Насиҳатҳо ва тавсияҳои шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд

Ба баҳонаи солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд

Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ин фарзанди диловари тоҷик, на танҳо қаҳрамони майдони набард ва як озодихоҳ ба шумор меравад, балки ӯ як ҳаким ба тамоми маънои калима буд. Аз ин диловар суханони зиёде нақл шудааст, ки дар ин навиштор танҳо баъзе аз онҳоро барои хонандаҳои азиз пешкаш хоҳем кард:

  1. «Барномаро калон бисозед, аммо корро аз кучак оғоз кунед.»
  2. «Муҳим нест, ки шахс чӣ қадр умр мекунад, (балки) муҳим ин аст, ки умрашро дар чӣ роҳе сарф менамояд.»
  3. «Агар сиёсатмадоре дар таҳлили оянда иштибоҳ кунад, бисёр хатарнок нест, хатари ҷуброннопазир ин аст, ки дар таҳлили вазъияти ҷорӣ иштибоҳ намояд.»
  4. «Ман наҷҷор нестам, вале каҷии дарвозаро медонам.»
  5. «Чаҳор синфи иҷтимоиро дар кори сиёсӣ ба ёд дошта бошед: уламои динӣ, фармондеҳони ҷиҳодӣ, мӯйсафедон ва рӯшанфикрон.»
  6. «Дар масоили молӣ агар душман ҳам гоҳе авқот аз дахлу харҷи мо иттилоъ ёбад, хатараш камтар аз ин аст, ки дар саффи худи мо дар он маврид шакку шубҳае вуҷуд дошта бошад.»
  7. «Умдатарин заъфи муҷоҳидин дар даврони ҷиҳод, таъаддуди аҳзоби ҷиҳодӣ ва адами якпорчагии онон буд.»
  8. «Дар шароите, ки қарор дорем, ҳасту буди кишвар дар маърази суол қарор гирифтааст. Дар чунин шароите, нахуст ба касби истиқлоли Афғонистон тамоми кӯшиши хешро маътуф дорем. Ҳар ҳаракате, ки мардуми Афғонистонро ба гурӯҳҳо ва аҳзоб ва ақвоми мухталиф тақсим намояд, хиёнат ба Афғонистон аст. Баъд аз касби истиқлоли кишвар, қазияи навъи низом матраҳ аст.»
  9. «Истисморгар шунида будем, истеъморгар дида будем, вале монанди Покистон на!»
  10. «Аз назари ман, қиём дар баробари режими Довудхон як иштибоҳ буд.»
  11. «Умдатарин айби муҷоҳидин ин буд, ки мустақиллона вориди Кобул шуданд. Ба таъбири дигар, ба нақши равобити хориҷӣ ба дурустӣ пай набурда будем.»
  12. «Аз назари мо, ваҳдати миллӣ, дар таъмини адолати иҷтимоӣ нуҳуфта аст.»
  13. «Яке, доштани робита аст, ва яке ҳам, вобастагӣ. Робита доштан ба ҳеч унвон ҷурм нест, аммо вобастагӣ нанг аст.»
  14. «Дар ҷанг, касоне ки аз ватани хеш дифоъ менамоянд, ҳамеша ҳақ ба ҷониб ҳастанд.»
  15. «Вақте инсон даст ба амал мезанад, табъан иштибоҳ ҳам мекунад.»
  16. «Ҳеч кас қаҳрамон нест. Ба яқин қаҳрамони воқеӣ, миллати Афғонистон аст.»
  17. «Ҳатто агар ба андозаи кулоҳи пакулам дар Афғонистон ҷой дошта бошам, боз ҳам то охир истода ва бо Толибон ва покистониҳо хоҳам ҷангид.»
  18. «Агар қарор буд таслими зӯр шавам, таслими шӯравиҳо мешудам.»
  19. «Ба таъкид мегӯям, то Покистон дар стротежии худ тағйир наёварад, мушкили Афғонистон бо он кишвар ҳал нахоҳад шуд.»
  20. «Ман як нафар асиреро накуштаам.»
  21. «Агар озодии мо зери суол биравад, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шавад, агар истиқлоли мо нобуд гардад, зиндагӣ барои мо кучактарин лаззат ва арзише надорад.»
  22. «Усуле, ки ман ба он пойбандам иборатанд аз: истиқлоли кишвар, ҳифзи тамомияти арзӣ, иҷрои қавонини исломӣ ва баргузории интихоботи умумӣ.»
  23. «Эълои калиматуллоҳ маънояш ин нест, ки як тиккаи сабзро бар сари чӯбе баланд кунем, балки маънои эълои калиматуллоҳ ин аст, ки мардум зери калимаи ислом эҳсоси оромиш, иззат ва амният намоянд.»
  24. «Ман, на дар роҳи давлат, ки дар роҳи каромат ва шарофати Афғонистон ва мардуми он мубориза кардаам.»
  25. «Хатари Толибон ва Алқоида ба ҳеч унвон камтар аз хатари кумунизм нест.»
  26. «Толибон ва Алқоида дар даруни худ мояи завол ва нобудии худро доранд ва он моя, ифротигарии онҳост.»
  27. «Ҷанг ҷузъе аз сиёсат аст ва он замоне ба кор гирифта мешавад, ки роҳи дигаре барои расидан ба ҳадаф вуҷуд надошта бошад. Иштибоҳи ҷангиро метавон ҷуброн кард, вале ҷуброни иштибоҳи сиёсӣ душвор аст.»
  28. «Барои дастёбӣ ба иттиҳод ва ҳамоҳангӣ миёни аҳзоби муҷоҳидин се шарт лозим аст:
  • доштани як тарҳи маъқул ва муносиб;
  • ибтикори амалро як гурӯҳ бояд ба даст гирад;
  • чашмпӯшӣ аз хоҳишҳои шахсӣ.»
  1. «Мушкил шинохти шахсиятҳост, вақте шахсе шинохта шуд, муомила бо он осон мешавад.»
  2. «Мард аз тақдираш менолад, номард аз рафиқаш.»


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: