Назари ҷамъе аз фаъолони сиёсии тоҷик дар бораи нишасти САҲА

Шуморе аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик назари худ ва низ интизороташон аз нишасти давраии САҲА дар Варшав ва натоиҷи он ва ин ки оё таъсире дар тағйири сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон хоҳад дошт ё на, иброз доштанд, ки ба шарҳи зерин аст:

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ:

Умедворам, ки дар хилоли нишасти навбатии САҲА ва пас аз он, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилот ва бӯҳрони сиёсии мавҷуд маълумоти бештар хоҳад гирифт. Ин бештар ба то чӣ ҳад муассир будани барномаҳои мухолифон дар ин нишаст рабт дорад ва эҳсос мешавад, ки ин бор мухолифони тоҷик бо омодагии бештар ва ҳузури муассиртар ворид шудаанд.

Аз ин рӯ, умедворам, чуноне ки дар конфронси соли гузаштаи Варшава табуи ҳукумат ба ларза даромад, ин дафъа хоҳад шикаст. Бале. Агар таъсир намедошт, ҷониби ҳукумат пеш аз баргузории ин нишаст ин қадар асабонӣ намешуд ва ултиматум намемонд.

Дар ҳоле ки ҳукумат аҳаммияти САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалиро хуб медонад, аммо барои саркӯби мухолифонаш омодаи ҳар гуна мухотараву риск ва нодида гирифтани манофеъи миллӣ мебошад.

Ба назари ман, ҳукуматдорон пас аз мамнӯъияти ҲНИТ ва зиндонӣ кардани беш аз 150 нафар аз масъулини аршади ин ҳизб, ҳеч гоҳ фикр намекарданд, ки ба чунин вазъияте ки ҳоло доранд рӯбарӯ хоҳанд шуд ва ба хотири мухолифонаш равобиташ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ тира мешавад.

Бар асоси маълумоти расида, ҳам Вазорати хориҷаву КДАМ ва ҳам дастгоҳи иҷроияи Президент ва ҳатто МТС дар ин замина сафарбар шудаанд, ки ин худ ба асабонияти раҳбарияти кишвар далолат мекунад.

Ҳамчунин сиёсат мисли зиндагӣ аст, ки: “Қатра-қатра ҷамъ гардад // В-он гаҳе дарё шавад”. Имрӯз агар дар ин конфронс, ки бузургтарин конфронси САҲА оиди ҳуқуқи башар дар сатҳи Европа ба ҳисоб меравад, зарба мехӯрад, чанде пеш дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мавриди интиқоди шадид қарор гирифт ва пеш аз он созмонҳои ҳуқуқи башар бо баёнияҳои тунд амалкарди ҳукуматро интиқод карданд, чаро ҳамаи инҳо таъсир надошта бошад?

Аз ҳама муҳимтар ин аст, ки бисёре аз созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар хостори таҳрими масъулини тоҷик, ки дар поймолшавии ҳуқуқи башар даст доранд, аз ҷумла манъи додани виза, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии онҳо ва маҳдудиятҳои молиявӣ шуданд. Ҳар як ҳукуматдор ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад номаш вориди листи сиёҳ ва мавриди таҳрим қарор бигирад.

* * *

Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ва фаъоли иҷтимоӣ:

Фикр мекунам, ки дар сиёсати Тоҷикистон нисбати мухолифин ва таъмини волоияти қонун ягон тағйироти ҷиддие рух намедиҳад. Чунки Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ ба мисли САҲА, ягон зарра ҳарос надорад. Маҳз тарси маҳдуди истифодаи захираҳои Тоҷикистон ва мардуми он — метавонад тағйироте дар сиёсати Тоҷикистон орад.

Вале бо ин ҳама, иштироки мухолифини тоҷик дар Варшава зарур ва муҳим аст. Чунки заминаи тарзи мубориза ва шаклҳои онро тавлид мекунад. Ба ҳар ҳол, бо ин роҳ боз як бори дигар таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба вазъи Тоҷикистон ҷалб карда мешавад.

* * *

Муҳаммад Расул, муовини сиёсии раҳбари Анҷумани нерӯҳои Тоҷикистон:

Албатта, умеди мо ин буд, ки ин гуна нишастҳо таъсиргузор бошанд. Ин умеди ҳар як аз мухолифони имрӯзи ҳукумати Тоҷикистон аст. Вале назари ман ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба шароити минтақа, ин нишастҳо дар ҳоли ҳозир таъсири чандоне рӯи сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон нахоҳанд гузошт. Ба назарам, ин созмонҳо феълан фақат шиор сар медиҳанд.

Мо бояд фикри решаӣ кунем, ба ҷойи чашм дӯхтан ба ин созмонҳо ва ин нишастҳо ва кишварҳои муҳим, ки ҳамаашон тибқи манифати худ мавзеъ мегиранд, мо бояд худамон даст ба кор шавем, ба ин маъно, ки опозитсияро аз дарун бояд бозсозӣ намуд ва кадрсозӣ кард, рӯи ҷавонони боангеза кор кард, махсусан ҷавонони босавод ва таҳсилкарда. Ояндаи Тоҷикистон ба дасти ҳамин ҷавонон сохта мешавад.

* * *

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии мустақил:

САҲА бояд аз маҳбусон ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон огоҳ бошад ва дар ин масъала ҷиддӣ рафтор кунад. Зеро мо бо тамоми қувва нишон додем ба дунё, махсусан бо Аврупо, ки мо ҳам одам ҳастем ва таҳаммули зулму ситамро дигар надорем.

Мутаассифона бояд иқрор шуд, ки ҳанӯз Аврупо ва бештари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар гӯё намебинанд мушкилоти Тоҷикистонро.

Интизорам ҳамин аст, ки Аврупо ва созмонҳое, ки шиорашон дифоъ аз ҳуқуқи инсон аст, бояд дар ин кор ҷиддӣ бошанд ва чашмони худро бозтар кунанд.

* * *

Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии мустақил:

Мо умед дорем, ки САҲА ва ҳамчунин дигар созмонҳо ва кишварҳои таъсиргузор, ягон чораи ҷиддӣ меандешанд, ба мисли масдуд кардани дороиҳои мақомоти тоҷик дар банкҳои Аврупо ва ғайра.

Ин созмонҳо ва кишварҳо бояд аз ин ҳам бештар дар Тоҷикистон фаъол шаванд ва коршиносони онҳо аз наздик бо вазъияти вахими ҳуқуқи башар дар кишвари мо ва нақзи ошкори онро баррасӣ кунанд. Ин корҳое, ки то ҳоло кардаанд, агарчи қобили тақдир аст, вале кофӣ нест.

Ба назари ман, танҳо дар сурати фишор ворид кардан бар мақомоти тоҷик аст, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар кишвари мо беҳбуд мегардад ва ин ҳукумат даст аз саркӯб мебардорад. Беҳтарин роҳи фишор ҳам, масдуд кардани суратҳисобҳои бонкии хонаводаи Раҳмон дар минтақаҳои афшорӣ аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: