Абӯрайҳони Берунӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯрайҳони Берунӣ

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ, донишманди бузург ва риёзидон, ситорашинос ва таърихнигори садаи чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрии ҷаҳони ислом аст ва баъзе аз пажӯҳандагон ӯро яке аз бузургтарин файласуфони Машриқзамин медонанд.

Вилодат

Абӯрайҳон дар 14 шаҳривари соли 352 хуршедӣ (баробар бо 6 сентябри соли 973 мелодӣ) дар Коси Хоразм зода шудааст. Зодгоҳи ӯ, ки дар он замон рустои кучаке буд баъдан ба ифтихори ӯ ба “Берунӣ” таҷдиди ном дода шуд.

Инки чаро ба Абӯрайҳон лақаби Берунӣ доданд, иллатҳои мутаъаддиде зикр кардаанд, ки машҳуртарини он ин аст, ки: “Берун” ҳамон маънои форсии имрӯзиро дорад, аз ин рӯ манзур аз “Берунӣ” яъне хориҷ аз шаҳри Хоразм. Дар воқеъ чун Абӯрайҳон дар атрофи шаҳри Хоразм ва дар як русто мутаваллид шуд, ба ӯ лақаби “Берунӣ”, яъне хориҷ аз Хоразм доданд. (1) Баъзеҳо ҳам гуфтаанд, чун Абӯрайҳон ба ғайр аз муддати каме аз умраш, бақияи умри худро дар хориҷ аз Хоразм гузаронд, ба ӯ лақаби Берунӣ додаанд. (2)

* * *

Зиндагинома

Берунӣ таҳсилоти худро дар Хоразм анҷом дод, сипас ба дарбори Шамсулмаъолӣ Қобус ибни Вашмгир рафт ва мавриди таваҷҷӯҳи ӯ қарор гирифт ва китоби “Ал-осорул-боқия”-ро ба номи Шамсулмаъолӣ таълиф кард.

Абӯрайҳон ба Хоразм бозгашт ва ба дарбори Хоразмшоҳиён Оли Маъмун пайваст ва мавриди эҳтиром қарор гирифт. Ва ҳангоме, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Гургонч даст ёфт, Абӯрайҳонро ба Ғазнин бурд. Абӯрайҳон дар сафарҳои Султон Маҳмуд ба Ҳинд бо ӯ ҳамроҳ буд ва бо донишмандони ҳиндӣ мусоҳибат ва муошират кард ва аз ақоид ва илми онҳо истифодаи бисёр кард ва забони сонскритро омӯхт. Баъд аз Султон Маҳмуд, дар дарбори Султон Масъуд боқӣ монд ва китобҳое ба номи ӯ таълиф кард.

Вай дар синни 80-солагӣ дар ҳудуди 427 хуршедӣ (1048 мелодӣ) дар Ғазна аз ҷаҳон рахт барбаст. (3)

* * *

Риштаи тахассусии Берунӣ

Риштаи тахассусии Берунӣ риёзиёт, нуҷум, таърих, ҳайъат, дорушиносӣ, баррасии ақоид ва адёни ақвому милал ва амсоли онҳо буда. Чандин китоби таҳқиқии нафис офарида, ки ҷаҳон ҳанӯз ба эъҷоб дар онҳо менигарад аз қабили “Таҳқиқу мо лил-Ҳинд”, “Ал-осорул-боқия”, “Қонуни Масъудӣ” ва ғайра. Ӯ забонҳои юнонӣ ва сурёнӣ, илова бар забони форсӣ ва забони арабӣ ва забони хоразмӣ — ки забони модарии ӯ буда — медонистааст. Забони арабиро беҳтарин забонҳо барои масоили илмӣ медонад ва алоқаи хоссе ба ин забон нишон медиҳад. Мегӯяд, агар маро ба арабӣ носазо гӯянд бештар дӯст дорам аз ин ки ба бархе забонҳои дигар маро биситоянд. (4)

Абӯрайҳон аз касоне аст, ки умри нисбатан дароз (қариб 80 сол) ёфта ва тамоми вақташ вақфи илм будааст. Ӯ ҷуз ба илм ба кори дигар (вазорат ва ғайра) напардохтааст. Ӯ дар сол фақат ду рӯз таътил доштааст.

Абӯрайҳон ва Ибни Сино дар Хоразм бо якдигар мулоқот доштаанд. Абӯрайҳон чанд соле аз Бӯалӣ бузургсолтар буда ва дар ҳудуди 18 суол дар масоили фалсафӣ ва ғайра — ки бархе аз онҳо эътироз ба Арастуст — аз Бӯалӣ кардааст. Бӯалӣ ба онҳо посух гуфта ва тадриҷан кор андаке ба хушунат кашидааст, вале аҳли таҳқиқ муддаӣ ҳастанд, ки ин суолот баъд аз рафтани Бӯалӣ аз Хоразм будааст.

Абӯрайҳон дар китоби “Алосорул-боқия” он ҷо, ки ишора ба бархе суолоти худ аз Бӯалӣ мекунад, аз ӯ ба унвони “улфатиял-фозил” (аниси фозили ман) ёд менамояд.

Абӯрайҳон ба мабонии исломӣ сахт мӯътақид ва пойбанд будааст. Дар навиштаҳои худ умуман монанди як мӯъмини воқеӣ, аз дини муқаддаси ислом ёд мекунад ва ба таносуб оятҳои каримаи Қуръонро меоварад. Ӯ махсусан эҳсосоти зидди шуъубигарӣ дошт ва дар бархе навиштаҳои худ сахт аз шуъубигарӣ изҳори танаффур менамояд. (5)

* * *

Навовариҳои Абӯрайҳон

Абӯрайҳмон масоили бадеъ ва ҷадидеро матраҳ ва дар баъзе аз қисматҳо, усул ва қавоъид бино ниҳодааст, ки то он замон собиқа надошт ва ё ба сурати фарзияҳои пароканда дида мешуд, аммо қатъият надошт. Абӯрайҳон қоъидаи “боло рафтани обҳоро аз фаввораҳо ва чашмаҳо” баён кардааст. Вай равшан кардааст, ки чӣ гуна чашмаҳо ҷӯшон мешаванд ва чӣ гуна мумкин аст обҳоро аз умқи чоҳҳо ва чашмаҳо ба қалъаҳо ҷорӣ кард.

Ӯ муҳити заминро ба даст овард ва моҳу солу айёми ҳафтаро дар назди ақвом ва милали мухталиф баён кард. Абӯрайҳон дар боби “руъят ва шуоъи нур” назар ва раъйи Ибни Ҳайсамро пазируфтааст, ки шуоъи нур аз ҷисми маръӣ ба чашм меояд.

Ҳамчунин Абӯрайҳон дар улуми фалсафа, адён ва мазоҳиб, идҳои форсиёни зартуштӣ, шеър ва адабиёт, таърих ва сира, ҷомеашиносӣ ва ғайра табаҳҳур дошт ва осоре низ дорад. (6)

* * *

Осори Абӯрайҳони Берунӣ

Абӯрайҳон феҳристи китобҳои худро то 65-солагиаш, 113 нусха шумурдааст. (7)

Таълифоти Берунӣ ба забони арабӣ, яъне забони илмии он айём будааст, магар тарҷумаи “Ат-тафҳим”, ки худ онро аз арабӣ ба форсӣ баргардонидааст.

Пажӯҳишгарон Абӯрайҳонро донишманди ҳамаи қарнҳову асрҳо мехонанд. Дар бисёре аз кишварҳо номи Беруниро бар донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва толори китобхонаҳо ниҳода ва лақаби “Устоди ҷовид” ба ӯ додаанд. Берунӣ гардиши хуршед, гардиши меҳварии замин ва ҷиҳоти шимолу ҷанубро дақиқан муҳосиба ва таъриф кардааст. Хуршедгирифтагии 8-уми апрели соли 1019 мелодиро дар кӯҳҳои Лағмон (Афғонистони кунунӣ) расад ва баррасӣ кард ва моҳгирифтагии сентябри ҳамин солро дар Ғазна мавриди мутолеа қарор дод.

Бо ин ки Маҳмуди Ғазнавӣ миёнаи бисёр хубе бо Берунӣ надошт ва васоили кофӣ барои таҳқиқ дар ихтиёри ӯ набуд, вале ин донишманд лаҳзае аз талош барои такмили таҳқиқоти илмии худ даст накашид. Берунӣ, ки бар забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ ва арабӣ ҳам тасаллут дошт, китобҳо ва рисолаҳои мутаъаддид, ки шумори онҳоро зоид бар 146 адад гузориш кардаанд, навишт.

Муҳимтарин осори ӯ “Ат-тафҳим” дар риёзиёт ва нуҷум, “Ал-осорул-боқия” дар таърих ва ҷуғрофиё, “Қонуни Масъудӣ”, ки навъе донишнома аст ва китоби “Таҳқиқи мо лил-ҳинд” дар бораи авзоъи ин сарзамин — аз таърих ва ҷуғрофиё то одот ва русум ва табақоти иҷтимоии он – аст. Берунӣ китоби доиратулмаорифи худро ба номи Султон Масъуди Ғазнавӣ, ҳокими вақт кард, вале ҳадияи ӯро, ки се бори шутур сиккаи нуқра буд, напазирфт ва ба ӯ навишт, ки китобро ба хотири хидмат ба дониш ва густариши он навиштааст, на пул.

Берунӣ муосири Бӯалӣ Сино буд, ки дар Исфаҳон менишаст ва бо ҳам мукотиба ва табодули назари фикрӣ доштанд. Берунӣ дар ҷараёни лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳинд имкон ёфт, ки ба ин сарзамин биравад, забони ҳиндӣ фаро бигирад ва дар бораи авзоъи Ҳинд таҳқиқоти арзишманде кунад.

* * *

Вафот

Даргузашти Берунӣ дар Ғазна дар овони инқилоби Салҷуқиён ва подшоҳии Масъуд ибни Маҳмуди Ғазнавӣ будааст ва бархе даргузашти ӯро дар ҳудуди 427 хуршедӣ (1048 мелодӣ) медонанд.

Фақеҳ Абулҳасан Алӣ ибни Исо гӯяд:

Он гоҳ, ки нафас дар синаи ӯ (Абӯрайҳон) ба шумора афтода буд (яъне маргаш фаро расида буд), бар болини вай ҳозир шудам. Дар он замон, аз ман пурсид:

— Ҳисоби “ҷаддоти фосида” (яке аз масоили фиқҳӣ дар мавриди ирсу мерос) чӣ гуна аст?

Гуфтам:

— Акнун чӣ ҷойи ин суол аст?!

Гуфт:

— Эй мард! Кадом як аз ин ду амр беҳтар аст? Ин масъаларо бидонам ва бимирам, ё нодониста ва ҷоҳил даргузарам?

Ва ман он масъаларо бозгуфтам ва фаро гирифт ва аз назди вай бозгаштам. Ҳанӯз қисмате аз роҳро напаймуда будам, ки шеван аз хонаи вай бархост. (Яъне, ӯ вафот ёфт.) (8)

* * *

Пайнавишт:

1) Самъонӣ, Ал-ансоб, ҷ.2, с.392.

2) Деҳхудо, Шарҳи ҳоли нобиғаи Эрон Абӯрайҳон, с.21.

3) Фаришта, Абӯрайҳони Берунӣ ва осори ӯ, маҷаллаи “Кайҳони фарҳангӣ”, шумораи 234 ва 235.

4) Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон.

5) Ҳамон манбаъ.

6) Баррасиҳое дар бораи Абӯрайҳон, с.310.

7) Фаришта, Абӯрайҳони Берунӣ ва осори ӯ.

8) Деҳхудо, Шарҳи ҳоли нобиғаи Эрон Абӯрайҳон, с.61.



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: