Ардуғон: “Вақти он расидааст, ки дигар ихтилофотро канор занем!”

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ва раиси давраии Созмони Ҳамкории Исломӣ, дар Иҷлоси илму фанноварии ин созмон дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо баёни ин ки “имрӯз мусалмонон бо сахтиҳое мувоҷеҳ ҳастанд ва кишварҳои исломӣ бояд аз ҳамаи имконот барои костан аз ин сахтиҳо истифода кунанд” изҳор дошт: “Бояд бо канор гузоштани ихтилофот, заминаро барои хотима бахшидан ба ҳаводиси ғамангези солҳои ахир барои мусалмонон фароҳам кунем ва набояд нерӯи худро дар бӯҳронҳо ҳадар бидиҳем.” Вай ҳамчунин ҷаҳони исломро ба дифоъ аз мусалмонони Миёнмор фаро хонд.

Ардуғон дар суханронии худ дар Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ҳавзаи илму фанноварӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, ҳамчунин бар ҳамбастагӣ ва ҳамёрӣ дар ҳавзаҳои мухталиф барои муқобила бо мушкилоти мусалмонон таъкид кард.

Вай бо баёни ин ки бидуни сулҳ, субот ва амният, расидан ба рушд ва тавсиъа муяссар нахоҳад шуд, изҳор кард: “Ҷаҳони ислом имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ ниёз дорад.”

Ардуғон изофа кард: “Туркия барои ҷилавгирӣ аз трожедии инсонӣ дар минтақа, хоҳони ҳамкорӣ бо давлатҳои Миёнмор ва Банглодеш аст ва интизорот ва аҳдофи худро барои ироаи кӯмак ба искони мусалмонони Руҳингиё, ки аз Миёнмор ба Банглодеш паноҳ овардаанд, ба давлати ин кишвар иблоғ кардааст.”

Вай таъкид кард: “Созмонҳои байналмилалӣ ба вежа намояндагони ҷаҳони ислом бояд аз ҳамаи зарфиятҳо барои хотима бахшидан ба ин рафтори ноодилона истифода кунанд.”

Ардуғон дар идома гуфт: “Ҳаргиз иҷозаи ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо ва ин ҳарами шарифро намедиҳем ва мо кишварҳои исломӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти тавҳиномез нисбат ба Масҷидулақсо, мавзеъи қотеъонатаре дошта бошем.”

Вай ҳамчунин тақвияти зерсохтҳои текникӣ ва ҳуқуқӣ барои муқобила бо ҳамалоти сойбериро зарурӣ донист ва афзуд: “Дар канори густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои илмӣ ва фанноварӣ, бояд як ҷиҳати сиёсӣ низ ба ин ҳамкориҳо дода шавад.”

Вай эълом кард: “Аз баргузории муназзами нишасти сарон барои пайгирии тасмимот дар ҳавзаи илму фанноварӣ ҳимоят мекунем ва умедворем ин нишаст мунҷар ба натоиҷи мусбат, рафоҳ ва сулҳ барои уммати ислом ва тамоми ҷаҳон бошад.”



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: