Руҳонӣ фаро расидани солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Дар ҳоле, ки ҳеч як аз расонаҳои вобаста ба давлати Тоҷикистон, паёми табрики раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва миллати Тоҷикистонро мунъакис накардаанд, хабаргузориҳои дохилии Эрон ин паёмро ба сурати густарда бозтоб додаанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раисиҷумҳури Эрон, Руҳонӣ дар ин паём бо табрики фаро расидани 26-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тасреҳ кардаст: “Пайвандҳои дерина ва ногусастании фарҳангӣ-тамаддунӣ байни ду миллат, пуштвонаи бебадил ва поённопазире аст, ки равобити фимобайн бар пояи он эҷод ва истиқрор ёфтааст.”

Матни паёми Ҳасани Руҳонӣ ба ин шарҳ аст:

* * *

Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим

Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон

Фаро расидани 26-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаноби олӣ ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.

Пайвандҳои дерина ва ногусастании фарҳангӣ-тамаддунӣ байни ду миллат, пуштвонаи бебадил ва поённопазире аст, ки равобити фимобайн бар пояи он эҷод ва истиқрор ёфтааст.

Умедворам дар партави ин пайвандҳо ва иштирокоти ҳамаҷониба байни ду миллат, муносиботи фимобайн дар ҷиҳати таъмини манофеи муштарак ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ тавсиъа ва тадовум ёбад.

Аз Худованди Мутаол, саломатии он ҷаноб ва сарбаландии мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистонро масъалат дорам.

Ҳасани Руҳонӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон



Рубрики:Пароканда, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: