Куреи шимолӣ: “Омрико мунтазири “ҳадоёи” бештар бошад”

Намояндаи Куреи шимолӣ дар Созмони Милал, озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаии ахири кишварашро “ҳадия” ба Омрико хонд ва гуфт: “Вошингтун бояд мунтазири дарёфти теъдоди бештаре аз онҳо бошад.”

Ҳон Тое Сонг, намояндаи Куреи шимолӣ дар Созмони Милал, дар изҳороте дар Женев гуфт, кишвараш дар сурати тадовуми иқдомоти таҳрикомези Омрико, анҷоми озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаии худро идома хоҳад дод.

Ба гузориши Express, вай гуфт: “Тадобири ахири кишвари ман барои дифоъ аз худаш, бастаи ҳадияе аст, ки сирфан барои Омрико фиристода шудаанд. Омрико то замоне, ки ба иқдомоти таҳрикомези пурхатар алайҳи кишвари ман идома диҳад ва ба дунболи эъмоли фишор бар Куреи шимолӣ бошад, ҳадоёи бештаре дарёфт хоҳад кард.”

Вай ин изҳоротро дар ҳоле матраҳ кард, ки манобеи хабарӣ рӯзи якшанбе пас аз эъломи вуқӯи дастикам ду заминларза дар наздикии маркази ҳастаии Куреи шимолӣ (воқеъ дар шимоли шарқи ин кишвар), аз иқдоми ин кишвар барои анҷоми 6-умин озмоиши атомии худ хабар доданд.

Телевизиюни расмии Куреи шимолӣ соатҳое баъд эълом кард, ин кишвар як бомби ҳидружениро бо муваффақият озмоиш карда ва гуфт, ин бомб метавонад ба сурати кулоҳак рӯи мушакҳои қоррапаймо (ICBM) насб шавад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: