Истиқлол ва мо

Ёддошти Меҳмоншоҳ Шарифов

Сиёсат ҳамеша бунёди фалсафӣ, ақлонӣ ва ахлоқӣ дошт. Ба хусус дар рӯзгори Пури Сино, Форобӣ, Тусӣ ва дигарон ин маъниро хуб шинохта буданд. Ин даврае буд, ки дар фарҳанги Тоҷикон назарияи сиёсат зери таъсири, ба истилоҳи Ҳабермас “тафаккури номусӣ” (Nomosdenken) ба таври равшан шакл гирифт. Чӣ будани ҳастии сиёсӣ ва ҳастии ҳуқуқӣ, яъне номус, то ҷое аз тарафи файласуфони Тоҷик дар ҳамин давра тарҳрезӣ шуда буд.

Масъалаи мавриди назар ин аст, ки ин мардум аз чӣ будани истиқлол ва ин ки бунёди истиқлол қонун ва сиёсати дуруст аст огоҳ буданд…

Имрӯз дар ҳоле ҳастем, ки аз як сӯ, ҳанӯз ҳам қисмате аз мардум барои Шӯравии собиқ гиря доранд, аз сӯи дигар, қисме “истиқлоли” оилавии худро истиқлоли мамлакат пиндошта, истиқлол ҷашн мегиранд, вале дар роҳи мустаҳкам кардани истиқлол нестанд ва қисмати зиёди мардум дар ин мамлакат, мутассифона, ҳанӯз ҳис, дониш ва таҷрибаи чӣ будани ин чизро надоранд.

Имрӯз “сиёсатмадорони” мо ба ҷои шинохти назарияҳои сиёсии Арасту, Форобӣ, Ибни Сино, Ғазолӣ, Маркс, Арендт, Нозик, Агамбен ва дигарон, ба ҷои истифода аз улуми иҷтимоӣ барои шинохти воқеият ва ташкили бунёди ҳастии сиёсии худ, танҳо дар фикри расидан ба мансабе ҳастанд ва дар ин роҳ бештар ба ҷодугарон ва ба Канз-ул-Ҳусайн имон доранд…

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: