Ардуғон: “Ҳамроҳ бо Эрон барои кӯмак ба мусалмонони Миёнмор иқдом мекунем”

Раисиҷумҳури Туркия дар дидор бо ҳамтои эронии худ дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо баёни ин ки “бояд ба масъулони Миёнмор барои таваққуфи фаврии хушунатҳо ҳушдори ҷиддӣ бидиҳем”, изҳор дошт: “Дар иҷлоси фардо, баёнияе дар заминаи Миёнмор содир мекунем, бо Эрон дар ин замина иқдомоти муштараке анҷом хоҳем дод.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия, шомгоҳи шанбе дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо ҳам дидор ва гуфтугӯ анҷом доданд.

Руҳонӣ дар ин дидор изҳори умедворӣ кард, ки бо сафари қарибулвуқӯи раисиҷумҳури Туркия ба Эрон ва ташкили Шӯрои олии ҳамкории роҳбурдии ду кишвар, шоҳиди таҳарруки бештар дар равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили минтақаӣ бошем.

Вай гуфт: “Эрон ва Туркия ду кишвари бузург ва таъсиргузор дар масоили минтақа ҳастанд ва ҳамкориҳои густардаи онон дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла мубориза бо теруризм ва эҷоди субот дар минтақа, бисёр муассир будааст. Умедворам, ҳамкориҳои Эрон ва Туркия дар канори Русия, дар эҷоди субот ва амният дар Сурия низ ҳарчи сареътар ба натиҷаи ниҳоӣ бирасад.”

Руҳонӣ бо ишора ба ин ки теруризм дар минтақа дар масири шикаст қарор дорад, изҳор дошт: “Албатта роҳи тӯлонӣ то решакан шудани теруризм боқӣ монда, ки умедворам бо таваҷҷӯҳ ба иштироки назари ду кишвар дар мубориза бо ифротигарӣ ва хушунат, Эрон ва Туркия дар ин масир низ ҳамкориҳои хубе дошта бошанд.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Дар масоили минтақа иродаи ҳар ду кишвар субот дар марзҳои ҷуғрофиёӣ ва тамомияти арзии ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа аст. Ҳар гуна тағйир дар марзҳо, ба маънии шурӯи танишҳои бузург ва ба зарари миллатҳои минтақа хоҳад буд.”

Руҳонӣ дар идома бо ишора ба вазъияти ғамбори мусалмонони Миёнмор таъкид кард: “Дар Миёнмор фоҷеаи бузург дар ҳоли рух додан аст ва таваққуфи сареъи хушунатҳо ва ҷиноят алайҳи мусалмонони Руҳингиё ва расидагии фаврӣ ба вазъияти осебдидагон ва паноҳандагон бояд ҳадафи ҷамъии сарони кишварҳои исломӣ бошад.”

Руҳонӣ бо ишора ба ин ки “кӯмакҳои инсондӯстонаи Эрон ба зудӣ барои мусалмонони осебдидаи Миёнмор ирсол мешавад, гуфт: “Ҳамфикрӣ ва ҳамкории кишварҳои исломӣ ва бавежа Эрон ва Туркия дар ин замина, метавонад бисёр муҳим ва таъсиргузор бошад.”

Вай афзуд: “Эрон ва Туркия ва дигар кишварҳои исломӣ бояд дар канори кӯмакҳои инсонӣ ба мусалмонон дар Миёнмор, ба дунболи эҷоди фишори байналмилалӣ бар давлати Миёнмор барои таваққуфи хушунатҳо алайҳи мусалмонон бошанд. Умедворам, нишасти фардо дар бораи Миёнмор, паёми бисёр равшан ва қавӣ ба касоне бидиҳад, ки дар Миёнмор алайҳи мусалмонон эъмоли хушунат мекунанд.”

* * *

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия низ дар ин дидор, бо ибрози хушнудӣ аз равобити бисёр наздик ва дӯстонаи кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Ду кишвар барномаҳои мутаъаддиде барои тавсиъаи равобит дар заминаҳои мухталиф доранд.”

Вай, иттиҳоди Эрон ва Туркия дар заминаи мубориза бо теруризмро бисёр муҳим донист ва тасреҳ кард: “Муборизаи муштараки ду кишвар бо теруризм дар суботи минтақа бисёр таъсиргузор буда ва ҳаст. Теҳрон ва Онкоро бояд қадамҳои муштараке дар ин замина бардоранд.”

Ардуғон бо баёни ин ки даргириҳои чандсолаи ахир дар Сурия нишон дод, ки мушкилот аз тариқи низомӣ қобили ҳаллу фасл нестанд ва бояд аз роҳи диплумосӣ масъаларо ҳал кард, хотирнишон кард: “Сурия гаҳвораи маданият дар минтақа аст ва набояд иҷоза дод қудратҳои хориҷӣ Сурияро ба нафъи худашон саҳмбандӣ кунанд.”

Ардуғон, Эрон ва Туркияро кишварҳои бузурги минтақа донист ва бо таъкид бар ин ки ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳар заминае созанда аст, гуфт: “Ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои минтақа бисёр муҳим аст.”

Раисиҷумҳури Туркия бо ироаи тавзеҳоте дар бораи кӯмакҳои кишвараш ба мусалмонон дар Миёнмор изҳор дошт: “Бисёр умедворам дар Иҷлоси фардо баёнияе дар заминаи Миёнмор содир кунем. Метавонем бо Эрон дар ин замина иқдомоти муштараке дошта бошем ва бояд ба масъулони Миёнмор барои таваққуфи фаврии хушунатҳо ҳушдори ҷиддӣ диҳем.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: