Номаи Мавлавӣ Абдулҳамид ба раҳбари Эрон

Мавлавӣ Абдулҳамид, руҳонии саршиноси аҳли суннати Эрон ва имомҷумъаи Зоҳидони ин кишвар, дар пайи дарёфти посухи номааш ба раҳбари ин кишвар, номае дар ташаккур аз посухи ӯ ирсол кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мавлавӣ Абдулҳамид, матни номаи ташаккури вай ба ин шарҳ аст:

* * *

Маҳзари мубораки раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ — домат баракотуҳу!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Эҳтироман, фармони таърихӣ, ҳакимона ва фаслулхитоби он раҳбари фарзона дар шароити ҳассоси минтақа ва кишвар, ки ба василаи раиси дафтари мӯҳтарами ҳазрати олӣ дар посух ба номаи инҷониб содир ва иблоғ гардид, маъюскунандаи бадхоҳони Эрони Исломӣ ва мояи масаррати миллати азизи Эрон ва аз боқиёти солеҳоти муаззамун-лаҳ ва мӯҷиби ҳамбастагии миллӣ ва амнияти пойдор хоҳад буд.

Ин фармон, таклифи шаръӣ ва қонунии ҳамаи масъулони лашкарӣ ва кишварӣ ва аркони низоми исломиро дар ростои иҷрои адолат ва нигоҳи яксон байни ҳамаи ақвом ва мазоҳибро табйин ва ҳуҷҷатро бар ҳама тамом кардааст.

Вазифаи худ медонам, аз ин дастури сареҳ ва мондагори он раҳбари дилсӯз ва хирадманд самимона сипосгузорӣ ва қадрдонӣ намоям ва умедворам мудирони мӯҳтарами кишвар дар сутуҳи мухталиф ин паёми равшан ва худописандонаро чароғи роҳашон қарор диҳанд ва нисбат ба рафъи ҳар навъ табъиз ва нобаробарӣ байни мардуми шарифи Эрон, ки ҳама ба манзилаи аъзои як хонаводаанд иқдом намоянд.

Саломатӣ ва тӯли умр ҳамроҳ бо муваффақиятро барои он заъими олиқадр масъалат дорам.

Мавлоно Абдулҳамид

* * *

Матни номаи дафтари раҳбари Эрон ба шарҳи зайл аст:

Ҷаноби оқои Мавлаӣ Абдулҳамид

Саломун алайкум

Марқумаи ҷаноби олӣ хитоб ба раҳбарӣ дарёфт ва ба истеҳзори эшон расид.

Эшон аз изҳори алоқаи шумо ба низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломӣ ва ҷонибдорӣ ва ҳимоят ва дифоъ аз кишвар ва ормонҳои волои инқилоби исломӣ қадрдонӣ карда ва фармуданд:

Ҳамаи аркони Ҷумҳурии Исломӣ муваззафанд бар асоси маорифи динӣ ва қонуни асосӣ ҳеч гуна табъиз ва нобаробарӣ байни эрониён аз ҳар қавму нажоду мазҳабе раво надоранд. Мо ҳам ба ҷидд мӯътақидем, ҳама бояд бо ҳам дар канори ҳам ва дар суфуфи фишурда ва воҳиде, ба сарбаландӣ ва иззати Эрони Исломӣ биандешанд ва дар роҳи он талош кунанд, ва иҷоза надиҳанд душманони ин марзу бум ва ханносони вобаста ба ину он дар ин саффи воҳид тафриқа афканда ва коршиканӣ кунанд.”

Реклама


Рубрики:Шиъа ва суннӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: