Исроил нигарони чист?

Таҳлиле дар Russia Insider

Ҳадафи аслии Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил дар сафари ногаҳонӣ ба Сочӣ ва дидор бо раисиҷумҳури Русия, “ишораи ӯ ба ҳузури низомии Эрон дар Сурия” унвон шуд. Исроилиҳо талош доштанд, то иттилооти ҷадидеро ба Маскав ироа диҳанд. Илова бар ин, бархе аз матбуоти исроилӣ хабар додаанд, ки Исроил мехоста гузоришҳоеро ба Маскав ироа диҳад, ки то пеш аз ин Вошингтун чандин бор онҳоро нодида гирифтааст.

Йоси Коэн — мудири Мусод, ва Меир Бен-Шаббат — раиси Шӯрои амнияти миллии Исроил низ дар канори нахуствазир ба Сочӣ мусофират карда буданд. Ин нишондиҳандаи аҳаммияти вежаи ин нишаст барои Исроил ва Натонёҳу буд. Гузоришҳо мегӯянд, ки барномарезӣ барои ин мусофират се соат ба тӯл анҷомид бо вуҷуди ин ки раисиҷумҳури Русия барномарезии фишурдаеро дар Сочӣ дошт.

Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки Натонёҳу ду нигаронии умда дорад. Аввал ин ки: ӯ аз нерӯҳои довталаби эронӣ дар Сурия нигарон аст. Ҳамчунин, поён ёфтани сареъи ҷанги дохилӣ дар Сурия дар ҳоле, ки бо манофеи Исроил созгорӣ надорад, барои ӯ нигаронкунанда аст. Ба унвони мисол, минтақаи “Қаламуни ғарбӣ” дар 20 километрии шимоли Исроил, аз нуқоти нигаронии исроилиҳост. Минтақае, ки аз чанголи ДОЪИШ берун омад ва бояд интизор дошт, ки воҳидҳои артиши миллии Сурия, ки бо нерӯҳои эронӣ ҳамкорӣ доранд, дар онҷо мустақар шаванд ва амнияти минтақаро дар даст бигиранд.

Бинобар ин, Исроил бо як муъзали ҷиддӣ рӯ ба рӯст. Исроилиҳо намехоҳанд иҷоза диҳанд, ки Димишқ дубора дар баландиҳои Ҷулон ва дар наздикии марзҳои Исроил соҳиби қудрат шавад. Ба ин тартиб, тамоми истротежии Натонёҳу барои ҳимоят аз мухолифони Асад шикаст хоҳад хӯрд. Бовари ин ҳақиқат зарбае сахт ба кобинаи Натонёҳу аст, ки дар шароити муносибе қарор надорад. Ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳам хеле хунсардона дар қиболи ин масъала рафтор кардааст. Ба ин тартиб, Исроил бояд бо чизе рӯ ба рӯ шавад, ки аз он ваҳшат дорад: қарор гирифтан дар маърази Ҳизбуллоҳ ва вуҷуди як марзи хокӣ бо Теҳрон ва Лубнон ва тарафдорони Эрон дар Сурия. Агар чунин хатте ба вуҷуд биёяд, барои Исроил зарурӣ аст, ки ба таври мудовим аз тавони низомии артиши худ дар марзҳо истифода кунад.

Мушкил вақте барои Исроил талхтар мешавад, ки бидонем сулҳбонони таҳти назорати Русия дар 10 истгоҳ ба фосилаи 13-километрӣ дар марзҳои ғарбӣ ва ҷануби ғарбӣ дар Сурия мустақар шуда, то манотиқи амнро ташкил диҳанд. Кори ин сулҳбонон ҳатто ба мувофиқати Иёлоти Муттаҳида низ расида ва тавассути онҳо ба расмият шинохта шудааст. Далоили хубе вуҷуд дорад, ки Исроил аз эҷоди манотиқи амн бо сулҳбонони таҳти назорати Русия, хушнуд набошад. Зеро бо вуҷуди ин сулҳбонон, барои Исроил содда нахоҳад буд, ки убури авомили Ҳизбуллоҳро ба самти Исроил назорат кунад.

Рӯзҳое, ки Асад барои бақои худ ниёз ба нерӯҳои хориҷӣ дошт, ба поён расидааст. Асад барои контроли марзҳои худ, ниёзе ба нерӯҳои хориҷӣ надорад ва аз нерӯҳои кофӣ бархӯрдор аст. Ба ҳамин далел, Натонёҳу саъй дорад Маскавро мутақоъид кунад, ки истиқрори сулҳбонҳо далеле барои ҳамлаи эрониҳо ба марзҳои Исроил хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир, нерӯҳои эронӣ дар Сурия силоҳҳои сангин дар ихтиёр надоранд, аммо имкони фароҳам сохтани он барояшон мақдур аст. Ин масъала танҳо ба салоҳдид ва манофеи русҳо ва нозирони онҳо дар минтақа бастагӣ дорад. Иддаои Маскав мабнӣ бар талош барои ҳифзи амнияти Исроил, нигарониҳои амниятии Исроилро бартараф намекунад, балки онҳо ниёз ба тазмин ва амниятии воқеӣ доранд, на тазоҳури сирф.

Ояндаи даргириҳо ва нигарониҳои мавҷуд, то ҳадди зиёде ба мавзеи Иёлоти Муттаҳида бастагӣ дорад. Мақомоти исроилӣ эътироф доранд, ки Натонёҳу бо вуҷуди тамоми нигарониҳо ва таҳдидҳое, ки аз он сӯҳбат шуд, бидуни муҷаввиз ва таъйиди Вошингтун даст ба амалиёти низомии ҷиддӣ дар Сурия нахоҳанд зад. Барои ҳамин, бояд дид, ки оё Кохи сафед аз пули пурпечу хами оштӣ ва сулҳ дар Сурия убур хоҳад кард ё ин ки мехоҳад ин кишвар дубора дар ҳарҷу марҷи комил фурӯ биравад, то тавозуни қудрати феълӣ бори дигар барҳам бирезад? ДОЪИШ дар остонаи фурӯпошии комил дар Сурия қарор дод. Баъд аз ин фурӯпошӣ, бояд дид хатти ҷабҳаи ҷадиди муттаҳидони Омрико дар Сурия чӣ гуна шакл хоҳад гирифт.

Маорив, рӯзномаи барҷастаи исроилӣ, ба дурустӣ мегӯяд, ки ҷаласаи ногаҳонии 23 августи исроилиҳо дар Сочӣ, “ин воқеияти ғамангезро тағйир надод, ки вақте пойи Эрон дар миён бошад, Исроил ҳеч муттаҳиди воқеӣ дар саҳнаи байналмилалӣ надорад.” Ин нашрия дар идома Натонёҳуро муттаҳам кард, ки қодир нест ҳимояти сиёсатмадороне (раисиҷумҳури Омрико ва Русия)-ро касб кунад, ки онҳоро бо ифтихор дӯстони худ меномад. Оё дӯстӣ шомили масхара шудан аз сӯи фардест, ки “дӯст” номида мешавад?

Russia Insider

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: