Умедвории давлати Миёнмор ба “ветои” Чин ва Русия дар муқобили қатъномаи Шӯрои амният

Мақомоти давлати Миёнмор ба сурати расмӣ эълом карданд, ки ба дунболи ветои Чин ва Русия дар Шӯрои амният ҳастанд, то монеъ аз тасвиби қаътномаи эҳтимолӣ алайҳи ин кишвар шаванд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, давлати Миёнмор имрӯз (чаҳоршанбе, 06.09.2017) эълом кард, ки дар ҳоли музокира бо Чин ва Русия аст, то аз ҳар гуна иқдоми Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи хушунатҳое, ки тайи ду ҳафтаи ахир мӯҷиби оворагии ҳудуди 150 ҳазор мусалмони руҳингиёӣ ва ҳаракати онҳо ба сӯи Банглодеш мунҷар шудааст, ҷилавгирӣ кунад.

Он Сон Су Ҷӣ, раҳбари ҳизби ҳокими ин кишвар, имрӯз дар аввалин изҳори назари худ дар бораи ин ҳаводиси хунин, “теруристҳо”-ро муқассири интишори “кӯҳи азими иттилооти нодуруст” дар бораи низоъ дар устони Рохини ин кишвар донист. Он Сон Су Ҷӣ дар баёнияи худ, ба мусалмонони руҳингиёӣ, ки маҷбур ба фирор шудаанд, ҳеч ишорае накардааст.

Он Сон Су Ҷӣ, ки дар собиқаи худ касби ҷоизаи сулҳи Нубелро дорад, тайи ду ҳафтаи ахир ба хотири сукут дар қиболи оворагӣ ва куштори ақаллияти Руҳингиё дар ин кишвар, мавриди интиқоди расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта буд.

Дабири кулли Созмони Милал низ дар як номаи камсобиқа ба Шӯрои амният, нигаронии худро аз хушунате, ки метавонад ба “як фоҷеаи инсонӣ” мунҷар шавад иброз кард. Вай ҳушдор дод, ки хатари поксозии қавмӣ дар Миёнмор метавонад минтақаро ноором кунад.

Туонг Тун, мушовири амнияти миллии давлати Миёнмор, дар конфронси хабарӣ дар пойтахти ин кишвар гуфт, ки Миёнмор барои мумониъат аз судури қатъномаи Созмони Милал дар хусуси ин кишвар, рӯи Чин ва Русия, ки ҳар ду узви доими Шӯрои амният ҳастанд, ҳисоб мекунад.

Вай гуфт: “Мо бо бархе кишварҳои дӯст барои кашида нашудани ин мавзӯъ ба Шӯрои амният машварат мекунем. Чин дӯсти мост ва мо равобити дӯстонаи мушобеҳе бо Русия дорем, бар ин асос, пешбурди ин мавзӯъ имконнопазир хоҳад буд.”

Бар асоси охирин бароварди Созмони Милал, тайи 12 рӯзи ахир ҳудуди 146 ҳазор мусалмони руҳингиёӣ бо фирор аз хонаву кошонаи худ, ба Банглодеш паноҳ овардаанд. Бар ин асос, теъдоди касоне, ки аз ибтидои октябри гузашта ба Банглодеш паноҳ овардаанд, ба 223 ҳазор нафар расидааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: