Марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон бозгушоӣ шуд

Марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон бо ҳузури мақомоти аршади ду кишвар бозгушоӣ шуд.

Истгоҳи бозрасии “Дӯстӣ” дар марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон байни устони Ӯши Қирғизистон ва устони Андиҷони Ӯзбакистон ба таври расмӣ бозгушоӣ шуд. Дар ин маросим ҳайъатҳои давлатии ду кишвар ҳузур доштанд.

Дуйшенбек Зилалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон ва Шӯҳратбек Абдураҳмонов, устондори Андиҷон, сарпарастии ҳайъатҳои ду кишварро ба ӯҳда доштанд.

Зилалиев бо ишора ба тасҳили фароянди убур аз марзҳои ду кишвар, изҳор дошт: “Аз имрӯз мардуми Қирғизистон ва Ӯзбакистон метавонанд фақат бо нишон додани паспорти худ аз марзҳо убур кунанд.”

Муовини нахуствазири Қирғизистон афзуд: “Ҳамон тавр ки медонем, қаблан барои убури марзҳои ду кишвар ниёз ба ироаи асноди мухталиф ва аз ҷумла нома аз тарафи даъваткунанда вуҷуд дошт, ки боиси эҷоди сахтиҳо барои шаҳрвандони ду кишвар буд. Ҳоло дигар ниёз ба ин аснод ва даъватнома вуҷуд надорад.”

Вай дар ин бора таъкид дошт: “Ин фақат оғози кор аст ва дар оянда дигар истгоҳҳои бозрасӣ низ дар марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон боз мешаванд.”

Сарпарасти ҳаъйати ӯзбакӣ дар ин маросим низ гуфт: “Аз имрӯз ба баъд метавон эълом кард, ки марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба таври расмӣ боз шуданд, аммо ин иқдом ба ҳамин мавзӯъ хатм нахоҳад шуд ва бозгушоии масири транзит аз Ӯзбакистон ба Қирғизистон ва ба Чин низ дар барномаи корӣ қарор дорад.”

Гуфтанист, дар ин маросим теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбакистон ҳузур доштанд, ки дар чеҳраҳои онҳо хушҳолӣ ва шодӣ мавҷ мезад.

Пас аз бозгушоии марзҳо низ шаҳрвандони ду кишвар ба сурати намодин аз марзҳо убур карданд.

Бозгушоии нахустин истгоҳи бозрасӣ дар марзҳои Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар пайи дидори Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар чорчӯби сафари Мирзиёев ба Бишкек сурат гирифт. Сарони ду кишвар дар музокироти дуҷониба бар рӯи бозгушоии марзҳо тавофуқ карда буданд.



Рубрики:ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: