Ислом ва Эронзамин (70)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (33)

Фалсафа ва ҳикмат (12)

(Аз Мирдомод то Фазлуллоҳи Астарободӣ)

Табақаи бисту якум

1) Мир Муҳаммадбоқири Домод (Мирдомод). Маъруфтар аз он аст, ки ниёзманд ба муаррифӣ бошад. Пас аз ҳамлаи муғул, ба илале, ки феълан бар ман равшан нест, ҷуз дар Форс ҳавзаи илмии қобили таваҷҷӯҳе ба чашм намехӯрд. Албатта дар Ҳирот ва Самарқанд ва ҷоҳои дигар аҳёнан афроде будаанд, вале ҳавзаи гарм зоҳиран мунҳасир ба Шероз будааст.

Мутаассифона ҳавзаи Шероз фавқулъода хислати ҷадалӣ дорад. Дар тӯли тақрибан ду қарну ним, бештари кӯшишҳо сарфи муҷодилот мешудааст; бар гуфтаҳои якдигар шарҳу ҳошия менавиштаанд ва бар он ҳошияҳо низ ҳавошии дигар ва ҳамчунин ҳошия бар ҳошия… Дар айни ҳол, давраи Шероз давраи омодагӣ будааст.

Дар замони Шоҳ Аббоси Кабир бо тулӯи афроде монанди Мирдомод ва Шайх Баҳоӣ ва Мирфиндирскӣ, Исфаҳон маркази улуми ақлии исломӣ гашт — ба тавре, ки шахсе монанди Садрулмутааллиҳин аз ватанаш Шероз муҳоҷират мекунад ва барои касби файз ба Исфаҳон меояд — ҳамчунон ки бо муҳоҷирати уламои Ҷабали Омил аз қабили Муҳаққиқи Каракӣ ба Эрон, ҳавзаи бисёр олии фиқҳӣ дар Исфаҳон ташкил шуд. Аз мушаххасоти ҳавзаи фалсафии Исфаҳон ин аст, ки дигар аз он баҳсу ҷадалҳо, ки ғолибан камфоида буд хабаре нест. Фалсафа ба василаи Мирдомод рангу бӯи дигаре мегирад, ки акнун ҷойи баҳси он нест.

Мирдомод агар аз ҳукамои тирози аввали исломӣ ба шумор наравад, лоақал дар тирози дуввум ҳаст. Вай, илова бар ин ки файласуф буд, фақеҳ ва риёзидон ва адиб ва риҷолӣ ҳам буд. Рӯиҳамрафта марде ҷомеъ буд ва худро “Муаллими Солис” мехонд.

Вай ҳавзаи дарси бошукӯҳ ва гарм ва пурбаракате ташкил дод. Мо дар табақаи бисту дуввум баъзе аз шогирдони ӯро муаррифӣ хоҳем кард. Дуруст маълум нест, ки Мирдомод таҳсилоти фалсафии хешро чӣ гуна ва назди чӣ касоне анҷом додааст. Асотиди ӯро, ки шумурдаанд иборатанд аз: Шайх Абдулъолӣ Каракӣ, Сайид Нуруддини Омилӣ, Тоҷуддин Ҳусайни Соиди Тӯcӣ, Фахруддини Астарободии Самокӣ. Се нафари аввал аҳли маъқул набуда, устоди манқули Мир будаанд. Танҳо шахси ахир аст, ки аҳли маъқул будааст.

Оқои Сайидалӣ Беҳбаҳонӣ дар мақолае, ки таҳти унвони “Фалсафа ва шарҳи ҳол ва нақди осори Мирдомод” навиштаанд, мегӯянд: “Фахруддин Муҳаммади Ҳусайнии Астарободӣ муосири Шоҳ Таҳмосб (918-984) ба навиштаи Искандарбек, аз бузургони Самоки Астаробод буда. Аз фаҳвои каломи вай истифода мешавад, ки Мирдомод маҷлиси дарси ӯро дарёфта, вале аз лиҳози замон ҳамтирози ӯ набуда. Вайро дар муқобили Муҳаққиқ Хафрӣ Муҳаққиқ Фахрӣ мегуфтаанд.”

Муҳаддиси Қумӣ дар “Алкуно вал-алқоб” низ аз ин шахс ба унвони “Устод Мирдомод” ёд мекунад, ҳамчунин “Райҳонатул-адаб”. Вале иттифоқан аз фарди дигаре низ айнан ба ҳамин ном (Фахруддини Астарободии Ҳусайнӣ) дар ҳамин аср ёд шуда, ки ӯ низ аҳли маъқул буда, илоҳиёт ва ҷавоҳиру аърози “Шарҳи Таҷриди Қӯшчӣ”-ро ҳошия кардааст ва бино бар нақли оқои Алӣ Даввонӣ, “Ҳошияи Даввонӣ бар Таҳзибул-мантиқ”-ро низ ҳошия кардааст. Ибтидо ба назар мерасад, ки ду нафар ба ин ном нест, як нафар аст, вале соҳиби “Аззариъа” тасреҳ мекунад, ки инҳо ду нафаранд. Ба илова, Фахруддини Самокӣ Муҳаммад ибни Ҳасан аст ва он дигарӣ Муҳаммад ибни Ҳусайн.

Мо иттилои бештаре аз асотиди маъқули Мирдомод надорем. Ин ки Фахруддини Самокӣ (Муҳаққиқи Фахрӣ) назди чӣ касе таҳсил карда ва шогирдони дигараш чӣ касоне будаанд ва дар чӣ соле даргузаштааст, чизи дурусте намедонем. Гӯянд, шогирди Ғиёсуддин Мансури Даштакӣ будааст.

2) Шайх Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Абдуссамади Омилӣ. Аз муҳоҷирини Ҷабали Омил аст. Дар ҷомеъияти улуму фунун фавқулъодагӣ дорад. Аз устодони ӯ дар улуми ақлӣ (мантиқ ва фалсафа) ҷуз Мулло Абдуллоҳи Яздии собиқуззикр касеро намешиносем. Силсилаи асотиди маъқули Шайх аз тариқи Мулло Абдуллоҳ ба Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва сипас ба Бӯалӣ мерасад. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки Шайх илова бар он ки адиб, фақеҳ, муфассир, риёзидон, муҳандис ва шоир буда, ҳаким ва файласуф ҳам будааст. Аз ҳавзаи дарси фалсафаи ӯ иттилое надорем. Маъруф аст, ки Садрулмутааллиҳин ибтидо ба дарси Шайх мерафт. Шайх, ки истеъдоди хориқулодаи ӯро дид, ӯро ба дарси Мирдомод фиристод. Аз осори фалсафии Шайх низ чизе дар даст нест, ҷуз рисолае, ки мегӯянд ахиран дар Миср аз ӯ дар бораи “Ваҳдати вуҷуд” чоп шудааст. Шайх дар соли 1030 даргузаштааст.

3) Мир Абулқосими Финдирискӣ. Аҳл Финдириск аз тавобеъи Астаробод аст. Ҳаким, риёзидон ва орифмашраб аст. Бо он ки ҳавзаи бузурге дошта ва шогирдоне тарбият карда, иттилои зиёде аз зиндагониаш дар даст нест. Муосири Шайх Баҳоӣ ва Мирдомод будааст. Мусофирате ба Ҳинд рафта, аз назариёти ҳукамои Ҳинд огоҳ шудааст.

Мирфиндирискӣ рисолае дар бораи синоъот навишта, ки ба номи “Рисолаи синоъия” маъруф аст ва рисолае дар “ҳаракат” бар тибқи маслаки Машшоъин навишта ва дар 1050 дар синни 80-солагӣ даргузаштааст.

* * *

Табақаи бисту дуввум

Ин табақа шогирдони Шайх Баҳоӣ ва Мирдомод ва Мирфиндирискӣ мебошанд:

1) Рафиъуддин Муҳаммад ибни Ҳайдари Ҳусайнии Таботабоии Ноинӣ машҳур ба Мирзо Рафиъо. Шогирди Шайх Баҳоӣ ва Мирфиндирискӣ буда. Аз содоти таботабоии Ноин ва Заввора ва Ардистон аст. Марҳум Мирзои Ҷилва, файласуфи маъруфи аҳди Қоҷор ва вафотёфта дар 1314, аз авлод ва аҳфоди ӯст. Рисолае дар “Ақсоми ташкик” дорад, ки мавриди таваҷҷӯҳи мутааххирон аст. “Шарҳи Ишорот”-и Хоҷа ва “Шарҳи ҳикматул-ъайн”-и Шарифи Ҷурҷониро ҳошия кардааст ва рисолае дар ҳалли шубҳаи “истилзом”, ки дар китобҳои фалсафа матраҳ аст навиштааст. Рисолае ба номи “Самараи шаҷараи илоҳия” дар усули ақоид бо порае аз муқаддимоти фалсафӣ ахиран аз ӯ ба василаи оқои Абдуллоҳи Нуронӣ, аз фузалои муосир чоп ва мунташир шудааст. Мирзо Рафиъо дар соли 999 мутаваллид ва дар соли 1083 дар синни 85-солагӣ даргузаштааст.

2) Муҳаммад ибни Иброҳими Қаввомии Шерозӣ маъруф ба Садро ва Садрулмутааллиҳин, ҳакими илоҳӣ ва файласуфи раббонии беназир, ки ҳикмати илоҳиро вориди марҳилаи ҷадиде кард. Садро дар он чӣ илми аъло ё илми куллӣ ё фалсафаи уло ё ҳикмати илоҳӣ хонда мешавад — ва танҳо ҳамин бахш аст, ки ба ҳақиқат фалсафа аст ва фалсафаи ҳақиқӣ хонда мешавад, зеро соири бахшҳо аъамм аз риёзӣ ва табиӣ дар қаламрави улум аст — тамоми фалосифаи пешинро таҳтушшуъо қарор дод, усул ва мабонии аввалияи ин фаннро тағйир дод ва онро бар усули халалнопазире устувор кард.

Фалсафаи Садро аз як назар ба манзилаи чаҳорроҳе аст, ки чаҳор ҷараён яъне ҳикмати машшои арастуӣ ва синоӣ, ва ҳикмати ишроқи Сӯҳравардӣ, ва ирфони назарии муҳйиддинӣ, ва маъонӣ ва мафоҳими каломӣ бо якдигар талоқӣ карда ва монанди чаҳор наҳр сар ба ҳам бароварда, рӯдхонае хурӯшон ба вуҷуд овардаанд. Аз назари дигар ба манзилаи сурате аст, ки бар чаҳор унсури мухталиф пас аз як силсила феълу инфиъолҳо изофа шавад ва ба онҳо моҳият ва воқеияти навин бахшад, ки бо моҳияти ҳар як аз маводди он сурат мутағойир аст.

Фалсафаи Садро як навъ ҷаҳиш аст, ки пас аз як силсила ҳаракатҳои мудовим ва тадриҷӣ, дар маорифи ақлии исломӣ рух додааст.

Фалсафаи Садро аз навъи “саҳли мумтанеъ” аст; ба зоҳир бисёр содда аст, ибораташ адибона ва муншиёна аст, аммо як фарди бисёр мустаид солҳо бояд кор кунад то ба марҳилаи аввал бирасад, яъне бифаҳмад, ки онро намефаҳмад, то бори дигар бо диди дигаре ворид шавад. Басе афрод солҳо ӯҳдадори тадриси фалсафаи Садро будаанд дар ҳоле, ки ба умқи он нуфуз накардаанд. Аз ин рӯ тавсиф ва таҳлили кори Садро кори ҳар фалсафахондае нест.

Садро шогирди Шайх Баҳоӣ ва Мирдомод будааст. Дар шарҳе, ки бар “Усули Кофӣ” навишта, аз Шайх Баҳоӣ ба унвони устоди улуми нақлӣ ва аз Мирдомод ба унвони устоди улуми ақлӣ ёд мекунад. Китобҳои Садро маъруфтар аз он аст, ки дар инҷо мо бихоҳем муаррифӣ кунем. Вай дар соли 1050 зимни ҳафтумин сафари ҳаҷ, ки пиёда мерафт, дар Басра даргузашт.

3) Шамсуддини Гилонӣ маъруф ба Мулло Шамсо. Аз шогирдони Мирдомод аст. Миёни ӯ ва ҳамшогирдиаш Муллосадро муросилае сурат гирифтааст. Мулло Шамсо дар бораи чанд мушкил дар фалсафа аз қабили мавзӯъ дар ҳаракати каммия ва вуҷуди зеҳнӣ суол карда ва Садро посух гуфтааст. Посухи Садро ба сурати рисолае кучак даромада ва дар ҳошияи “Мабдаъ ва маъод”-и вай чоп шудааст.

4) Султонулуламо Омулии Мозандаронӣ маъруф ба Халифатуссултон. Шогирди Шайх Баҳоӣ ва Мирдомод будааст. Шоҳ Аббос духтарашро ба ӯ дод ва муддате вазорати Шоҳ Сафӣ ва Шоҳ Аббоси Сониро доштааст. Вай мардест муҳаққиқ. Ҳавошии ӯ бар “Маъолим” ва “Шарҳи Лумъа” намунаи як кори таҳқиқӣ аст. Бидуни ҳашву завоид чиз менавиштааст. Бар “Ҳошияи Хафрӣ бар шарҳи Таҷриди Қӯшҷӣ” низ ҳошия навиштааст. Вай дар соли 1064 дар синни 64-солагӣ даргузаштааст.

5) Сайид Аҳмади Омулӣ, домод ва холазодаи Мирдомод ва шогирди ӯст. Бар илоҳиёти “Шифо” ҳошия навишта ва ҳошияаш чоп шудааст. Дар он ҳавошӣ қисматҳое оварда, ки мерасонад аз Мирдомод аст ва гоҳе ҳам худ ишора ё тасреҳ ба он мекунад. Мирдомод ва Сайид Аҳмад наводаи духтарии Муҳаққиқи Каракӣ мебошанд.

6) Қутбуддини Ишкеварӣ соҳиби китоби маъруфи “Маҳбубул-қулуб”. Дар торихи фалосифа, шогирди Мирдомод будааст.

7) Сайид Амир Фазлуллоҳи Астарободӣ. Ин мард низ шогирди Мирдомод будааст. Аз ин мард иттилои дурусте дар даст надорем. Мутобиқи он чӣ дар “Равзот” зимни аҳволи Муқаддаси Ардабилӣ ба нақл аз “Риёзул-уламо” омадааст, Амир Фазлуллоҳ аз бузургони шогирдони Муқаддаси Ардабилӣ будааст. Ҳангоме, ки вафоти Муқаддаси Ардабилӣ наздик шуд, аз ӯ пурсиданд: Баъд аз шумо ба чӣ касе руҷӯъ кунем? Ӯ ҷавоб дод: Дар шаръиёт ба Амир Аллом, ва дар ақлиёт ба Амир Фазлуллоҳ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: