Мариус Фоссум: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз рафторҳои ғайринсонии ҳукумати Тоҷикистон чора биандешад”

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ, бо ишора ба фишор бар бастагони мухолифони сиёсӣ аз тарафи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз ин рафторҳои ғайриқонунӣ ва ғайринсонии ҳукумати Тоҷикистон чора биандешад, ва агар лозим шуд, бар ин кишвар “санксия” ҷорӣ кунад.

Субҳи имрӯз (11.09.2017) нишасти давраии САҲА, бо ғиёби намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, дар Варшав пойтахти Лаҳистон оғоз ба кор кард. Ҷаласаи субҳи имрӯз ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон ихтисос дошт.

Ба гузориши манобеи мо дар Варшав, масъули бахши осиёи миёнаии Созмони Human Rights Watch (HRW) Стив Свердлов ин барномаро оғоз ва сипас намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариус Фоссум дар бораи вазъияти ҳуқуқи инсон сӯҳбат кард.

Вай дар бахше аз суханони худ, дар бораи Исҳоқ Табаров ва фарзандонаш ва низ фишорҳое, ки бар хонаводаҳои фаъолони сиёсии тоҷик пас аз нишасти соли гузаштаи Варшав ва ҳамчунин пас аз ҳамоиши Дортмунд аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон сурат гирифт, сӯҳбат кард.

Мариус Фоссум дар суханони худ ҳамчунин бо ишора ба вакилони мудофеи тоҷик, дар бораи таҳти фишор ва шиканҷа қарор гирифтани наздикони онҳо аз тарафи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон сухан кард.

Ӯ гуфт: “Ин фишорҳо ба ҳеч ваҷҳ натавонист ҷилави фаъолияти аҳзоб ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва низ пеши роҳи фаъолони сиесии тоҷикро бигирад.” Вай афзуд: “Балки ман пештар дар роҳрав ва дар ин толор дидам, ки фаъолон беш аз гузашта фаъолтар ва зиёдтар ҳам шудаанд.”

Ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз ин рафторҳои ғайриқонунӣ ва ғайринсонии ҳукумати Тоҷикистон чора биандешад ва агар лозим шуд, бар ин кишвар “санксия” ҷорӣ кунад.

Девид Кей, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии андеша ва баён низ дар як сӯҳбати онлайн дар бораи поймолшавии ҳуқуқи инсон сӯҳбат кард. Ӯ ёдовар шуд, ки дар соли 2016 ба Тоҷикистон сафар ва аз наздик масоилро бо мақомот матраҳ кардааст, аммо ба гуфтаи ӯ, “то ҳол ба маҳдудсозии расонаҳо ва ҳуқуқи инсон нуқта гузошта нашуда”.

Дар идома, Стив Свердлов, масъули бахши осиёи миёнаии Созмони Human Rights Watch (HRW) дар бораи фишорҳо болои хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ оғоз ба сӯҳбат намуд. Ӯ аз ҳайатҳои ҳозир дар нишасти САҲА хост, аз ин хонаводаҳо ҳимоят ба амал оваранд. Вай ёдовар шуд, ки дар соли 2017 дар Тоҷикистон 53 ҳолати шиканҷа ва ҳудуди 90 ҳолати фишору таҳдид ба қайд гирифта шудааст.

То ин соат, ин нишаст дар ҳоли баргузорӣ аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: