Боздошти ду мубаллиғи барҷаста дар Арабистони Саудӣ

Нерӯҳои амниятии Арабистони Саудӣ тайи рӯзҳои ахир ду мубаллиғи барҷастаи ин кишвар шайх Салмон ал-Авда ва Аваз ал-Қараниро боздошт кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, дастгоҳи амниятии Арабистони Саудӣ шайх Салмон ал-Авда, аз руҳониҳо ва мубаллиғони барҷастаи ин кишварро боздошт кардаст. Салмон ал-Авда, ки 14 милюн дунболкунанда дар Твиттер дорад, авоили ҳафтаи ҷорӣ боздошт шудааст.

Чанд рӯз пеш низ расонаҳо аз боздошти Аваз ал-Қаранӣ, яке дигар аз мубаллиғони барҷастаи саудӣ хабар доданд. Манобеъ мегӯянд, Ал-Қаранӣ рӯзи шанбе ба дасти нерӯҳои амниятии Арабистони Саудӣ баъд аз муттаҳам шудан ба ҳимоят аз Қатар боздошт шуд. Бар асоси ин гузориш, Ал-Қаранӣ ба зиндоне дар шаҳри Абҳо мунтақил шуд.

Бар пояи ин гузориш, дафтари подшоҳии Арабистони Саудӣ аз Ал-Қаранӣ ва Ал-авда хоста буд, ки аз мавзеи расмии Риёз дар бораи бӯҳрон бо Қатар ҳимоят кунанд, аммо ин ду рад карда ва дар натиҷа ба боздошт таҳдид шуда буданд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: