Фалсафа ва равиши реализм (115)

Зарурат ва имкон (17)

Ҷабру ихтиёр (4)

Ҷабру тафвиз аз ҷанбаи каломӣ

Мутакаллимон дар мабоҳиси илоҳиёт он ҷо, ки аз умум ва шумули иродаи зоти Борӣ нисбат ба ҳамаи ҳаводиси ҷаҳон сухан мегӯянд, ин мабҳасро пеш меоваранд, ки оё иродаи зоти Борӣ шомили ҷамиъи ҳаводис ва аз он ҷумла афъоли содира аз инсон ҳаст ё шомил нест? Мутакаллимон дар инҷо ду даста шудаанд:

1) “Ашоира” мӯътақиданд, ки иродаи зоти Ҳақ шомили ҷамиъи ҳаводис аст ва ҳар ҳодисае, ки фарз шавад, мустақиман содир аз зоти Борӣ аст ва ҳеч чизи дигар дар вуҷуди ин ҳодиса дахил нест. Агар мебинед, ки оташ месӯзонад, воқеан оташ намесӯзонад, балки иродаи Ҳақ аст, ки пушти сари ин ки баъзе аз аҷсом ба оташ наздик мешаванд сӯзонданро халқ мекунад. Ва агар мебинед, ки фалон заҳр хӯрандаашро мекушад ва фалон тарёқ дафъи сам мекунад, на заҳр таъсире дар куштан ва на тарёқ таъсире дар беҳбуд ёфтан дорад, балки иродаи Худованд аст, ки баъд аз хӯрдани заҳр хӯрандаро мекушад ва баъд аз истеъмоли тарёқ беҳбудӣ ва шифо медиҳад. Асосан асбоб ва мусаббибот ба маънои воқеӣ маъно надорад, ва ин одати Ҳақ аст, ки ҷорӣ шуда бар ин ки он чиро мо “мусаббибот” мепиндорем, пушти сари он чизҳое, ки исмашонро “асбоб” гузоштаем эҷод кунад. Бино бар ин, ҳеч гуна робитаи илливу маълулӣ ва шарту машрутӣ ва сабабияту мусаббибият байни ҳаводиси ҷаҳон мавҷуд нест ва тамоми ҳаводис мустақиман ва биловосита марбут аст ба иродаи зоти Борӣ. Афъоли инсонҳо низ, ки ҷузъи ҳаводиси ин ҷаҳон аст, ҳамин ҳукмро дорад, яъне худи инсон ҳеч дахолате надорад ва он феъл мустақиман ношӣ аз иродаи Ҳақ аст. Ашоираро рӯи ин назар “Ҷабрӣ” мегӯянд.

2) Дастаи дигар аз мутакаллимон “Мӯътазила” ҳастанд. Ақидаи ин даста дуруст нуқтаи муқобили ақидаи Ашоира аст. Ба ақидаи Мӯътазила, иродаи Худованд дахолате дар ҳаводиси ин ҷаҳон надорад. Дахолати иродаи Худованд сирфан ҳамин қадр аст, ки ибтидо ин ҷаҳонро таквин кардааст. Ҷаҳон баъд аз он ки бо иродаи зоти Борӣ таквин ёфт, ба ҳасби табъи худ гардиш ва ҷараёне дорад ва ҳаводисе, ки ба тадриҷ падид меояд, муқтазои табъи худи ҷаҳон аст; айнан монанди корхонае, ки ба василаи як нафар муҳандис таъсис мешавад. Дахолати он муҳандис фақат дар ба кор андохтани ибтидоии он корхона аст, вале баъд аз он ки корхона таъсис ва эҷод шуд, ба ҳасби табъи худ кор мекунад ва иродаи муҳандис дар ҷараён ва идомаи кори ин корхона дахолат надорад. Бинобар ин, ҷаҳон пас аз он ки аз тарафи зоти Борӣ хилқат ёфт ва таъсис шуд, ба худ вогузошта ва “тафвиз” шуда. Инсон низ яке аз мавҷудоти ин ҷаҳон аст ва ба худ вогузошта ва тафвиз шуда, афъоли вай комилан аз дахолати иродаи зоти Борӣ озод аст. Ин назарияро аз ин ҷиҳат “Назарияи тафвизӣ” мегӯянд.

Дар муқобили ин ду назария, назари севвуме иброз шуда ва ҳар ду назарияи болоро тахтиъа ва такзиб кардааст. Он назар ин аст, ки: “На ҷабр аст ва на тафвиз, балки амрест байни амрайн”. Яъне, на ин аст, ки афъоли инсон ё соири ҳаводиси ҷаҳон мустақиман ва биловосита ношӣ аз иродаи зоти Борӣ бошад ва робитаи сабабӣ ва мусаббибӣ байни ашё мунқатеъ бошад, ва на ин аст, ки ҷаҳон ва инсон ба худ вогузошта шудааст, балки дар ҳаводиси ҷаҳон ва инсон, ҳам иллатҳо ва асбоби наздик дахолат доранд ва ҳам иродаи зоти Борӣ, ки “иллатулилал” аст.

Ин назар аввалин бор аз тарафи пешвоёни дин иброз шуда ва баъдан, ки муҳаққиқини ҳукамои илоҳӣ бо мавозини дақиқи ақлӣ (ва) мантиқӣ дар ин масъалаи фалсафӣ ғавр карданд, ҳукми ақлро низ бо ин назар, ки аз манбаъи ваҳй сарчашма мегирад, мувофиқ ёфтанд. Тафсили ин матлабро аз мақолаи 14 бояд ҷустуҷӯ кард.

Шубҳаи ҷабр, аз роҳи илми зоти Борӣ низ аз тарафи иддае тақвият шуда; ба ин баён, ки илми зоти Борӣ омм ва шомили ҳама чиз аст ва агар масалан осӣ (гуноҳкор) гуноҳ мекунад, дар илми Ҳақ маълум аст, ки гуноҳ мекунад, ва бинобар ин, имкони гуноҳ накардан аз вай салб мешавад, зеро агар гуноҳ накунад, мусталзими ин аст, ки илми Худованд ҷаҳл шавад.

Ин шубҳа низ як муғолатае беш нест. Ин мағлатаҳо ҳама аз онҷо ношӣ мешавад, ки илми зоти Борӣ ва тақдири зоти Бориро нисбат ба ҳаводиси ҷаҳон аз синхи илми инсон ва тақдири инсон дар афъоли хеш қиёс гирифтаанд. Дар мақолаи 14 муфассалан дар ин бора баҳс хоҳад шуд. Дар посухи ин шубҳаи кӯдакона, дар инҷо ҳамин қадр кофист, ки бар тариқи аҳли ҷадал нақз карда ва бигӯем: дар илми Ҳақ собит аст, ки: инсон мухтор ва озод аст, ва агар инсон маслубулихтиёр бошад, мӯҷиб мешавад, ки илми Худованд ҷаҳл шавад.

* * *

Ҷабру ихтиёр ва виҷдон

Назарияи ҷабр ғолибан аз тарафи касоне иброз мешавад, ки мехоҳанд худро ба ин васила аз зери бори таклиф ва қонун ва ахлоқ озод созанд ва ҳар коре, ки муртакиб мешаванд, барои инкор, ба хаёли худ узри муваҷҷаҳе битарошанд, гоҳе бигӯянд, Худо хоста, ки чунин бишавад ва дар муқобили хостаи Худо чӣ метавон кард?! Ва гоҳе бигӯянд, шароити муҳит эҷоб мекунад ва ҷилави “ҷабри таърих”-ро наметавон гирифт.

Албатта тавҷеҳ ва тафсири фалсафии масъалаи “ҷабру ихтиёр” бо таваҷҷӯҳ ба ҷамиъи ҷавониб ва атрофи он, аз ғомизтарини масоил аст ва камтар донишманде тавфиқ ҳосил карда, ки ба дурустӣ аз ӯҳдаи ҳалли он барояд, вале идроки иҷмолии ин ки “инсон дар аъмоли хеш озод аст ва дар муқобили ҳеч омили табиӣ ё мофавқуттабиӣ маслубулихтиёр нест”, амрест бадеҳӣ ва виҷдонӣ, зеро марбут ба тарзи анҷом ёфтани аъмоли виҷдонии зеҳнии худи инсон аст. Ҳар касе виҷдонан ҳис мекунад, ки на тибқи иддаои Ашоира зоти Борӣ ӯро маслубулихтиёр кардааст ва на тибқи иддаои моддигароён шароити моддии муҳит метавонад ӯро монанди барги коҳе бар рӯи як сели хурӯшон, беихтиёр аз ин сӯ ба он сӯ бибарад.

Инсон виҷдонан эҳсос мекунад, ки дар ҳар ҳолате ва таҳти ҳар шароите, дар интихоби феъл ё тарк озод аст. Инсон билвиҷдон эҳсос мекунад, ки қудрати муқовимат дар муқобили авомили моддӣ ба хотири ҳифзи фазилати ахлоқӣ ва ғайра дар вай мавҷуд аст. Инсон виҷдонан эҳсос мекунад, ки истеъдоди пазируфтани таклиф ва қонун ва масъулиятро дорад, ва аз ин лиҳоз бо ҷамодот ва наботот ва ҳайвонот фарқ дорад, ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Агар инсон худро фитратан мухтор намедонист, ҳеч гоҳ бо фикру тараввӣ феълеро анҷом намедод ва ё тарк намекард, ва ҳаргиз иҷтимоеро, ки дорои шуъуни мухталифаи амру наҳй ва подошу тарбияту соири тавобеъ аст барпо намекард”. Инкори ин матлаб инкори як амри бадеҳӣ ва виҷдонист ва як навъ сафсата ба шумор меравад.

Мавлавӣ мегӯяд:

Дар хирад “ҷабр” аз “қадар” расвотар аст,

З-он ки ҷабрӣ ҳисси худро мункир аст.

Мункири ҳис нест он марди қадар,

Феъли Ҳақ ҳиссӣ набошад, эй писар!

* * *

Дарки виҷдонӣ ба ҷойи ҳис бувад,

Ҳар ду дар як ҷадвал, эй ам, меравад.

Нағз меояд бар ӯ кун, ё макун,

Амру наҳйу моҷароҳову сухун.

Ин ки фардо ин кунам, ё он кунам?

Ин далели ихтиёр аст, эй санам!

Мақсуди Мавлавӣ аз “мазҳаби қадар” дар инҷо “мазҳаби тафвиз” аст, ки қаблан шарҳ додем. Баъзе дар истилоҳоти худ ба мазҳаби тафвиз “қадар” мегӯянд, ва баъзе ба мазҳаби ҷабр, ва ин худ як иллати таърихӣ дорад.

Ин гуна сафсатаҳо ва инкори бадеҳиҳо ба таври куллӣ ду иллати умда дорад: ба ҳам хӯрдани таъодули фикрӣ, ағрози фосиди иҷтимоӣ. Бархе дар асари заъфи нерӯи таъаққул ва бархӯрд бо истидлолҳои пурпечу хам, таъодули фикри худро аз даст дода ва алорағми виҷдони фитрии худ изҳори назар мекунанд. Ва бархе дигар ағрози фосиди иҷтимоӣ муҳаррики онҳо воқеъ шуда, ки барои он ки худ барои худ узре битарошанд, мутавассил ба сафсата мешаванд.

Роҳи муолиҷаи дастаи аввал, тамрин ва муморисати мантиқ ва истидлол ва тақвияти қувваи таъаққули он аст, вале барои дастаи дуввум ин роҳро набояд пешниҳод кард

Ибни Сино дар “Шифо” дар мавриди дастаи дуввум мегӯяд:

Охирин посухи шифобахше, ки бояд ба онҳо дода шавад ин аст, ки аз тариқи амал ворид шаванд ва дар гуфтор ҳамон мантиқи худи ӯро пеш бигиранд. Масалан, ӯро бизананд ва бигӯянд: задан ва назадан ҳар ду якест. Ё дар оташ биандозанд ва бигӯянд: оташ ва ғайриоташ якест; дар ин вақт аст, ки фитрати воқеъбинии вай ӯро ба сухан меоварад ва ба ҳақиқат эътироф хоҳад кард.”

Мавлавӣ ин матлабро дар мавриди “ҷабрӣ”, ки худро алорағми виҷдон ва фитрати худ маслубулихтиёр фарз мекунад, ба назм овардааст:

Он яке мерафт болои дарахт,

Мефишонд он меваро дуздона сахт.

Соҳиби боғ омаду гуфт: эй данӣ!

Аз Худо шармет ку? Чӣ мекунӣ?

Гуфт: аз боғи Худо бандай Худо,

Гар хурад хурмо, ки Ҳақ кардаш ато…

Пас бибасташ сахт он дам бар дарахт,

Мезад ӯ бар пушту соқаш чӯб сахт.

Гуфт: охир аз Худо шарме бидор,

Мекушӣ ин бегунаҳро зор-зор.

Гуфт: аз чӯби Худо ин бандааш

Мезанад бар пушти дигар банда хваш.

Чӯби Ҳаққу пушту паҳлӯ они ӯ,

Ман ғулому олати фармони ӯ.

Гуфт: тавба кардам аз ҷабр, эй аёр!

Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: