Ислом ва Эронзамин (68)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (31)

Фалсафа ва ҳикмат (10)

(Аз Аллома Тафтозонӣ то Муллои Қушҷӣ)

Табақаи шонздаҳум

1) Саъдуддин Масъуд ибни Умар ибни Абдуллоҳи Тафтозонӣ, маъруф ба Мулло Саъди Тафтозонӣ. Шӯҳрати бештари ӯ ба калом ва улуми балоғат аст, вале марде ҷомеъ буда ва аз улуми фалсафӣ беиттилоъ набудааст. Матне дар мантиқ бисёр мухтасар ва ширин ба номи “Таҳзибул-мантиқ” таълиф карда, ки аз замони худаш то кунун дар ҳавзаҳои илмия тадрис мешуда ва мешавад. Тафтозонӣ китобҳои зиёд таълиф кардааст. Баъзе муддаианд, ки Тафтозонӣ баъд аз харобии давраи муғул бо нерӯи ҳусни баён бори дигар ба қисмате аз маорифи исломӣ ҷон дод.

Ба илова, манзури мо аз табақоти фалосифа танҳо касоне нестанд, ки дар фалсафа соҳибназаранд; мақсуд ҳамаи касонест, ки ҳомили ин фанн буда ва воситаи интиқол аз даврае ба давраи дигар будаанд. Тафтозонӣ лоақал дар мантиқ ин шаънро доштааст.

Вай дар соли 712 ё 722 дар деҳе дар наздикии шаҳри Насо мутаваллид шуд ва дар соли 791 ё 792 ё 793 дар Сарахс даргузашт. Баъзе гуфтаанд, дар Самарқанд даргузашт ва ҷанозааш ба Сарахс мунтақил шуд.

2) Сайидалӣ ибни Муҳаммад ибни Алии Ҷурҷонӣ, маъруф ба Шарифи Ҷурҷонӣ ва Мир Сайид Шариф. Ба ҳаққ ӯро “Муҳаққиқи Шариф” хондаанд. Ба диққати назар ва таҳқиқ маъруф аст. Шӯҳрати бештараш ба адабиёт ва калом аст, вале ҷомеъ буда. Ҳавзаи дарси фалсафа дошта ва дар фалсафа шогирдони бисёр тарбият карда ва дар нигаҳдорӣ ва интиқоли улуми ақлӣ ба наслҳои баъд нақши муассире доштааст. Муҳаққиқи Шариф осор ва таълифоти фаровон дорад ва ҳама пурфоида аст, ва ба қавли Қозӣ Нуруллоҳ, ҳамаи уламои исломӣ баъд аз Мир Сайид Шариф туфайлӣ ва аёли ифодоти ӯянд. Таълифоти Мир Сайид Шариф бештар ба сурати таълиқот ва шуруҳ аст, аз қабили ҳошия бар шарҳи “Ҳикматул-ъайн” дар фалсафа, ҳошияи шарҳи “Матолеъ” дар мантиқ, ҳошияи “Шамсия” дар мантиқ, ҳошияи “Мутаввал”-и Тафтозонӣ дар илми фасоҳат ва балоғат, шарҳи “Мифтоҳул-улум”-и Саккокӣ дар ин илм, ҳошия бар “Кашшоф”-и Замахшарӣ, ки тафсире аст муштамил бар нукоти илми балоғат, ва шарҳи “Мавоқиф”-и Иҷӣ дар калом.

Аз китобҳои маъруфи Мир, яке “Таърифот” аст, ки ба номи “Таърифоти Ҷурҷонӣ” маъруф аст, ва дигар “Кубро” дар мантиқ аст ба форсӣ, ки барои мубтадиён навишта, ва дигар “Сарфи Мир” аст ба форсӣ дар илми сарф, ки аз замони худаш то кунун китоби дарсии мубтадиёни туллоб будааст.

Мир Сайид Шариф шогирди Қутбуддини Розии собиқуззикр аст. Гарчи аҳли Ҷурҷон аст, вале дар Шероз раҳли иқомат афканд. Мутобиқи нақли “Равзот” аз “Маҷолисул-мӯъминин” он гоҳ, ки Шоҳшуҷоъ ибни Музаффар ба Гургон омад ва бо Сайид мулоқот кард, ӯро бо худ ба Шероз бурд ва тадрис дар мадрасаи Дорушшифоро, ки худ таъсис карда буд ба ӯ вогузор кард. Амир Темур, ки баъд вориди Шероз шуд, Мирро бо худ ба Самарқанд бурд ва дар ҳамон ҷо буд, ки бо Саъдуддини Тафтозонӣ мунозирот дошт. Пас аз марги Амир Темур, Мир Сайид Шариф бори дигар ба Шероз омад ва то поёни умр дар Шероз буд.

Мир Сайид Шариф аз 20-солагӣ ба кори тадрис ва таҳқиқ машғул буд, махсусан ба тадриси фалсафа ва ҳикмат эҳтимоми зиёд дошт ва ҳавзаи дарси қобили таваҷҷӯҳе аз фузало ташкил дода буд.

Гӯянд, яке аз касоне, ки дар ҳавзаи дарси ӯ ширкат мекард, Хоҷа Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ буд. Ҳар гоҳ дар маҷлиси ӯ шеър хонда мешуд, мегуфт: Ба ивази ин турраҳот ба фалсафа ва ҳикмат бипардозед, аммо чун Шамсуддин Муҳаммад (Ҳофиз) мерасид, худи Сайид мепурсид: Бар шумо чӣ илҳом шудааст? Ғазали худро бихонед. Шогирдони ӯ эътироз карданд, ки ин чӣ розест, ки моро аз сурудани шеър манъ мекунӣ, вале ба шунидани шеъри Ҳофиз рағбат нишон медиҳӣ? Ӯ дар посух мегуфт: Шеъри Ҳофиз ҳама илҳомот ва ҳадиси қудсӣ ва латоифи ҳикамӣ ва нукоти Қуръонӣ аст.

Мир Сайид Шариф дар соли 740 дар Гургон мутаваллид шуда ва дар соли 816 дар Шероз даргузаштааст.

* * *

Табақаи ҳафдаҳум

Ин табақа бештар шогирдони Муҳаққиқи Шарифанд, ки баъд аз ӯ ношири афкори ӯ будаанд:

1) Муҳйиддини Гӯшкунорӣ. Ин мард шогирди Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ ва устоди Муҳаққиқи Даввонӣ будааст. Аз торихи таваллуд ва вафоти ӯ иттилое надорем.

2) Хоҷа Ҳасаншоҳ, маъруф ба Баққол. Ин мард низ шогирди Мир Сайид Шариф ва устоди Даввонӣ будааст. Фозили муосир оқои Алии Даввонӣ дар китоби шарҳи зиндагонии Ҷалолуддини Даввонӣ аз “Ҳабибус-сияр” нақл кардаанд, ки Муҳйиддини Гӯшкунорӣ ва Хоҷа Ҳасаншоҳи Баққол дар замони Мирзо Муҳаммад Бойсунқур дар Шероз ба лавозими тадрис ва ифода қиём менамудаанд.

3) Саъдуддин Асъади Даввонӣ, падари муҳаққиқ Ҷалолуддини Даввонӣ. Ӯ низ аз шогирдони Муҳаққиқи Шариф будааст.

4) Қивомуддини Карболӣ. Устоди Сайид Садруддини Даштакӣ ва Ҷалолуддини Даввонӣ ва шогирди Шарифи Ҷурҷонӣ будааст.

Мо феълан дар ин табақа ҷуз инҳо касеро суроғ надорем ва аслан намедонем дар ин давра, ки қатлу ғорати муғул осори худро дар ҳамаи шуъун зоҳир сохта буд ва қатли оммҳои Амир Темур ҳам мазиди бар иллат шуда буд, дар ғайри Шероз чароғе равшан ва ҳавзае доир буда ё набудааст?!

* * *

Табақаи ҳаҷдаҳум

1) Сайидулҳукамо Муҳаммад ибни Иброҳими Ҳусайнии Даштакии Шерозӣ, маъруф ба Садруддини Даштакӣ ва Сайиди Санад. Аз бузургони ҳукамои давраи исломӣ ва аз афроди соҳибназар аст. То замони Мирдомод афкор ва оро ва осори ӯ ва муосири номдораш Ҷалолуддини Даввонӣ, дар миёни фузало ва толибони ҳикмат матраҳ буд. Бархе аз оро ва афкори ӯ ҳанӯз дар миёни фалосифаи исломӣ матраҳ аст ва бархе афкори мақбул дорад, ки акнун мавриди қабули фалосифаи баъд аз Садрост. Ин мард дар соли 828 мутаваллид шуда ва дар соли 903 даргузаштааст. Маъқулро назди марде ба номи Сайид Фозили Форсӣ ва Қивомуддини Карболӣ (шогирди Сайид Шариф) таҳсил кардааст.

2) Аллома Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Асъадуддини Даввонии Сиддиқӣ, маъруф ба Алломаи Даввонӣ ва Муҳаққиқи Даввонӣ. Дар мантиқ ва фалсафа ва риёзиёт соҳибназар будааст. Бархе оро ва афкори ӯ низ ҳанӯз дар китобҳои фалсафа матраҳ аст. Шогирди Қивомуддини Карболӣ ва Муҳйиддини Гӯшкунорӣ ва Ҳасаншоҳи маъруф ба Баққол ва падараш Асъадуддини Даввонӣ (ки ҳама аз шогирдони Сайид Шариф будаанд) будааст.

Соҳиби “Равзот” ва ҳамчунин соҳиби “Райҳонатул-адаб” Алломаи Даввониро шогирди мустақими Мир Сайид Шариф пиндоштаанд, вале фозили муосир оқои Алӣ Даввонӣ дар китоби нафиси худ “Шарҳи зиндагонии Ҷалолуддини Даввонӣ” иштибоҳи онҳоро равшан ва собит кардаанд, ки Алломаи Даввонӣ замони Мир Сайид Шарифро дарк накарда, балки шогирди шогирдони ӯ будааст.

Алломаи Даввонӣ аз касонест, ки дар ҳаёту мамоти худ ҷанҷоли илмӣ барангехтааст. Дар замони ҳаёташ бо Сайид Садруддини Даштакӣ мушоҷироти забонӣ ва қаламии фаровон дошта, ки маъруф аст. Баъд аз худаш китобҳояш мавриди таваҷҷӯҳ ва радду дифоъ ва нақзу ибром будааст. Садрулмутааллиҳин дар ҷилди севвуми “Асфор” дар ҳудуди се сафҳа назарияе аз Алломаи Даввонӣ нақл ва рад мекунад ва дар охир мегӯяд: “Баҳсро аз он назар тӯлонӣ кардем, ки акнун аксари аҳли назарро гумон бар он аст, ки назарияи ин алломаи ниҳрир охирин сухан дар боби тавҳид аст. Мо ночор будем халалҳои сухани ӯро ошкор созем.”

Аз ин ҷумлаҳо метавон нуфузи фавқулъодаи Даввониро дар мутааххиронаш дарёфт. Дар замони Алломаи Даввонӣ дар асари овозаи шӯҳрати вай, Шероз маркази сиқли улуми фалсафӣ буда. Аз Хуросону Озарбойҷону Кирмон ва ҳатто аз Бағдоду Руму Туркистон, донишҷӯён ба Шероз раҳсипор мешудаанд. Алломаи Даввонӣ дар соли 830 мутаваллид шуда ва дар соли 903 ё 908 даргузаштааст.

3) Алӣ ибни Муҳаммади Самарқандии Қӯшҷӣ, маъруф ба Муллоалии Қӯшҷӣ, соҳиби шарҳи маъруф бар “Таҷрид”-и Хоҷа Насируддини Тӯcӣ. Қӯшҷӣ ҳам мутакаллим буда ва ҳам риёзидон. Зиҷи Улуғбекро, ки Қозизодаи Румӣ (устодаш) ва Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ (нобиғаи риёзидон) шурӯъ карда буданд ва муваффақ ба анҷоми он нашуда буданд, Қӯшҷӣ ба амри Улуғбек ибни Шоҳрух ибни Амир Темур — ки худ риёзидони моҳир ва устоди Қӯшҷи буд — ба поён расонид. Ба Табриз ва Усмонӣ сафар карда ва дар Усмонӣ иқомат карда ва дар ҳамонҷо дар соли 879 даргузаштааст. Шарҳи Қӯшҷӣ бар “Таҷрид”-и Хоҷа Насируддини Тӯcӣ аз китобҳоест, ки ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи фузало буда ва ҳошияҳо ва таълиқоти фаровон бар он зада шудааст. Шарҳи Қӯшҷӣ дар торихи фалсафаи илоҳӣ нақши фаъоле доштааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: