Фалсафа ва равиши реализм (114)

Зарурат ва имкон (16)

Ҷабру ихтиёр (3)

Аз маҷмӯи он чӣ то кунун гуфта шуд маълум шуд, ки аввалан, афъоли содира аз инсон — монанди ҳар мумкинулвуҷуди дигаре — дар зоти худ ба таврест, ки мумкин аст бишавад ва мумкин аст нашавад ва дар партави иллатҳо ва муқаддимоти муайянест, ки зарурат ва вуҷуб пайдо мекунад. Ва сониян, фаъолиятҳои инсон ва ҳайвон бо фаъолиятҳои ҷамодӣ — аз қабили сӯхтани оташ ва ҷазби ҷозиба ва меғнотис ва ғайра — фарқ дорад. Ва он фарқ ин аст, ки барои фаъолиятҳои ҷамодӣ фақат як роҳ дар табиат таъйин шуда ва имкони инҳироф аз он роҳ ба ҷамодот дода нашуда, ва аз ин рӯ, фаъолиятҳои ҷамодӣ маҳдуд ва якнавохт аст, вале ин маҳдудият ва якнавохтӣ аз фаъолиятҳои ҳайвонӣ бардошта шуда ва майдони амал ба онҳо дода шуда ва таъйини роҳ ба ирода ва интихоби худи ҳайвон вогузор шудааст. Ва солисан, инсон дар кайфияти ихтиёр ва интихоб бо ҳайвон фарқ мекунад, ва он ин ки: ҳайвон фақат таҳти таъсири ғариза роҳеро — ки таъйини он ба ирода ва ихтиёри худи ҳайвон вогузор шудааст — таъйин ва ихтиёр мекунад ва дар муқобили ҳукумати ғариза озодӣ надорад, вале инсон ба иллатҳое дар муқобили таҳрикоти ғаризӣ иҷбор надорад ва озод аст, ки асари таҳрики ғаризаро таҳти муҳосиба дароварад ва аҳёнан дар муқобили он муқовимат кунад ва онро ба ақиб биронад.

Акнун чанд матлаб аст, ки бояд зайлан баён шавад:

1) Муқаддимоти афъоли ихтиёрӣ чист?

2) Оё ин муқаддимот ихтиёрист ё ғайриихтиёрӣ?

3) Ҷабр ва тафвиз аз ҷанбаи каломӣ.

4) Ҷабру ихтиёр ва виҷдон.

5) Ҷабру ихтиёр ва ахлоқ.

6) “Амрун байна амрайн” аз назари фалсафӣ ва каломӣ ва ахлоқӣ.

7) Баҳсе бо моддигароён.

* * *

Муқаддимоти афъоли ихтиёрӣ

Дар ҳар феъли ихтиёрӣ, қадри мусаллам ин аст, ки ду муқаддимаи идрокӣ ва як муқаддимаи инфиъолӣ ва як муқаддимаи феълӣ вуҷуд дорад. Ду муқаддимаи идрокӣ иборат аст аз идроки феъл ва идроки фоидаи феъл. Идроки феъл иборат аст аз тасаввури феъл. Ва идроки фоидаи феъл иборат аст аз тасдиқи мувофиқати асари ниҳоии феъл бо тамоюлоти ҳаётии фоъил. Муқаддимаи инфиъолӣ иборат аст аз ҳаяҷони шавқӣ ё хавфии дарунӣ нисбат ба асари ниҳоии феъл. Ва муқаддимаи феълӣ иборат аст аз азму ирода, ки охирин муқаддимоти феъли ихтиёрист ва мунҷар ба судури феъли хориҷӣ аст. Албатта дар инсон ба хусус як муқаддима ва марҳилаи дигар қабл аз марҳилаи азму ирода аст, ки ҳамон муқаддима мӯҷиби имтиёзи махсуси инсон аз ҳайвонот аст. Он марҳила иборат аст аз марҳилаи санҷиш ва муқоиса ва муҳосиба ва таъаммул.

Бархе аз мутакаллимон қоил ба як марҳилаи иловаӣ шудаанд ва муддаӣ шудаанд, ки илова бар мароҳили гузашта, як марҳилаи дигар вуҷуд дорад, ва он иборат аст аз таҳоҷум ва ҳамлаи нафс ба сӯи амал. Номи ин марҳиларо гоҳе “талаб” ва гоҳе “ихтиёр” гузоштаанд. Вале ин фарзия мубтанӣ бар мулоҳизоти илмии фаннӣ нест, балки сирфан манзури фарзкунандагони ин фарз фирор аз шубҳаи ҷабр (ба заъми худашон) буда, ва аз ин рӯ арзиши илмӣ надорад, ки қобили баҳсу интиқод бошад. Талаб кардан ё ихтиёр кардан, чизе сивои ирода кардан нест.

* * *

Оё ин муқаддимот ихтиёрӣ аст ё ғайриихтиёрӣ?

Мо баъд аз он ки маънои озодӣ ва ихтиёри инсонро дар афъоли хеш фаҳмидем, ба хубӣ мефаҳмем, ки муқаддимот ва иллатҳои афъоли ихтиёрӣ ихтиёри нест, ва шарти ихтиёрӣ будани феъле ин нест, ки муқаддимоти он феъл ихтиёрӣ бошад. Яъне ин тавр нест, ки масалан инсон қабл аз он ки феълро тасаввур кунад ё фоидаашро тасдиқ кунад ё нисбат ба он шавқ пайдо кунад ё дар атрофи он тафаккур ва муҳосиба намояд ё нисбат ба он ирода кунад, аввалан тасаввур кунад тасаввури худашро ва баъд фоидаи ин тасаввурро тасдиқ кунад ва баъд нисбат ба он шавқ пайдо кунад ва баъд дар атрофи он ҳисоб кунад ва баъд ирода кунад ва он гоҳ тасаввур намояд, ва ҳамчунин дар мавриди соири муқаддимоти феъли ихтиёрӣ аз тасдиқ ба фоида ва шавқ ва таъаммул ва ирода. Зеро аввалан, тасаввуру тасдиқ ва шавқу таъаммулу ирода ҷузъи афъоли азулонӣ нест, ки пайдоиш ва адами пайдоиши онҳо манут ба ирода ва соири муқаддимот бошад. Ва сониян, агар мо фарз кунем ҳамвора муқаддимоти феъли ихтиёрӣ низ бо муқаддимоти ихтиёрӣ ҳосил мешавад, мутасалсил хоҳад шуд ва то бениҳоят пеш хоҳад рафт, ва ин худ амре маҳол ва мумтанеъ аст. Ба илова, мо виҷдонан ҳис мекунем, ки нисбат ба интихоб ва ихтиёри худи феъл озодем, на нисбат ба муқаддимоти феъл ва муқаддимоти он то бениҳоят.

Инсон ҳамвора нисбат ба ҳар ҳаракати хориҷӣ ва ҳар феъли азулонӣ, озод ва мухтор аст, ки бикунад ё накунад, яъне агар ирода кунад бикунад, мекунад, ва агар ирода (кунад) накунад, намекунад. Вале нисбат ба афъоли нафсонии хеш ин гуна озодӣ надорад, ки ҳамвора агар бихоҳад ва ирода кунад, ки тасаввур кунад, мекунад, ва агар на на. Ва агар бихоҳад ва ирода кунад, ки тасдиқ кунад, мекунад, ва агар на на. Ва агар бихоҳад ва ирода кунад, ки шавқ ва ҳаяҷон пайдо кунад, мекунад, ва агар на на. Ва агар бихоҳад ва ирода кунад, ки фикр ва таъаммул ва муҳосиба кунад, мекунад, ва агар на на. Ва агар бихоҳад ва ирода кунад, ки ирода кунад, мекунад, ва агар на на.

Ин нукта мӯҳтоҷ ба тавзеҳ аст, ки мақсуди мо аз ин ки мегӯем: Афъоли нафсонӣ ихтиёрӣ нест”, ин нест, ки ҳеч як аз афъоли инсонӣ ба ҳеч наҳв таҳти қудрат ва ихтиёр ва иродаи инсон дарнамеояд ва нисбати ин умур ба инсон аз қабили нисбати ҳаракоти кавокиби осмонӣ нисбат ба инсон аст. Балки мақсуд ин аст, ки умури нафсонӣ аз қабили ҳаракот ва афъоли хориҷии инсон нест. Афъол ва ҳаракоти хориҷӣ дорои ду хоссият ҳастанд: яке ин ки ҳар феъли хориҷӣ ҳамвора масбуқ ба муқаддимоти ихтиёрист, вале умури нафсонӣ ин тавр нест, яъне ҳар як аз муқаддимоти нафсонӣ ҳамвора масбуқ ба муқаддимоти ихтиёрӣ нест, ва агар ҳамвора муқаддимоти нафсонӣ масбуқ ба муқаддимоти нафсонии дигар бошад, мусталзими тасалсул аст. Ва албатта лозимаи ин бурҳон ин нест, ки умури нафсонӣ ба ҳеч наҳв таҳти ирода ва ихтиёр дарнамеояд, зеро лозимаи ин бурҳон нафйи эҷоби куллист, на исботи салби куллӣ. Яъне лозимаи ин бурҳон ин аст, ки: “Ҳар амри нафсонӣ ихтиёрӣ нест”, на ин ки: “Ҳеч амри нафсонӣ ихтиёрӣ нест”. Лозимаи ин бурҳон ин аст, ки ҳар иродае масбуқ ба ирода нест, на ин ки ҳеч иродае масбуқ ба ирода нест. Бархе аз донишмандон ба ин бурҳони тасалсул дар калимоти ҳукамо бархӯрдаанд ва онро далел бар нафйи ихтиёрияти умури нафсонӣ ба таври куллӣ гирифтаанд, ғофил аз он ки ин бурҳон нафйи эҷоби куллӣ мекунад, на эҷоби нафйи куллӣ. Ва ба илова, агар ба ҳеч ваҷҳ умури нафсонӣ ихтиёрӣ набошад, лозим меояд, ки таълимоти ахлоқӣ роҷеъ ба тақвияти ирода ва тақвияти нерӯи таъаққул ва эҷоди малакаи тақво ва шуҷоат ва ғайра лағв ва бесамар бошад, ва ҳол он ки мо биззарура ихтиёрӣ будани ин мавзӯъро эҳсос мекунем. Ва ин албатта иштибоҳи бузургест, ки бархе аз уламо дучор шудаанд.

Хоссияти дуввуми афъол ва ҳаракоти хориҷӣ ин аст, ки биловосита таҳти нуфузи иродаи инсон аст. Масалан, ин қаламро, ки ман дар даст гирифтаам ва бо он менависам, навиштан ва нанавиштани ман ба ҳеч чизи дигар ҷуз иродаи ман бастагӣ надорад. Вале умури нафсонии ман ин гуна нест. Яъне, агар ман бихоҳам, ки иродаи ғайриахлоқӣ аз ман сар назанад ва дорои малакаи тақво бошам, ё он ки бихоҳам ҷубн ё бухл ё ҳасодатро аз худ дур кунам, ба сирфи иродаи онӣ наметавонам ин мақосидро анҷом диҳам, вале бо анҷоми муқаддимоте, ки биловосита дар ихтиёри ман аст, метавонам ба тадриҷ дар руҳиёти худам тағйироте мутобиқи майлу иродаи худам эҷод кунам ва дар натиҷа иродаи худамро тақвият кунам ва онро нисбат ба баъзе умур контрол кунам. Оре, танҳо дар мавриди таъаққул ва муҳосиба ва санҷиш метавон гуфт, ки биловосита дар ихтиёри ман аст.

Дар мавриди озодӣ ва ихтиёри инсон шубҳаи маъруфе ҳаст, ва он ин ки: бино бар муқаддимоти боло, муқаддимоти афъоли ихтиёрӣ ғайриихтиёрист, ва ҳар чизе, ки муқаддимоти вай ғайриихтиёрист худаш низ ғайриихтиёрист, ва чӣ гуна мо метавонем феълро ихтиёрӣ бидонем, ва ҳол он ки билохира муқаддимоти ин феъл мунтаҳӣ мешавад ба умури ғайриихтиёрӣ?

Посухи ин шубҳа ин аст, ки куброи ин қиёс, ки мегӯяд: “Ҳар чизе, ки муқаддимоташ ғайриихтиёрист худаш ғайриихтиёрист” ғалат аст. Зеро аввалан, мо билвиҷдон дар худ эҳсос мекунем, ки нисбат ба интихоб ва адами интихоби феъл озодӣ дорем ва ҳеч қувваи хориҷӣ моро иҷбор намекунад. Ва ин ки гуфта мешавад: “Ҳаводиси ҷаҳон муттасил ва мутасалсил ва муртабит аст ва монанди занҷири пайвастае аз иллатҳо ва маълулот аст ва афъоли мо низ ҷузъи ин занҷир аст ва дар ин сурат мо чӣ ихтиёре метавонем дар ин занҷири пайваста дошта бошем?”, посухаш ин аст, ки ирода ва ихтиёри мо ва санҷиши мо низ яке аз ҳалақоти ин занҷири пайваста аст ва мо худ яке аз авомили муассири ин ҷаҳон ҳастем, ки аз хориҷ мутаъассир мешавем ва ба навбаи худ дар ғайри худ таъсир мекунем ва моро ва ирода ва ихтиёри моро дар хориҷ аз ин занҷири пайваста наофаридаанд, ки натавонем дар ин занҷир зиасар бошем. Ва сониян, агар мо назарияи фавқро, ки ҳам бурҳон ва ҳам виҷдон онро таъйид мекунад ва мубтанӣ бар асли зарурати иллӣ ва маълулист напазирем, бояд қоил шавем, ки афъоли инсон орӣ аз зарурати иллӣ ва маълулист ва дар ин сурат ё ин аст, ки судури феълро бо судфа тавҷеҳ мекунем ва иллиятро инкор мекунем, ва ё ин аст, ки иллиятро мепазирем ва зарурати иллӣ ва маълулиро инкор мекунем. Бино бар инкори иллият ва қавл ба судфа — ҳамчунон ки қаблан гузашт — ба куллӣ робитаи мо бо феъл қатъ мешавад ва озодӣ аз мо гирифта мешавад ва зимоми феъл ба дасти тасодуфи кӯру кар ва беҳисоб меафтад. Ва бино бар инкори зарурати иллӣ ва маълулӣ низ чун ин инкор мусталзими инкори иллият ва таслими судфа шудан аст, боз ҳамон натиҷаро медиҳад. Дар инҷо як фарзи дигар боқӣ мемонад ва он ин ки: мо чунин фарз кунем, ки ҷамиъи муқаддимоти афъоли ихтиёрӣ ихтиёрист ва муқаддимоти ин муқаддимот низ ихтиёрист ва ҳамин тавр муқаддимоти ин муқаддимот то бениҳоят… Яъне тамоми ин умур бо ирода ва ихтиёр сурат мегирад ва ҳар ирода ва ихтиёре низ бо ирода ва ихтиёри дигар ва ҳамин тавр… Ин фарз низ агар мухилле ба ихтиёр ва озодии инсон набошад, таъйидкунандаи он нест. Зеро рӯи ин фарз ҳар иродае маълули иродае аст ва он ирода низ маълули иродаи дигар ва ҳамин тавр… Бинобар ин, ҳеч гоҳ ин феъл бо шахсияти ман иртибот пайдо намекунад ва робитааш бо ман ба куллӣ қатъ мешавад, зеро ҳар иродае мустанад ба иродаи дигарест ва ҳеч иродае аз зоти ман ва шахсияти ман сарчашма намегирад, ва дуруст мисли ин аст, ки ашхоси дигаре аз хориҷ рӯи феъли ман тасмим бигиранд.

Ин аст, ки мо мегӯем, ягона фарзе, ки ихтиёр ва озодии инсонро тасҳеҳ мекунад назарияест, ки мубтанӣ бар қабули қонуни зарурати иллӣ ва маълулист ва аммо соири назарияҳо илова бар он ки мубтанӣ бар муҳолоте аз қабили судфа ва тасалсули иллатҳоист, мухолифи озодӣ ва ихтиёрест, ки мақсуди тарафдорони ин назарияҳост ва ҳар касе ҳам виҷдонан онро ҳис мекунад. Бинобар ин касоне, ки назарияи мо дар боби “ихтиёр” онҳоро қонеъ намекунад, ҳеч назарияи дигар набояд онҳоро қонеъ кунад.

Ба илова, танҳо бо ин назария аст, ки таъсир ва фоидаи тарбият ва таълими ахлоқӣ қобили тавҷеҳ аст. Фоида ва асари тарбият ва ахлоқ амрест ғайриқобили инкор, ва ҳол он ки тибқи назарияҳои тасодуфӣ ва ҳамчунин тибқи фарзи тасалсули иллатҳо ва ҳамчунин тибқи назарияи ҷабрӣ, ки афъоли инсонро сад дар сад таҳти таъсири авомили хориҷӣ медонад, тарбият ва ахлоқ қобили тавҷеҳ нест. Мутобиқи ин назария асари тарбият ва ахлоқ таквини як силсила саҷоёи ахлоқист ва асари ин саҷоёи ахлоқӣ ин аст, ки иродаро нерӯманд месозад ва қудрати иродаро барои муқовимат дар муқобили таҳрикоти тамоюлоти мунҳат зиёд мекунад, яъне робитаи иллӣ ва маълулӣ байни тарбият ва саҷоёи ахлоқӣ ва байни саҷоёи ахлоқӣ ва қудрат ирода ва байни қудрати ирода ва ақиб рондани майлҳои мунбаъис аз шаҳавот барқарор аст. Ва агар бино бишавад робитаи иллӣ ва маълулӣ дар кор набошад (тибқи назарияҳои тасодуфӣ) ё он ки робитаи иллӣ ва маълулӣ дар кор бошад ва иродаи инсон сад дар сад тобеъи таҳрикоти ғаризӣ ё авомили хориҷӣ бошад ё он ки иродаи инсон тобеъи иродаи дигар ва он ирода низ тобеъи иродаи дигар бошад то бениҳоят, мавзӯи тарбият ва ахлоқ ба куллӣ мунтафӣ мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: