Таблиғоти шиъа-суннии саудиҳо дар ҳоли беэътибор шудан аст

Таҳлиле дар нашрияи National Interest таҳти унвони «Бӯҳрони Саудӣ-Қатар барои Эрон як пирӯзии бузургеро рақам зад»

Наздикӣ ва равобити ҳасанаи ҳамзамони Эрон бо Қатар ва Туркия — ки ҳар ду аксарияти суннӣ доранд — дар ҳоли эҷоди тардид ва соя афкандан бар ин афсона аст, ки асоси даргирӣ дар Ховари Миёна бар мабнои таниш ва ихтилофи 1400-сола байни шиъа ва суннӣ мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки сунниҳо дар ҷаҳони ислом аксарият ҳастанд, чунин мавзӯе (ихтилоф байни суннӣ ва шиъа) ҳамеша силоҳе дар зарродхонаи таблиғотии саудӣ буд. Аммо инак чунин силоҳе ба таври фазояндае дар ҳоли беэътибор шудан аст; чаро ки равшан шудааст, ки рақобати Арабистони Саудӣ ва Эрон, ба далели хусуматҳои фирқаӣ нест, балки чунин мавзӯъе ношӣ аз истифодаи давлатӣ аз мавзӯи ихтилофи суннӣ ва шиъа ва ба далоили сирфан муртабит бо сиёсат будааст.

* * *

Пирӯзии Эрон дар ин давр то ҳадди зиёде натиҷаи ҳамоқати худи Арабистони Саудӣ аст. Риёз Қатарро ба инзивои диплумотик савқ дод ва фикр мекард, ки Дуҳа дар посух ба муҳосираи таҳмилӣ тавассути Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш, кулоҳашро ба нишонаи эҳтиром аз сараш бардошта ба сӯи бародари бузург (Риёз) бархоҳад гашт.

Ин тасаввур, бар ин фаҳм устувор буд, ки Қатари кучак, барои тиҷорат, ҳамлу нақли ҳавоӣ, маводди ғизоӣ ва дигар колоҳояш, ба шиддат ба ҳамсояи бузургтараш (Арабистони Саудӣ) вобаста буда ва қодир ба таҳаммули муҳосира ва таҳрими иқтисодӣ нахоҳад буд. Аммо он чи ки иттифоқ афтод, дақиқан баръакси ин мавзӯъ буд.

Қатар, ҳамаи дархостҳои саудӣ аз қабили таътилии шабакаи “Алҷазира”, ва муҳимтар аз ҳама, барчидани равобиташ бо Эронро рад кард; кишваре, ки Қатар бо он дар бузургтарин майдони гозии ҷаҳон шарик аст.

Қатар, ба ду далел тавонист чунин кунад. Аввал ин ки: Эрон — ва албатта то ҳадде ба тарзи хориқулода Туркияе, ки равобити хубе бо Арабистони Саудӣ дошт — ба суръат барои ғолиб шудан бар таҳримҳои таҳмилӣ, ба кӯмаки Қатар омаданд.

Дуввум, Арабистони Саудӣ ба ин ки Вошингтун ба равобиташ бо Қатар аҳаммият қоил аст, таваҷҷӯҳ накард. Ин аҳаммият, дар дараҷаи аввал, ба мавзӯи бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Омрико дар минтақа, ки дар Қатар мустақар аст, бармегардад; пойгоҳе, ки барои амалиёти Пентогун дар ҳар ду кишвари Афғонистон ва Сурия зарурӣ ва воҷиб аст.

Алорағми изҳороти зиддиқатарии раисиҷумҳур Тромп, ки ношӣ аз бетаваҷҷуҳии комили ӯ ба арзиши истротежики Қатар барои Омрико буд, посухи Вазорати хориҷаи Омрико дар маҳофили умумӣ ва хусусӣ бисёр мутафовит буд. Риёз мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳар гуна таҳарруки низомӣ алайҳи Қатар, бо мухолифати Омрико рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва ба аҳдофи бузургтари Омрико дар халиҷи Форс осеб хоҳад зад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ду омил, Қатар тавонист саудиҳоро мавриди тамасхур қарор диҳад.

Қатар акнун бо завқу лаззат дақиқан ҳамон коре, ки бояд мекард кард. 23 август буд, ки Қатар тасмимашро барои “тақвияти равобити дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми заминаҳо” гирифт ва сафирашро ба Теҳрон бозгардонд.

Ин як пирӯзии қобили таваҷҷӯҳ ва пешрафти ғайримунтазираи бузург барои Эрон дар талошаш ба манзури оддисозии равобиташ бо аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс аст.

Он чи, ки бештар дорои аҳамият аст, ин аст, ки ин наздикӣ ва равобити ҳасанаи расмӣ байни Эрон ва Қатар, эҳтимолан асароти муҳимме бар ҷабҳаи Сурия ҳам дорад. Эрон ва Қатар то кунун дар тарафҳои мутафовите дар даргирии Сурия ҳузур доштанд; Эрон аз раисиҷумҳур Башшор Асад ҳимоят мекунад ва Қатар монанди Арабистони Саудӣ ва Туркия, аз маҷмӯае мухталит ва мутанаввеъе аз нерӯҳои опозисиюн ҳимоят мекард, ки таҳти тасаллути ифротиҳо қарор дошт.

Қатар ҳоло даргир ва машғули низоъаш бо Арабистони Саудӣ аст; низоъе, ки дар он аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Ва ҳамин мавзӯъ эҳтимолан дахолати Қатар дар Сурия ва эҳтимолан кӯмаки молӣ ба нерӯҳои мухолифи Асадро кам хоҳад кард, агар нагӯем мутаваққиф хоҳад кард.

Иқдомоти бемулоҳизаи Арабистони Саудӣ алайҳи Қатар, ҳамчунин ба наздикии Онкоро ва Теҳрон кӯмак кардааст. Туркия дар ҳоли истиқрори пойгоҳи низомӣ дар Қатар аст. Илова бар ин, амири Қатар ва раисиҷумҳур Ардуғон равобити наздике доранд ва дар гузоришҳо омада буд, ки амири Қатар барои ҳифозат аз Ардуғон дар буҳбуҳаи кудетои нофарҷоми июли 2016, 150 низомии зубдаи қатариро ба Туркия эъзом карда буд. Ҳоло навбати Туркия аст, ки он муҳаббатро ҷуброн кунад ва порлумони Туркия ба истиқрори се то панҷ ҳазор низомии туркияӣ дар Қатар муҷаввиз додааст. Туркия қотеъона аз Арабистони Саудӣ ҷудо шуд ва алорағми ихтилофоташ бо Эрон бар сари Сурия, дар мавзӯи Қатар дар канор ва саффбандӣ бо Эрон қарор гирифт.

Албатта, ҳам Онкоро ва ҳам Теҳрон, дар ҳоли ҳамкорӣ кардан барои коҳиши ин ихтилофоташон ҳастанд ва Онкоро ба назар мерасад, ки ҳамаи созишҳоро анҷом медиҳад. Онкоро ин воқеиятро, ки имкони канор задани Башшор Асад аз роҳи тавассул ба зӯр дигар вуҷуд надорад, пазируфтааст.

Ин тағйир дар сиёсати Туркия, ки тайи як соли ахир дар ҳоли эҷод шудан будааст, тавассути нахуствазири Туркия дар таърихи 20-уми август эълом шуд ва ӯ эълом кард, ки Туркия моил ва омода аст, то “бо ҳузур ва мушорикати ҳамаи бозигарони калидӣ аз ҷумла Башшор Асад, дар Сурия бӯҳронро ҳал кунад.” Ин як пирӯзии бузург барои Эрон аст.

Арабистони Саудӣ дар натиҷаи суимуҳосиботаш, ки бештар аз ҳар чиз баромада аз ғурур ва густохӣ буд, роҳро барои тозатарин пирӯзии диплумотики Эрон ҳамвор кардааст. Диплумосии устодона ва сабри номаҳдуди Теҳрон, саранҷом дар ҳоли натиҷа додан аст.

Наздикӣ ва равобити ҳасанаи ҳамзамони Эрон бо Қатар ва Туркия — ки ҳар ду аксарияти суннӣ доранд — дар ҳоли эҷоди тардид ва соя афкандан бар ин афсона аст, ки асоси даргирӣ дар Ховари Миёна бар мабнои таниш ва ихтилофи 1400-сола байни шиъа ва суннӣ мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки сунниҳо дар ҷаҳони ислом аксарият ҳастанд, чунин мавзӯе (ихтилоф байни суннӣ ва шиъа) ҳамеша силоҳе дар зарродхонаи таблиғотии саудӣ буд. Аммо инак чунин силоҳе ба таври фазояндае дар ҳоли беэътибор шудан аст; чаро ки равшан шудааст, ки рақобати Арабистони Саудӣ ва Эрон, ба далели хусуматҳои фирқаӣ нест, балки чунин мавзӯъе ношӣ аз истифодаи давлатӣ аз мавзӯи ихтилофи суннӣ ва шиъа ва ба далоили сирфан муртабит бо сиёсат будааст.

National Interest



Рубрики:Салафият, Такфир, Таҳлилот, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: