Руҳонӣ: “Ӯзбакистон тасмим ба хариди нафт аз Эрон намудааст”

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ пас аз бозгашт аз сафари Қазоқистон, дар ҷамъи хабарнигорон, бо ишора ба дидори худ бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, гуфт: “Мулоқот бо раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбакистон ҳоизи аҳаммият буд.”

Вай афзуд: “Мо равобити хасмонае надоштем ва равобити самимона ва наздике ҳам бо ҳам надоштем, вале имрӯз бо раисиҷумҳури Ӯзбакистон барои равобити ҷадид байни ду кишвар музокира ва дар хусуси тавсиъаи равобити иқтисодӣ ва ҳамчунин равобити фарҳангӣ ва сармоягузории ду кишвар тасмимгирӣ кардем.”

Руҳонӣ хотирнишон кард: “Ӯзбакистон тасмим ба хариди нафт аз Эрон дорад. Дар мавзӯи транзит ҳам бино шуд дар ин ду замина вазирони роҳу нафти ду кишвар бо ҳам мулоқот ва дидор дошта бошанд.”

Гуфтанист, дирӯз (10.09.2017) дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, Шавкат Мирзиёев бо ҳамтоии эронии худ дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор, Шавкат Мирзиёев бо таъкид бар ин ки “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”, аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Ӯзбакистон даъват кард.

Вай ин дидорро “дидоре таърихӣ” ва “нуқтаи атфе дар гушудани фасли навин дар ҳамкориҳои дуҷониба” донист ва таъкид кард: “Тошканд омода аст равобити худро бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа, беш аз пеш тавсиъа диҳад.”

Раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳамчунин хоҳони тавсиъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои донишгоҳӣ, энержӣ ва мубориза бо теруризм ва ифротигарӣ шуд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: