Ҳақиқати рухдодҳои Миёнмор аз забони як фаъоли сиёсии миёнморӣ

Ней Сон Луин (Nay San Lwin), рӯзноманигор ва фаъоли миёнморӣ, дар як мусоҳиба, ҳақиқати он чи дар ҳоли ҳозир дар Миёнмор дар ҳоли рух додан аст, ташреҳ кардааст.

Беш аз ду ҳафта аст, ки масъалаи саркӯби ақаллияти мусалмони Руҳингиё дар Миёнмор, бори дигар ба титри аввали расонаҳо табдил шудааст. Бино бар оморҳои расмӣ, аз оғози даври тозаи ҳамалот ба ин ақаллият, наздик ба 300 ҳазор нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ ва ҳаракат ба самти Банглодеш шудаанд.

Хабаргузории Форс бо Ни Сон Луин (Nay San Lwin) рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии миёнморӣ, гуфтугӯ кардааст. Луин дар ин мусоҳиба гуфт: “Кори имрӯзи давлати Миёнмор, як поксозии қавмӣ аст. Мо бумии устони Орокон (номи пешини Рохин) ҳастем, вале давлат мехоҳад ба ҳар наҳве моро аз инҷо берун кунад.”

Ба гуфтаи Луин, даври ҷадиди даргириҳо пас аз он оғоз шуд, ки артиши Миёнмор ба баҳонаи муқобила бо гурӯҳе аз ҷавононе, ки силоҳи сард ба ҳамроҳ доштанд, ғайринизомиёнро ҳадафи ҳамла қарор дод.

Ин фаъоли миёнморӣ мегӯяд, арзёбиҳои маҳаллӣ аз кушта шудани беш аз 4000 нафар дар ҳамалоти ҳафтаҳои ахири артиш ва ифротгароёни маҳаллӣ ба ақаллияти мусалмон ҳикоят дорад.

Вай гуфт: “Нерӯҳои давлатӣ ҳатто ба кӯдакон ва пирон ҳам раҳм намекунанд ва гузоришҳои зиёде аз шиканҷа, фалаҷ шудан ва кушта шудани онҳо бо тири мустақими нерӯҳои давлатӣ вуҷуд дорад.”

Ӯ, бо баёни ин ки дар ҳамалоти ахир ба ақаллияти Руҳингиё, фақат дар як русто 1000 нафар ва дар як рустои дигар 1500 нафар кушта шудаанд, гуфт: “Мо омори куштаҳоро ҳаддиақал 4000 нафар эълом мекунем, вале мутмаиннан омор бештар аз ин аст, вале касе ҳаққи вуруд ба рустоҳо ва касби омори дақиқро надорад.”

Ба гуфтаи Луин, то кунун ҳудуди 300 ҳазор нафар аз Руҳингиё вориди Банглодеш шудаанд ва 200 ҳазор нафари дигар ё пушти марзҳо ҳастанд ё дар садади ёфтани роҳе барои расидан ба марз.

Вай афзуд: “Мардуме, ки ҳанӯз дар рустоҳои худ дар устони Рохин мондаанд, ҳаққи харид аз мағозаҳои атрофро надоранд ва захираи ғизоияшон ҳам рӯ ба итмом аст. Онҳо дар чанд рӯзи оянда дучори гуруснагӣ хоҳанд шуд. Барои ин афрод, давлат дигар ниёзе ба куштори дастаҷамъӣ надорад ва бо идомаи ҳамин гуруснагӣ, сокинони русто худашон хоҳанд мурд. Аз минтақае, ки рустоҳои Руҳингиё дар онҷо воқеъ аст то марзи Банглодеш, байни 7 то 10 рӯз бо пойи пиёда роҳ аст ва гузоришҳои зиёде дорем, ки кӯдакони бисёре дар ҳамин масир, аз гуруснагӣ ва ташнагӣ мурдаанд.”

Вай, бо баёни ин ки руҳингиёиҳо пеш аз ҳамлаи “Кунбоунг” ба устони Орокон дар соли 1784, дар ин ноҳия зиндагӣ мекардаанд, вале давлат ҳамеша таърихи тӯлонии ҳузури онҳо дар ин минтақаро рад мекунад, гуфт: “Давлат заминҳои моро мехоҳад ва ба ҳамин хотир аст, ки моро ба банголӣ будан муттаҳам мекунад.”

Ин фаъоли руҳингиёӣ афзуд: “Мо банголӣ нестем. Мо зоҳире ҳамчун дигар сокинони ҷануби шарқи Осиё дорем ва ба ҳамин хотир аз назари зоҳирӣ ба банголиҳо шабоҳат дорем, вале забон ва фарҳанги мо бо онон мутафовит аст. Давлат аммо ҳамеша ба шабеҳ будани зоҳири мо такя мекунад. Дар устони Орокон ду ақаллияти қавмии дигар ба номҳои “Доинҷент” ва “Моромоҷӣ” ҳузур доранд, ки зоҳир ва забоне ҳамсон бо Руҳингиё доранд, вале аз онҷо, ки мусалмон нестанд, ҳуқуқи комили шаҳрвандӣ ба онҳо дода шудааст.”

Вай афзуд: “Пас аз истиқлоли Бирма дар соли 1948, мо ба унвони яке аз ақаллиятҳои расмии кишвар шинохта шудем ва ҳуқуқи комили шаҳрвандӣ доштем, аммо пас аз тағйири қавонини шаҳрвандӣ дар соли 1982, ба мардуми бекишвар дар кишвари худамон табдил шудем.”

Ӯ дар посух ба ин суол, ки кишварҳои исломӣ то кунун чӣ иқдомоте барои кӯмак ба ин ақаллият анҷом додаанд, гуфт: “Агар кишварҳои мусалмон камокон ба судури баёния ва маҳкумияти хушунатҳои эъмолшуда алайҳи мусалмонони Руҳингиё басанда кунанд, коре аз пеш нахоҳад рафт.”

Вай афзуд: “Созмони ҳамкориҳои исломӣ 57 узв дорад ва ҳамаи онҳо бояд ба давлати Миёнмор фишор биёваранд ва ба руасои давлати Миёнмор ҳушдор диҳанд, ки дар сурати идомаи раванди феълӣ, робитаи тиҷории ҳамаи кишварҳои мусалмон бо Миёнмор ба зудӣ қатъ мешавад. Фақат таҳрими тиҷорӣ аст, ки метавонад коре аз пеш бибарад ва хушунатҳоро мутаваққиф кунад. Давлати Миёнмор хеле аз паёмадҳои таҳрими тиҷорӣ метарсад.

Вай афзуд: “Давлати Молдив ҳафтаи гузашта баёнияи шадидуллаҳне содир кард ва равобити тиҷорӣ бо Миёнморро қатъ кард. Ин кори Молдив намунаи бисёр хубе барои дигар кишварҳои исломӣ аст. Дигар кишварҳои мусалмон ҳам бояд ҳамин корро бикунанд ва то ҳангоми эҳқоқи ҳамаи ҳуқуқи Руҳингиё ва бозгардонда шудани ҳуқуқи шаҳрванди ба онон, ин корро идома диҳанд. Ин танҳо роҳи ҳал пеши рӯи кишварҳои исломӣ аст.”

Луин афзуд: “Ҳафтаи гузашта Он Сон Су Чӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел, дар посух ба суоле дар мавриди Руҳингиё гуфт, ахбори мунташиршуда дар мавриди нақзи ҳуқуқи ақаллияти мусалмон дар Миёнмор “ҷаълӣ” аст ва артиш дар ҳоли мубориза бо теруристҳост. Ҳеч асаре аз Алқоъида, ДОЪИШва ё ҳар ҷангҷӯи хориҷӣ дар миёни ҷавонони Руҳингиё нест ва ҳатто “Артиши озодибахши Руҳингиёи Орокон”, ки масъулияти ҳамалоти 9 октябри соли гузашта ва 25 августи имсол бар гардани онҳост, дар ҳақиқат ҷавононе ҳастанд мусаллаҳ ба силоҳи сард. Онҳо фақат дар ҳамлаи 9 октябр ба 3 посгоҳи пулис, ба силоҳи гарм даст ёфтанд.”

Вай афзуд: “Он сон Су Ҷӣ ҳам тарафи низомиёнро мегирад. Аз ӯ интизори ҳимоят аз мусалмононро надошта бошед. Ӯ моро терурист мехонад.”

Луин бо баёни ин ки аъзои Шӯрои амният ва қудратҳое чун Русия, Чин, Омрико ва Ҳинд ба далели равобити тиҷории густарда то кунун иқдоме алайҳи Миёнмор анҷом надодаанд, дар мавриди кӯмаки кишварҳои исломӣ ба ақаллияти Руҳингиё гуфт: “Эрон то кунун маҳмулаҳое барои паноҳҷӯёни Руҳингиё дар минтақаи марзии Банглодеш фиристода, вале дар ҳоли ҳозир авзоъи ин мардум дар минтақаи мазбур бисёр номуносиб аст ва интизор дорем, ки кишварҳои кӯмаккунанда сарпаноҳе барои онҳо бисозанд, чун онҳо ба ин зудӣ ба Миёнмор бознахоҳанд гашт.”

Вай дар поён гуфт: “Шикоят аз давлати Миёнмор дар девони кайфарии байналмилалӣ ҳам коре аз пеш нахоҳад бурд, чун Миёнмор дар ин додгоҳ узв нест. Танҳо роҳи эъмоли фишори ҳуқуқӣ бар давлати Миёнмор, судури қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал аст.”

Тасовире аз авзои мусалмонони Руҳингиё аз сафҳаи Фейсбуки Ней Сон Луин:



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: