Нишасти Шӯрои уламои шиъа ва суннии Афғонистон барои мубориза бо ифротгароӣ

Шӯрои уламои шиъа ва суннии Афғонистон дар нишасте бо унвони “Ҳамгароии мазоҳиби исломӣ ва нақши уламо дар амният ва сулҳ”, бар лузуми мубориза бо ифротгароӣ ва теруризм ва ҷилавгирӣ аз танишҳои қавмӣ ва мазҳабӣ таъкид кард.

Дар ин нишаст, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, уламои шиъа ва суннӣ исломро дини мубориза бо ифротгароӣ ва тафритгароӣ донистанд.

Сайидҳусайни Олимии Балхӣ, вазири умури муҳоҷирини Афғонистон дар ин нишаст бо истиқбол аз баргузории ин нишаст, онро боаҳаммият хонд ва гуфт: “Баргузоркунандагон талош кардаанд, ки байни уламои шиъа ва суннӣ тафоҳум эҷод кунанд, ки дар шароити кунунӣ ин кор барои ҷаҳони ислом ва бавежа мардуми Афғонистон, як нуқтаи атф хоҳад буд.”

Балхӣ афзуд, гурӯҳҳои теруристӣ дар бархе ҷавомеъ бо эъломи мавҷудият дар пӯшиши ислом, ба дини Худо зарба мезананд, ва ин дар ҳолест, ки чунин рафторҳое дар матни таъолими динӣ вуҷуд надорад.

Уламои шиъа ва суннии Афғонистон дар ин нишаст таъкид карданд, руҳу равони ислом бо ифротгароӣ дар тазодд аст ва ислом бар уммати васат будани мусалмонон таъкид карда ва дар ин фарҳанг, ҷое барои ифротгароӣ нест.

Суханронони ин нишаст гуфтанд, бояд бо падидаҳои шуми теруризм мавзеъи возеҳ ва равшан гирифт ва аз миллат ва мардуми шиъа ва суннии Афғонистон хостанд, ки бо давлат ҳамкорӣ карда ва бо ваҳдат ва ҳамдилӣ бо теруристҳо мубориза кунанд.

Уламои Афғонистон таъкид карданд, ҳадафи теруристҳо зарба задан ба артиш, эҷоди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ аст, ки мутаассифона дар ду мақула кор кардаанд, аммо дар мақулаи севвум ва бахши ихтилофи мазҳабӣ, бо ҳушёрии уламои динӣ ноком шудаанд ва ин ҷои хурсандӣ аст.

Реклама


Рубрики:Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: