Шарҳи Маснавӣ (210)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (36)

* * *

Видоъ кардани тӯтӣ хоҷаро ва паридани ӯ

* * *

Як-ду пандаш дод тӯтий пурмазоқ

Баъд аз он гуфташ: саломӣ, ал-фироқ.

Он тӯтии хушзавқ чанд панд ба бозаргон дод, сипас ба ӯ гуфт: Салом бар шумо бошад! Миёни ману ту ҷудоист.

Пурмазоқ: хушчошнӣ ва бомазза. Маҷозан матлуб ва мувофиқи табъ.

Хоҷа гуфташ: фӣ амониллаҳ, бирав,

Мар маро акнун намудӣ роҳи нав.

Хоҷа ба тӯтӣ гуфт: Дар амони Худо бошӣ! Ҳаққан, ки ба ман роҳи тоза нишон додӣ.

Хоҷа бо худ гуфт, к-ин панди ман аст,

Роҳи ӯ гирам, ки ин раҳ равшан аст.

Хоҷа бо худ гуфт: Ин коре, ки тӯтӣ кард, насиҳате буд ба ман. Акнун роҳи ӯро пеш мегирам, ки ин роҳ равшан аст.

Нукта: Ин роҳи равшан ҳамоно роҳи касонест, ки бо марги ихтиёрӣ ҳамаи ҳавосс ва хоҳишҳои худро мағлуби дил кардаанд ва пеш аз марги табиӣ, парандаи руҳашон аз қафаси тани хокӣ раҳо шудааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.577)

Ҷони ман камтар зи тӯтӣ кай бувад?

Ҷон чунин бояд, ки некӯпай бувад.

Ҷони ман кай аз он тӯтӣ камтар аст? Ҷон бояд, ки қадами муборак дошта бошад ва мӯҷиби раҳоии дигарон аз банди ҷисм бошад.

Некӯпай: маҷозан муборакқадам, хуҷастапай.

* * *

Мазаррати таъзими халқ ва ангуштнамой шудан (1)

* * *

Тан қафасшакл аст, тан шуд хори ҷон

Дар фиреби дохилону хориҷон.

Тан ва ин колбади ҷисмонӣ монанди қафасест, ки тӯтии ҷон дар он зиндонӣ шудааст. Ин колбади хокӣ ҳамонанди хорест, ки бар пойи ҷон халида ва ӯро аз рафтан бозмедорад, ва ба сабаби иғвову фиреби хушомадгӯён, ки меоянду мераванд, мағруру фирефта мешавад.

Нукта: Бархе низ гуфтаанд: Манзур аз “дохилон” (ояндагон, онон, ки меоянд) ҳамоно қувваҳои нафсонӣ аст, ва манзур аз “хориҷон” (равандагон) ҳамоно мардуми маддоҳу саногӯй аст. Хулоса, гуфтаанд: Манзур ин аст, ки авомили дохилии инсон ва авомили хориҷӣ дар камини фиреби ӯ ҳастанд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.744)

Ин-ш гӯяд: ман шавам ҳамрози ту

В-он-ш гӯяд: на, манам анбози ту.

Ин яке гӯяд: Ман ҳамрозу ҳамроҳи туям. Ва он яке гӯяд: Ин тавр нест, балки манам шарику ҳамтои ту.

Ин-ш гӯяд: нест чун ту дар вуҷуд,

Дар ҷамолу фазлу дар эҳсону ҷуд.

Ин яке гӯяд: Дар вуҷуд ҳамонанди ту касе нест, ҳамин тавр дар ҷамолу фазлу эҳсону бахшиш, ту бемонандӣ.

Он-ш гӯяд: ҳар ду олам они туст,

Ҷумла ҷонҳомон туфайли ҷони туст.

Он яке гӯяд: Ҳар ду ҷаҳон дар моликияти туст ва ҳамаи ҷонҳои мо туфайлу тобеъи туст. (Хулоса, чоплусон мекӯшанд, ки инсони хомтабъро фиреб диҳанд.)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: