Номаи Зариф ба дабири кулли Созмони Милал дар бораи бӯҳрони Миёнмор

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, дар номае ба дабири кулли Созмони Милал, унвон кард: “Эрон омодагӣ ва тамоюл дорад аз тамоми талошҳо барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли пойдор ва мусолиматомез барои бӯҳрони Миёнмор ҳимоят ва аз истифои комили ҳуқуқи башар, саломат ва амнияти ақаллияти мусалмони Руҳингиё итминон ҳосил кунад.”

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, дар номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бар лузуми таваққуфи хушунатҳо алайҳи мусалмонони Миёнмор таъкид кард.

Дар ин нома омадааст:

Ба номи Худо

Ҷаноби оқои Онтунию Гутриш

Дабири кулли мӯҳтарами Созмони Милали Муттаҳид

Олиҷаноб

Моилам бори дигар таваҷҷӯҳи шуморо ба вазъияти нигаронкунандаи ақаллияти мусалмони Руҳингиё дар Миёнмор ҷалб кунам. Ахбори ҳавлноке, ки ахиран аз он минтақа ба даст омада умқи ҷиноёт алайҳи ин ақаллияти мусалмонро ошкор мекунад.

Ҳамалоти созмонёфта ва беравияи бархе аносири тундрав ва авомили вобаста ба нерӯҳои амниятӣ алайҳи руҳингиёиҳо мунҷар ба аз даст рафтани ҷони теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз мусалмонон шуда ва собиқаи табъиз, беадолатӣ ва ноумедӣ дар он кишварро вахимтар кардааст. Вахомати авзоъ боиси ҷариҳадор шудани эҳсосоти мардуми дунё фориғ аз мазҳабу миллияти онҳо шудааст.

Дар сурати адами расидагӣ ба нақзи созмонёфта ва густардаи ҳуқуқи асосии мусалмонони Руҳингиё, ифротигарӣ афзоиш ва хушунат ҳатто фаротар аз марзҳои Миёнмор густариш меёбад ва ба омили бесуботӣ дар кулли минтақа табдил мешавад.

Иҷбори мардум ба хуруҷ аз сарзамини худ ва кӯчи иҷборӣ ба дигар кишварҳо, ин бӯҳрони решадорро ҳал нахоҳад кард. Давлати Миёнмор мебоист ба нигарониҳои тӯлонимуддат ва вазъияти асафноки ақаллияти мусалмони худ расидагӣ ва ҳуқуқи онҳоро ба таври муассир риоят кунад ва онҳоро ҳамонанди дигар шаҳрвандони Миёнмор ба расмият бишносад ва аз онҳо дар муқобили хушунат ва табъиз ҳифозат кунад.

Ҷомеаи байналмилал ва кишварҳои мусалмон аз давлати Миёнмор интизор доранд хушунати ҷорӣ алайҳи ақаллияти мусалмони Руҳингиёро фавран мутаваққиф кунад ва дастрасии бидуни монеъ барои ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба манотиқи хушунатзадаро фароҳам оварад. Ҳамчунин зарурист давлати Миёнмор муртакибини ин ҷиноятҳоро муҳокима кунад ва иқдомоти лозимро ҷиҳати пешгирӣ аз вуқӯи муҷаддади он сурат диҳад. Ҷои басе ноумедӣ аст, ки ҳанӯз ба чунин хостаҳои ҳаддиақалли ҷаҳонӣ посухе дода нашудааст.

Ҳамчунин, интизор меравад Созмони Милали Муттаҳид ба суръат вориди амал шуда ва иқдомоти лозимро барои посух ба нигарониҳои байналмилалӣ дар бораи вазъияти вахим дар Миёнмор анҷом диҳад. Ҳимояти Созмони Милал аз коҳиши хушунат, итминон аз ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба афроди ниёзманд ва ёфтани роҳи ҳалли пойдор барои ин бӯҳрон зарурӣ ба назар мерасад ва Созмони Милал мебоист фавран иқдом кунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ ва тамоюл дорад аз тамоми талошҳо барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли пойдор ва мусолиматомез барои ин бӯҳрон ҳимоят ва аз истифои комили ҳуқуқи башар, саломат ва амнияти ақаллияти мусалмони Руҳингиё дар Миёнмор итминон ҳосил кунад.

Олиҷаноб, лутфан эҳтиромоти фоиқаи инҷонибро пазиро бошед.

Муҳаммадҷавод Зариф

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: