Исмоилхон: “Омрико тарроҳи ихтилофоти дохилӣ ва мазҳабии ахир дар Афғонистон аст”

Вазири собиқи энержӣ ва оби Афғонистон бо ишора ба истротежии ҷадиди Тромп барои ин кишвар изҳор дошт: “Омрико ихтилофоти дохилӣ ва мазҳабии ахир дар Афғонистонро тарроҳӣ кардааст.”

Муҳаммад Исмоилхон, вазири собиқи энержӣ ва оби Афғонистон ва аз фармондеҳони ҷиҳодӣ дар ғарби ин кишвар, эълом кард, ки ихтилофоти дохилӣ ва мазҳабии ахир дар ин кишвар тавассути Омрико тарроҳӣ шудааст.

Вай ба хабаргузории “Дидперсс” гуфт, ки Омрико ин ихтилофоти дохилӣ ва мазҳабиро барои касби манофеи худ дар Афғонистон тарроҳӣ ва иҷро мекунад.

Исмоилхон ҳамчунин изҳор кард, ки Арабистони Саудӣ низ дар ин замина ҳампаймони Омрикост, зеро дар эҷоди ҷанг дар соири кишварҳо нақш дорад.

Вазири собиқи энержӣ ва оби Афғонистон гуфт: “Ҷанги ҷорӣ дар Афғонистон тавассути Покистон бо ҳадафи эҷоди ҳарҷу марҷ ва ноамнӣ ташдид мешавад.”

Ин мақоми собиқи давлати Афғонистон изҳор кард, ки Покистон аз мухолифони мусаллаҳи давлати Кобул ҳимоят мекунад ва бархе аз кишварҳои минтақа низ бо Покистон дар ин замина ҳамроҳ шудаанд.

Мунтақидони сиёсӣ дар ин кишвар, ҳукумати Ашраф Ғаниро низ ба доман задани ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд.

Ахиран Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёрро ба ҳамдастӣ бо гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ва эҷоди ихтилофоти мазҳабӣ муттаҳам кард.

Бино ба гуфтаи вай, Ҳикматёр бо гурӯҳи теруристии ДОЪИШ байъат карда буд ва ахиран аз афродаш хоста буд, ки дар даргирӣ байни ДОЪИШ ва Толибон, аз ҷангҷӯёни гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ҳимоят кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: