Ислом ва Эронзамин (69)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (32)

Фалсафа ва ҳикмат (11)

(Аз Ғиёсуддини Даштакӣ то Ҳаким Антокӣ)

Табақаи нуздаҳум

Ин табақаро шогирдони Сайид Садруддини Даштакӣ ва Алломаи Даввонӣ ташкил медиҳанд:

1) Ғиёсуддин Мансури Даштакӣ, фарзанди барӯманди Сайид Садруддини Даштакӣ. Аз бузургони ҳукамо ба шумор меравад. Гӯянд, дар 20-солагӣ аз улуми замони худ фориғ гашт. Дар замони Шоҳ Таҳмосб муддате садорати узмо дошт ва баъд истеъфо дод ва ба Шероз баргашт. Мадрасаи Мансурияи Шероз — ки ҳамакнун боқӣ аст — аз таъсисоти ӯст.

Дунболаи кори падари худро дар радди назариёти Алломаи Даввонӣ гирифт ва аҳёнан дар мунозироти ҳузурии он ду ширкат мекард. Чандин китоби фалсафӣ дорад аз қабили “Исботул-воҷиб”, “Шарҳи ҳаёкилун-нур”-и Сӯҳравардӣ, ҳошия бар “Шарҳи Ишорот”-и Хоҷа, ҳошия бар “Шифо”-и Бӯалӣ, муҳокимот миёни падараш ва Даввонӣ дар ҳавошии он ду бар “Таҷрид”.

Садрулмутааллиҳин дар илоҳиёти “Асфор” аз ӯ ба унвони:

سر أبيه المقدس المنصور المؤيد من عالم ملكوت السماء غياث أعاظم السادات والعلماء

— ёд менамояд. Ғиёсуддини Даштакӣ дар соли 940 ё 948 даргузаштааст.

2) Маҳмуди Найрезӣ, шогирди дигари Сайид Садруддини Даштакӣ. Гӯянд, чанд китоби Ҷалолуддини Даввониро шарҳ карда ва бар ӯ тохта ва аз устоди хеш дифоъ кардааст.

3) Қозӣ Камолуддини Мибадии Яздӣ. Шӯҳрати ин шахс ба воситаи шарҳест, ки бар “Ҳидоя”-и Асируддини Абҳарӣ навишта, ки ба “Шарҳи Ҳидояи Мибадӣ” маъруф аст, ва ҳам шарҳе бар девони мансуб ба ҳазрати Амир алайҳис-салом навиштааст, ки он низ сабаби шӯҳраташ гаштааст. Китобе ба форсӣ ба номи “Ҷоми гетинамо” дар фалсафа навиштааст.

4) Ҷамолуддин Маҳмуди Шерозӣ. Курсии тадриси Ҷалолуддини Даввониро баъд аз маргаш ин мард ишғол кардааст. Аз атрофу акноф ба ҳавзаи дарсаш меомадаанд. Мулло Аҳмади Ардабилӣ маъруф ба Муқаддаси Ардабилӣ, Мулло Абдуллоҳи Шуштарӣ, Мулло Абдуллоҳи Яздӣ (соҳиби ҳошияи маъруф бар “Таҳзибул-мантиқ”), Мулло Мирзоҷони Шерозӣ маъруф ба Фозили Боғнавӣ, аз шогирдони ӯ будаанд.

5) Мулло Ҳусайни Илоҳии Ардабилӣ, фарзанди Хоҷа Шарафуддин Абдулҳаққи Ардабилӣ. Аз шогирдони Алломаи Даввонӣ ва Амир Ғиёсуддин аст ва чун замонаш мусодиф аст бо зуҳури Шоҳ Исмоили Сафавӣ, баъзе рисолаҳои худро ба номи ӯ навишта ва ба ӯ эҳдо кардааст. Агарчӣ Ардабилӣ аст, аммо барои касби файзу фазилат ба билоди мухталиф, аз он ҷумла Шероз ва Ҳирот мусофират кардааст. Осори мухталиф дар мантиқ, калом, фалсафа, ҳандаса ва ҳайъат навиштааст, ки ғолибан тибқи маъмули он замон ба сурати ҳошия ва ё ҳошия бар ҳошия аст, аз қабили “Ҳошия бар Шарҳи Мавоқиф” ва “Шарҳи Матолеъ” ва “Шарҳи Шамсия” ва “Шарҳи Ҳидояи Мибадӣ” ва “Ҳошияи Аллома Даввонӣ бар шарҳи Таҷрид” ва ҳошияи Сайид Садр бар он китоб ва “Шарҳи Чағминӣ” ва “Шарҳи Тазкира”-и Хоҷа дар ҳайъат ва “Таҳрири Уқлидус” дар ҳандаса ва 20 боб дар устурлоб. Торихи вафоташро намедонем.

* * *

Табақаи бистум

1) Мулло Абдуллоҳи Яздӣ, соҳиби ҳошияи маъруф бар “Таҳзибул-мантиқ”, ки ба “Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ” маъруф ва китоби дарсии туллоб дар мантиқ аст. Баъзе муддаӣ шудаанд, ки аз улуми шаръия беиттилоъ будааст, вале баръакс, ҳам фақеҳ буда ва ҳам аҳли маъқул хусусан мантиқ. Дар Шероз назди Ҷамолуддин Маҳмуди собиқуззикр ва Амир Ғиёсуддини Даштакӣ таҳсил кардааст. Дар охири умр ба Ироқ рафта ва муҷовир шуда ва дар ҳамонҷо дар соли 981 даргузаштааст.

2) Мулло Ҳабибуллоҳи Боғнавии Шерозӣ, маъруф ба Мулло Мирзоҷон ва Фозили Боғнавӣ. Шогирди Ҷамолуддин Маҳмуд буда ва чанд ҳошия ва шарҳ аз Аллома Давониро ҳошия кардааст. Дар соли 994 даргузаштааст. Дар табииёти Шарҳи Манзумаи Сабзаворӣ аз ӯ бо унвони “Фозили Боғнавӣ” зикре ба миён омадааст.

3) Шамсуддин Муҳаммад Хафрии Шерозӣ. Шогирди Амир Ғиёсуддин Мансур будааст ва зоҳиран ҳавзаи дарси Алломаи Даввонӣ ва Сайид Садруддини Даштакиро низ дарк кардааст. “Шарҳи таҷрид” ва “Шарҳи Ҳикматул-ъайн”-ро ҳошия зада ва рисолае таҳти унвони “Исботул-воҷиб” дорад. Марди дақиқунназаре будааст. Садрулмутааллиҳин дар ҷилди аввали “Асфор” матолибе аз ӯ нақл карда ва мавриди баҳс қарор додааст. Хафриро метавон аз табақаи нуздаҳум ҳам ба шумор овард, яъне ӯ аз ҷавонсолони табақаи нуздаҳум ва куҳансолони табақаи бистум будааст. Вай дар соли 957 ё 935 даргузаштааст.

4) Хоҷа Афзалуддини Турка. Аз шогирдони Ҷамолуддин Маҳмуд аст. Соҳиби “Равзот” мегӯяд: “Фозили ҳаким Хоҷа Афзалуддин Муҳаммад ибни Ҳабибуллоҳ маъруф ба Турка, устоди шайх Абулқосими Козирунӣ, ҳакими имомии маъруф ба Насрулбаён аст. Насрулбаён дар китоби “Сулламус-самовот”, ки бахше аз он дар торихи ҳукамост (соҳиби “Равзот” аз он китоб фаровон баҳра бурда ва нақл мекунад) дар бораи устоди хеш гуфтааст: “Тулӯъ ва шӯҳрати ин устод мобайни солҳои 970 ва 990 дар билоди Ироқи араб ва Хуросон будааст.”

5) Ҳаким Довуд ибни Умари Антокии Мисрӣ. Танҳо дар “Номаи донишварон” аз ин мард зикре дидаем. Вай аз аҷиллои фузалои атиббо ва мӯътабарини ҳукамои охирҳои садаи даҳум ва аввалҳои садаи ёздаҳум будааст. Мутобиқи он чӣ худаш шарҳи ҳоли худро имло карда, дар Антокия кӯри модарзод мутаваллид шуда, то 7-солагӣ фалаҷ ҳам будааст ва дар ҳамон ҳол муқаддамотро омӯхта ва Қуръонро ҳифз карда ва ҳамеша аз Худованд шифои худ ва тавфиқи таҳсил масъалат менамудааст, то ин ки мусофире аз аҷам ба номи Муҳаммад Шариф бо ӯ бархӯрд мекунад ва фалаҷи ӯро муолиҷа менамояд ва чун ҳушу заковати хориқулодаи ӯро мебинад, ба ӯ мантиқ ва риёзиёт ва фалсафа меомӯзад. Ӯ худ алоқаманд ба омӯхтани забони форсӣ мешавад, вале устод мегӯяд, беҳтар аст забони юнонӣ биёмӯзӣ ва ҷуз ман касе дар ин диёр забони юнонӣ намедонад.

Довуд баъд ба Қоҳира рафта ва табъи мардуми он диёрро ба улуми ақлӣ бемайл дидааст. Дар охири умр муҷовири Байтуллоҳ шуда ва дар соли 1008 даргузаштааст.

Аз ҳифз ва тасаллути Довуд бар мутуни фалсафӣ ва тиббӣ аз қабили “Қонун”, “Шифо”, “Ишорот”, “Наҷот, “Ҳикматул-машриқия”, “Таълиқот”, “Муҳокамот”, “Мутораҳот”, “Расоили Ихвонуссафо”, ки ҳамвора мулозими ин китобҳо буда, достонҳо овардаанд.

Довуд таълифоте дошта, аз ҷумла рисолае дар “ишқ” таълиф карда, ки “Номаи донишварон” ба тафсил овардааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: