“Тафриқа дар байни мусалмонон омили таҳаққуқи аҳдофи шуми кишварҳои дигар шуда”

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт: “Ҷудоӣ ва тафриқа дар байни мусалмонон боис шуда кишварҳои хориҷӣ аз он барои расидан ба аҳдофи шуми худ истифода кунанд.”

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар Иҷлоси Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илму фанноварӣ, бо ибрози нигаронӣ аз вақойеи ахир дар Миёнмор, хостори поён додан ба ин даргириҳо шуд.

Вай гуфт: “Остона нигаронии худ нисбат ба вақойеи ахир дар Миёнморро иброз медорад ва аз ҳамаи тарафҳо хостори поён додани сареъи хушунат ва гуфтугӯ дар чорчӯби Созмони Милал мебошад.”

Назарбоев дар идома бо таассуф изҳор дошт: “Ахиран уммати исломӣ дар баробари озмоишҳои душворе қарор гирифтаанд, ки густариши созмонҳои ифротӣ ва теруристӣ аз ҷумлаи он мебошанд.”

Вай, бо баёни ин ки чунин иқдомот боиси афзоиши исломситезӣ мешавад, гуфт: “Дар кишварҳои ғарбӣ сол ба сол иқдомоти ҷиноӣ алайҳи мусалмонон рӯ ба афзоиш аст.”

Назарбоев дар идома бо ишора ба адами вуҷуди ваҳдат дар ҷаҳони ислом, ки беш аз 1.5 милёрд ҷамъиятро дарбар мегирад, идома дод: “Ҷудоӣ ва тафриқа дар миёни мусалмонон боис мешавад, то кишварҳои хориҷӣ аз он барои расидан ба аҳдофи худ истифода кунанд.”

Вай дар идома бо ишора ба ин нишаст дар ҳавзаи илму фанноварӣ дар Остона, пешниҳод кард, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ гурӯҳеро ҳамонанди “G-20” аз ҷумла 15 кишвари пешрафтаи кишварҳои исломӣ, ташкил диҳанд.

Назарбоев гуфт: “Фикр мекунам бояд гурӯҳи ғайрирасмӣ ҳамонанди “G-20” барои тавсиъаи илм ва иқтисод дар ҷаҳони ислом аз ҷумла 15 кишвари пешрафтаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ташкил шавад.

Назарбоев дар идома ташкили чунин гурӯҳеро барои тавсиъаи илму фанноварӣ дар маҳдудаи кишварҳои мусалмоннишин бисёр муҳим унвон кард.

Вай ҳамчунин гуфт: “Равобити дини ислом бо адёни дигари ҷаҳон низ бояд тавсиъа ёбад ва чунин иҷлосҳо, ки ҷаҳони исломро бо ғарб наздик мекунанд, боисте ба таври муназзам баргузор шаванд.”

Назарбоев дар бахши дигаре аз суханони худ хитоб ба ширкаткунандагони ин иҷлос хостори тавсиъаи фаъоли фаъолиятҳои илмӣ дар чорчӯби Ҳамкории Исломӣ ва эҷоди сандуқи илмӣ ва иттилоотии ҷаҳони ислом шуд.

Вай саҳми дини ислом дар тавсиъаи тамоми башарро қобили таваҷҷӯҳ унвон карда гуфт: “Замоне тамаддуни исломӣ пешрафтатарин тамаддун дар ҷаҳон ба шумор мерафт ва пояи иқтисод, риёзӣ ва пизишкии муосир бо номҳои донишмандони бузурги исломӣ муртабит аст.”

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ, ҳамчунин ба сарон ва намояндагони кишварҳои исломӣ пешниҳоди сармоягузорӣ дар илми кишоварзиро кард.

Вай гуфт: “Мо бояд илми кишоварзиро тавсиъа ва фанновариҳои ҷадидро вориди ин арса ва амнияти ғизоиро тақвият бахшем.”

Назарбоев хотирнишон кард: “Тавсиъаи илму фанноварӣ танҳо дар шароити истиқрори сулҳу субот имконпазир аст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: