Мирзиёев: “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар дидор бо Ҳасани Руҳонӣ, ҳамтои эронии худ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазоқистон, бо таъкид бар ин ки “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”, аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Ӯзбакистон даъват кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи якшанбе (10.09.2017) дар дидори Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазоқистон анҷом шуд, дидори мақомҳои аршади ду кишварро баёнгари “иродаи мустаҳками ду давлат барои равобити наздиктар ва густардатар” донист.

Руҳонӣ бо истиқбол аз тавсиъаи равобити Теҳрон – Тошканд дар ҳамаи арсаҳо бавежа тиҷорӣ ва иқтисодӣ, тасреҳ кард, ки ҳеч монеъе дар масири тавсиъаи равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ӯзбакистон ба унвони як кишвари дӯст вуҷуд надорад.

Раисиҷумҳури Эрон ба зарфиятҳои густардаи Эрон ва Ӯзбакистон барои тавсиъаи ҳамкориҳо ишора ва изҳор кард: “Мо аз ҳузур ва фаъолияти корофаринон ва сармоягузорони ӯзбакистонӣ дар Эрон ва мутақобилан аз ҳузури сармоягузорони эронӣ дар Ӯзбакистон истиқбол мекунем.”

Руҳонӣ дар мавриди барномаи густардаи транзитӣ ва ҷоддаӣ ва релии Эрон гуфт: “Замина барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи энержӣ ва марокизи илмӣ ва таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар ҳамвор аст ва Теҳрон метавонад ниёзмандиҳои Ӯзбакистон ба энержиро таъмин кунад.”

Вай дар идома, тасреъ дар тақвияти иртибототи бонкӣ миёни ду кишварро зарурӣ хонд ва ёдовар шуд: “Тавсиъаи ҳамкориҳои бонкӣ ба унвони зербинои табодулоти иқтисодӣ метавонад сатҳи равобити тиҷории ду кишварро беш аз пеш иртиқо бахшад.”

Раисиҷумҳури Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ, бо баёни ин ки ислом дини раҳмат, бародарӣ ва гузашт аст, ба шикастҳои пай дар пайи теруристҳо дар Ироқ ва Сурия тайи моҳҳои ахир ишора ва изҳор кард: “Имрӯз ифротигарӣ ва теруризм кулли минтақаро таҳдид мекунад ва мо омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна дар мубориза бо теруризм ҳастем.”

* * *

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон низ ин дидорро “дидоре таърихӣ” ва “нуқтаи атфе дар гушудани фасли навин дар ҳамкориҳои дуҷониба” донист ва таъкид кард: “Тошканд омода аст равобити худро бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа, беш аз пеш тавсиъа диҳад.”

Мирзиёев, ҳамлу нақлро аз заминаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар зикр кард ва гуфт: “Тошканд барои коридори чаҳорҷонибае, ки аз тариқи он ба халиҷи Форс ва соири нуқоти ҷаҳон муттасил мешавад, аҳаммияти зиёде қоил аст ва манофеи ду кишвар дар гарави ҳамкорӣ бо якдигар дар ин арса аст ва Эрон низ метавонад тавлидоти худро аз тариқи Ӯзбакистон дар ихтиёри кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна қарор диҳад.”

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳамчунин хоҳони тавсиъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои донишгоҳӣ, энержӣ ва мубориза бо теруризм ва ифротигарӣ шуд.

Мирзиёев ҳамчунин изҳор кард, ки ин кишвар аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад.

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар идомаи ин дидор, аз дуктур Руҳонӣ барои сафари расмӣ ба Ӯзбакистон даъват кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: