Рамазон Қодиров: “Ирсоли кӯмакҳои Чечен ба Руҳингиё оғоз шуда”

Раисиҷумҳури Чечен зимни эъломи ҳимояти кишвараш аз мусалмонони овораи Руҳингиё, бар лузуми ҳимояти сиёсӣ аз ин ақаллияти рондашуда таъкид кард.

Вай рӯзи гузашта бо интишори паёме дар сафҳаи Инстаграми худ навишт: “Намояндаи ман аз яке аз урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар ҳудуди 10 километрии марзи Миёнмор бо Банглодеш боздид кард. Беш аз 160 ҳазор нафар дар ин макон ҳузур доранд. Бунёди Қодиров эъзоми маводди ғизоиро аз фардо оғоз мекунад ва дар рӯзҳои оғозини октябр ҳам либос дар ихтиёри 10 ҳазор кӯдак ва 5 ҳазор ҷавон қарор мегирад.”

Қодиров ҳамчунин навишт: “Руҳингиё ҷанг намехоҳад, балки хостори ҳимояти сиёсӣ аст, то ба ин васила сулҳ истиқрор ёбад.”

Чанд рӯз пеш, ҳазорон нафар аз мардуми Чечен дар ҳимоят аз мусалмонони Руҳингиё тазоҳурот барпо карданд. Тазоҳуроти 4 сентябр дар муқобили масҷиде дар маркази Грозний дар эътироз ба хушунатҳои давлати Миёнмор алайҳи мусалмонони ин кишвар баргузор шуд ва Қодиров ва Муҳаммад Довудов, раиси порлумони Чечен ва дигар мақомот ва руҳониюни ин минтақа низ дар ин тазоҳурот ҳозир шуданд.

Ҳазорон нафари дигар низ рӯзи 3 сентябр тазоҳуроти мушобеҳеро дар муқобили сафорати Миёнмор дар Маскав ва Махачқалъа пойтахти Доғистон баргузор карданд.

Созмони Милал имрӯз (ҷумъа, 08.09.2017) дар баёнияе эълом кард, ки теъдоди куштаҳои мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор беш аз ҳазор нафар аст. Манобеи вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид чанд рӯзи гузашта эълом карда буданд, ки дар пайи ҳамалоти хушунатбори артиши Миёнмор ба мусалмонони Руҳингиё, ҳудуди 38 ҳазор руҳингиёӣ то рӯзи 31 август аз марз гузашта ва вориди Банглодеш шудаанд.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: