Ҳушдори Омрико ба Ато Муҳаммад Нур

Як расонаи афғонистонӣ гузориш дод, ки мақомоти омрикоӣ дар талош барои ҳалли кашмакашҳои Арги риёсати ҷумҳурӣ бо волии Балх, ба Ато Муҳаммад Нур ҳушдор додааст, танҳо дар сурате, ки даст аз мухолифат бикашад, дар қудрат боқӣ хоҳад монд.

Ба гузориши Хабарёл, мақомоти омрикоӣ дар Афғонистон аз Ато Муҳаммад Нур, волии Балх хостаанд, ки агар мехоҳад дар қудрат боқӣ бимонад, бояд даст аз мухолифат бо Арги риёсати ҷумҳурӣ бардорад.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти омрикоӣ дар Афғонистон талош доранд, то ба кашмакашҳои сиёсӣ миёни Ато Муҳаммад Нур ва Арги риёсати ҷумҳурӣ поён диҳанд.

Дар ҳоле, ки ба назар мерасад Ашраф Ғанӣ барои барканории Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балх талош дорад, мақомоти омрикоӣ бо тарафҳои даргир дидор кардаанд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти омрикоӣ дар дидор бо волии Балх зимни ҳушдор дар мавриди паёмадҳои таниш бо Арги риёсати ҷумҳурӣ, пешниҳодҳое низ ироа кардаанд.

Аммо ин расона аз ин ки пешниҳодҳои мақомоти омрикоӣ ба Ато Муҳаммад Нур чӣ буда, чизе нанавиштааст.

Гарчи танишҳо миёни Ато Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ дар чанд соли ахир вуҷуд дошта, аммо пас аз саркӯби мӯътаризони Кобул ва ташкили Эътилофи наҷот, танишҳо байни волии Балх ва Арги риёсати ҷумҳурӣ ташдид ёфтааст.

Эътилофи наҷоти Афғонистон ба ибтикори Ато Муҳаммад Нур дар тавофуқ бо женерол Дӯстум ва Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини риёсати иҷроӣ, чанд моҳ қабл дар Туркия бо ҳадафи эъмоли фишор бар Ашраф Ғанӣ ташкил шуд.

Пас аз он ки нерӯҳои хориҷӣ ба дастури Ашраф Ғанӣ аз фуруди ҳавопаймои женерол Дӯстум дар фурудгоҳи Мазори Шариф ҷилавгирӣ карданд, Ато Муҳаммад Нур ба нерӯҳои хориҷӣ ва сафорати Омрико нисбат ба мудохила дар масоили дохилии ин кишвар ҳушдор дода буд.

Ин эътилоф, ки Ашраф Ғаниро ба эъмоли инҳисор дар ҳукумат муттаҳам мекунанд дар чанд моҳи ахир се гирдиҳамоии бузург баргузор карда ва хостори ислоҳот дар низом шудааст.

Вай дар изҳороти ахири худ ба Ашраф Ғанӣ ҳушдор дода буд, ки дар сурати нодида гирифтани шурути Шӯрои олии Эътилофи наҷот барои ислоҳот дар низом, аъзои ин эътилоф ҳукумати ваҳдати миллиро фалаҷ хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар низ Ашраф Ғани ба ҷои музокира ва таъомул бо мунтақидони сиёсии ҳукумат, роҳи муқобиларо дар пеш гирифтааст, ки дар натиҷа интизор меравад танишҳо байни ду тараф ҳамчунин афзоиш ёбад.

Ин дар ҳолест, ки Омрико барои иҷрои муваффақиятомези истротежии ҷадиди Вошингтун ниёз дорад то ба бӯҳрони сиёсии Афғонистон, ки дар натиҷаи кашмакаш байни ҳукумат ва мунтақидон ба вуҷуд омадааст низ расидагӣ кунад.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: