор шуд, ду ҳайъат аз Эрон ба Арабистон ва низ ду ҳайъат аз Арабистон ба Эрон сафар кунанд.”

Қосимӣ афзуд: “Ҳадафи аслии сафари ҳайъати Арабистони Саудӣ боздид аз маконҳои диплумотик аст ва як моҳ пеш, ҳайъати Арабистони Саудӣ раводиди худро дарёфт карданд. Ҳайъати эронӣ имрӯз раводиди худро дар ихтиёр дорад.”

Вай изҳор кард: “Таърихи дақиқе мушаххас нест, вале тасаввур мекунем, баъд аз айёми ҳаҷ ин сафар анҷом шавад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: