Оё кишвари мо кишваре мустақил аст?

Ба баҳонаи Рӯзи истиқлол (Бознашр аз 08.09.2015)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

9 сентябр ба унвони Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст. Суоле, ки дар ин миён матраҳ аст ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки оё мафҳуми истиқлол дар мавриди кишвари мо сидқ мекунад? Дар ин навиштор, мехоҳам дар бораи ҳамин мавзӯъ баҳс бикунам.

Таърифи роиҷи “истиқлол” — ки ғолибан дар донишномаҳо оварда мешавад — имрӯза бо таваҷҷӯҳ ба тағйиру таҳаввуле, ки дар ин мафҳум ба вуҷуд омадааст, дигар кӯҳна шуда. Пештар гуфта мешуд: “Кишвари мустақил, кишваре мебошад, ки дар як сарзамини мушаххас дорои ҳокимияти дохилӣ ва хориҷӣ, ҷамияти пойдор ва ҳамчунин мустақил аз дигар кишварҳо ва қудратҳо бошад ва битавонад бо дигар кишварҳо робита барқарор кунад.” (Википедия, кишвари мустақил) Ин таъриф дигар кӯҳна шудааст. Чаро?

Тавзеҳ он ки: бо поёни ҷанги сард, тағйироти ҷиддӣ ва асосӣ дар равобити байналмилалӣ, мавқеияти кишварҳо ва ҷунбишҳои мардумӣ ба вуҷуд омад, ки ин тағйирот мафҳуми “ҳокимияти миллӣ” ва “истиқлол”-ро дучори дигаргуниҳои шигирфе кард ва ба гуфтаи дуктур Мазруъӣ дар китоби “Истиқлол дар пайванд бо низоми демукротик”: “Таҳаввулоти ҷаҳонӣ ба тадриҷ тағйироти мафҳумиро дар вожаи “истиқлол” доман зада ва онро бо вожаҳое ҳамчун озодӣ, демукросӣ ва ҳуқуқи башар ҳамсарнавишт кардааст; ба гунае ки имрӯз камтар метавон афрод ва гурӯҳҳои мубориз ё рӯшанфикриро ёфт, ки аз “истиқлол” ба мафҳуме, ки дар даврони пасоистеъморӣ матраҳ мешуд, дифоъ кунад.”

Ба сухани дигар, имрӯза як силсила усуле – мисли асли демукросӣ, интихоботи озод, таъаддуди аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқи ақаллиятҳо, саҳим будани мардум дар таъйини сарнавишти кишварашон ва муроъоти ҳуқуқи башар – ба унвони усули пазируфташуда, дар таърифи мафҳуми “истиқлол” гунҷонида шудааст. Аз ҳамин ҷост, ки мебинем, ҳукком ва намояндаҳои тамомии кишварҳо — чӣ кишварҳое, ки давлатҳояшон воқеан пойбанд ба ин усул ҳастанд ва чӣ онҳое, ки пойбанд нестанд — дар нишастҳои байналмилалӣ ҳамвора таъкид бар зарурат ва лузуми риояти ин усул мекунанд. Ҳамин чанд рӯз пеш (соли 2015), ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Тоҷикистон ба эъмори кишвари ҳуқуқбунёд тамаркуз карда, ба нақшаи корӣ масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, рушди демократия ва таъмини зиндагии осоишта ба ҳар фарди узви ҷомеаи моро пешниҳод кард… Такмили базаи ҳуқуқии кишвар ба рушду равнақ ва таҳкими принсипҳои демократӣ ва эъмори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад…” (Радиои Озодӣ)

Феълан баҳсам ин нест, ки ҷаноби Зуҳуров дар ин иддао рост мегӯяд ё дурӯғ (ва худаш ҳам медонад, ки дурӯғ мегӯяд), баҳсам ин нест, балки баҳси банда ин аст, ки таъкиди зиёди ҳокимон ва намояндаҳои кишварҳо бар лузуми риояти ин усул ва дам аз онҳо задан, далеле возеҳ бар ин матлаб аст, ки ин меъёрҳо ва ин усул имрӯза дигар аз “усули пазируфташуда” ҳастанд, ва агар ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба кишваре, ки давлаташ ба ин усул пойбанд нест эътироз кунад ва аҳёнан алайҳи якчунин кишваре иқдоми амалӣ ҳам намояд, касе намегӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли дахолат ба умури дохилии он кишвар аст. Ин кор дахолат ба умури дохилии кишварҳо тавсиф намешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ гуфта шуд, кишвари мустақил дар асри ҷаҳонӣ шудан, кишварест, ки ба ин “усули пазируфташуда” — яъне демукросӣ, эъломияи ҳуқуқи башар ва озодиҳои мадании шаҳрвандон — пойбанд бошад. Ва ба гуфтаи соҳиби мақолаи “Ҳукуматҳои вобаста, режимҳои озодикуш”: “Агар моҳияти давлате ғайримардумӣ ва ғайридемукротик бошад, сиёсати хориҷии он низ ғайримардумӣ хоҳад буд. Ҳокимияти худкома, ки дар амалкарди дохилии худ ба саркӯби мардум мепардозад, дар амалкарди хориҷии худ низ муғойир бо манофеи мардум ва бинобар ин муғойир бо истиқлоли кишвар амал мекунад. Зеро маънои истиқлол амалан чизе ҷуз ҳокимияти ирода ва манофеи миллӣ ва мардумии як кишвар дар равобити хориҷии он нест. Дар чунин шароите, мушкил фақат ин нест, ки мазмуни амалкарди хориҷии давлат бо манофеи миллӣ ва мардумӣ муғойир аст, балки ба иллати фуқдони демукросӣ ва озодӣ, усулан имкони таҷаллӣ ва баёни иродаи миллӣ вуҷуд надорад ва бинобар ин имкони табалвур ва таърифи сиёсати хориҷии мустақил ба вуҷуд намеояд. Вақте мазмуни равобити хориҷӣ ва сиёсати хориҷии як кишвар хилофи манофеи мардум бошад, бадеҳист, ки мавриди таъйиди мардум ҳам нахоҳад буд. Ва дар чунин ҳолате, ҳокимиятҳо мекӯшанд, бидуни иттилоъ ва назорати мардум дар мавриди он тасмимгирӣ ва бидуни иттилоъ ва назорати мардум ҳам онро иҷро кунанд, гарчӣ ҳазинаи ҳамаи инҳо аз ҷайби мардум пардохт мешавад. Аз ин рӯ, дар ин гуна режимҳо тасмимоти ҳассос ва муҳим дар заминаи сиёсати хориҷӣ ҳам пушти дарҳои баста, дар ситодҳо ва дастгоҳҳои амниятӣ ва бидуни назар ва иттилои мардум — яъне соҳибони аслии ҳақ — иттихоз мешавад ва мардум танҳо замоне аз он чӣ солҳо ҷараён дошта иттилоъ меёбанд, ки дар заминае кори ин гуна режимҳо ба расвоиҳои байналмилалӣ бикашад ва моҷароҳо аз беруни марзҳо бармало шавад.”

Вай меафзояд: “Чунин ҳокимиятҳое аз фидо кардани ҳуқуқи мардум ва муъомила бар сари ин ҳуқуқ дар ҷиҳати таъмини манофеи гурӯҳӣ ё табақотии худ ибое надоранд ва барои тақвияти мавқеияти худ ба муомила бо қудратҳои хориҷӣ бештар тамоюл доранд, то нармиш дар баробари мардуми худ ва вогузории ҳуқуқи ғасбшудаи онон ба онҳо. Ба ин тартиб, режимҳое, ки ба иллати сиришти зидди демукротики худ, дар дохили кишвар ва дар миёни мардум машрӯият ва ҳимоят ва пойгоҳ надоранд, бо ба ҳароҷ гузордани истиқлол ва сарватҳо ва манофеи миллии кишвар, дар хориҷ барои худ ба ҷустуҷӯи ҳимоят бармеоянд ва он чиро аз мардуми худ ба сирқат бурдаанд, дар қолиби боҷ ё ҳаққуссукут ба қудратҳои хориҷӣ мепардозанд.”

Вай идома медиҳад: “Баръакс дар як ҳокимияти демукротик, ки муҷрии хост ва иродаи мардум бошад ва хатти машйи он аз манофеи мардум нашъат гирифта бошад ва аз он табаият кунад, амалкарди хориҷии он низ ба таври табиӣ бархоста аз ҳамон манофеъ ва дар маърази назорати демукротик яъне бо иттилоъ ва назари мардум ё намояндагони онҳо қарор мегирад. Бинобар ин ва бо таваҷҷӯҳ ба маҷмӯи он чӣ гуфта шуд, барои таъмини истиқлоли кишвар тазмине мутмаинтар аз демукросӣ вуҷуд надорад ва режиме, ки дар дохил саркӯбгар ва озодикуш аст, дар арсаи хориҷӣ низ аҳлият, салоҳият ва тавоноии таъмини истиқлоли кишвар ё ҳифзи онро нахоҳад дошт.”

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: