Гуфтугӯи амири Қатар бо валиаҳди Арабистони Саудӣ бо ҳамоҳангии Тромп

Шабакаи хабарии Sky News дақоиқе пеш дар хабаре фаврӣ, аз тамоси телефонии Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ бо ҳамоҳангии Дунолд Тромп хабар дод.

Sky News ба нақл аз хабаргузории расмии саудӣ эълом кард, ки Шайх Тамим дар ин тамоси телефонӣ тамоюли худро барои музокира ва баррасии хостаҳои чаҳор кишвари арабӣ (Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср) эълом кард.

Sky News афзуд, ки Муҳаммад бен Салмон аз тамоюли Шайх Тамим, амири Қатар, дар ин бора истиқбол кардааст.

Ин шабакаи хабарӣ хотирнишон кард, ки ҷузъиёти ин мавзӯъ пас аз ин ки Арабистон бо Аморот, Баҳрайн ва Миср дар ин бора ба тафоҳум расиданд, эълом хоҳад шуд.

Хабаргузории Қатар низ гузориш дод: “Амири Қатар бо дархости валиаҳди саудӣ барои таъйини ду намоянда ба манзури баррасии ихтилофот миёни Дуҳа ва ин чаҳор кишвар ба гунае, ки муғойир бо ҳокимияти кишварҳо набошад, мувофиқат кардааст.”

Ин хабаргузорӣ афзуд, ки ин гуфтугӯ бо ҳамоҳангӣ аз сӯи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико анҷом шудааст.

Гуфтанист, Арабистон, Миср, Аморот ва Баҳрайн бо иддаои “ҳимояти Қатар аз теруризм” равобити худ бо ин кишварро қатъ карданд; мавзӯе, ки Дуҳа ҳамвора онро такзиб кардааст.

Кишварҳои таҳримкунандаи Қатар феҳристи шурути 13-гонаи худ барои азсаргирии равобит бо Дуҳаро аз сӯи Кувайт ба Қатар эълом карданд. Мақомҳои қатарӣ бо радди иттиҳоми ин кишварҳо, пешшартҳои онҳо барои азсаргирии равобитро муғойир бо ҳокимияти ин кишвар донистанд.

Аз ҷумлаи хостаҳои кишварҳои таҳримкунанда, таътилии шабакаи хабарии Алҷазира, баста шудани пойгоҳи низомии Туркия дар Қатар, таваққуфи ҳамкории низомии Онкоро бо Дуҳа, коҳиши равобити диплумотики Дуҳа бо Теҳрон, қатъи равобит бо Ихвонулмуслимин ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шумор меравад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: