Мирзиёев дар ҳоли эҳёи нақши “падарӣ”-и кишвараш бар ҳамсоягон аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар ҳоли анҷоми ислоҳоте ҷиддӣ дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвараш (ба хусус бо ҳамсоягонаш) аст. Ӯ бо сиёсате комилан мутафовит бо сиёсати салафи худ, яъне Ислом Каримов, по ба арса гузошта. Суол ин аст, ки далоили ин рӯйкарди мутафовит чист? Дар ин навиштор ба баёни он мепардозам.

* * *

Барои ёфтани посухи ин пурсиш, ки чаро Мирзиёев бо рӯйкарде мутафовит бо рӯйкарди Каримов по ба арса гузошта, лозим аст нигоҳе ба ҷойгоҳи кишвари Ӯзбакистон дар минтақаи Осиёи Миёна биандозем.

Пеш аз барқарории низоми кумунистӣ дар кишварҳои воқеъ дар Осиёи Марказӣ ва тақсими он ба панҷ кишвари Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, дар ин минтақа (ба истиснои манотиқе дар Қазоқистон) се кишвари мустақил мустақар буд: Аморати Бухоро, Хонигарии Қӯқанд ва Хонигарии Хева. Ва бо пой гузоштани русҳо (дар замони Русияи подшоҳӣ) дар ин манотиқ ва сипас барқарории низоми кумунистӣ ва тақсими он ба панҷ кишвар, марокиз ва пойтахтҳои он се давлат ҳама дар ҳудуди Ӯзбакистони ҷадид қарор дода шуданд: ҳам Бухоро (пойтахти Аморати Бухоро) имрӯза дар ҳудуди Ӯзбакистон қарор дорад ва ҳам Хева (маркази Хонигарии Хева) ва ҳам Қӯқанд (маркази Хонигарии Қӯқанд).

Дар воқеъ, Ӯзбакистон дар миёни чаҳор кишвари дигари осиёимиёнаӣ, тавре қарор дода шуд, ки ҳамеша марказияти сиёсӣ дар Осиёи Миёна (ва ҳатто марказияти динӣ ва фарҳангӣ) бо ӯ бошад ва ба наҳве, рӯи соири кишварҳо таъсиргузор боқӣ бимонад. Ва дар замони ҳудуди 80 соли ҳукумати кумунистҳо, воқеан ин ҷойгоҳ барои Ӯзбакистон вуҷуд дошт. Яъне, чаҳор кишвари осиёимиёнаӣ, дар канори табаият аз марказ (Маскав), ба наҳве аз Тошканд ҳам табаият мекарданд ва ҳеч иқдоме дар ин кишварҳо, бидуни дахолат ва назари Ӯзбакистон сурат намегирифт. Ва ба сухани дигар, метавон гуфт, барои Ӯзбакистон ҷойгоҳи “падарӣ” бар чаҳор кишвари дигари Осиёи Миёна эъто шуда буд. Ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст.

Бо фурӯпошии Шӯравӣ, ки ин кишварҳо яке пас аз дигар истиқлоли худро эълон карданд, Ӯзбакистон дар ин бозаи замонӣ бештар бо худаш ва мушкилоти дохилии худ машғул буд, то мушкилоти ҳамсояҳояш, ва аҳёнан ин “падар” дар баробари “фарзандонаш” (ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон) мавзеъи душманӣ бармегирифт. Ва агар дар мавориде ҳам дахолат мекард, на аз рӯи “падарӣ” мисли собиқ, балки бештар ба ҷиҳати таъмини манофеъ ва масолеҳи худаш ин корро мекард. Ва ҳамин мавзеъгирӣ буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Ӯзбакистон фосила гирифтанд, дар ҳоле ки ҳаргиз хоҳони даст бардоштани “падар” аз сари худ набуданд.

* * *

Ҳол, баъд аз Каримов, ба назар мерасад Шавкат Мирзиёев дар ҳоли эҳёи ҳамон ҷойгоҳ аст, яъне ҷойгоҳи “падарӣ” бар ҳамсояҳо, ба хусус бар Тоҷикистон ва Қирғизистон. Ӯ ба хубӣ ба ҷойгоҳи кишвараш дар минтақаи Осиёи Миёна огоҳ аст. Мирзиёев медонад, ки агар Ӯзбакистон бихоҳад дорои як ҷойгоҳи вежа дар ҷаҳон ва як кишвари таъсиргузор (лоақал дар минтақа) бошад, ба ҷойи иттихози мавозеъи хасмона дар баробари ҳамсояҳо, метавонад мисли собиқ бар онҳо “падарӣ” кунад. Ва ҳамин аст, ки ӯ дар сафари ахири худ ба Қирғизистон, рӯи ин нукта бисёр таъкид дошт, ки агар қарор аст нерӯгоҳи барқӣ обии “Қанбарота” дар Қирғизистон такмил шавад, Ӯзбакистон дар канори ҳамсояаш барои сохтусоз ва такмили ин пружа қарор хоҳад гирифт ва ӯро кӯмак хоҳад кард; дар ҳоле ки дар замони салафаш яъне Каримов мавзеъи ин кишвар дар ин хусус комилан хасмона буд.

Бе шак, ба зудӣ шоҳиди сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳам хоҳем буд ва тардиде нест, ки ҳамин мавзеъе, ки Мирзиёев дар Қирғизистон роҷеъ ба нерӯгоҳи “Қанбарота” иттихоз намуд, дар хусуси нерӯгоҳи “Роғун” низ бархоҳад гирифт ва пешниҳоди ҳамкорӣ барои такмили ин нерӯгоҳро ба ҳамтои тоҷики худ матраҳ хоҳад кард.

Ва ҳамчунин, дар ростои эҳёи нақши “падарӣ”, баъид нест Мирзиёев дар ояндаи наздик тамоми мавонеъи рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон — бо шумули бардоштани раводид – бо кишварашро бартараф кунад ва барои сафари атбоъи Ӯзбакистон ба ин ду кишвар ва низ сафари шаҳрвандони ин ду кишвар ба Ӯзбакистон дигар ниёз ба визо ва раводид намонад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: