Кабирӣ: “Қазияи М.Ҳаит ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рафт”

Муҳиддин Кабирӣ зуҳри имрӯз (12.09.2017) зимни суханронӣ дар ҳошияи Конфронси САҲА дар Варшава дар мизи гирд оиди зиндониёни сиёсии тоҷик гуфт: “Созмони Freedom Now ва созмони бонуфузи ҳуқуқӣ Hogan lovells рӯзи ҷумъаи гузашта аризаи М. Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ-ро дар ҳаҷми 78 сафҳа ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид фиристоданд.”

Матни аризаи М.Ҳаит ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Вай аз ин созмонҳо барои анҷоми ин хидмати инсонӣ ташаккур карда, аз дигар кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар хост, ки дар ин маврид саъйю талоши бештар анҷом шавад.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин гуфт, ки ҲНИТ тамоми саъйю кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, ки дар ҳаққи зиндониёни сиёсии тоҷик, сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ ё фикрӣ, ҳар хидматеро анҷом бидиҳад.

Гуфтанист, Муҳиддин Кабирӣ субҳи имрӯз вориди Варшава пойтахти Лаҳистон шуд ва мизи гирд дар бораи зиндониёни сиёсии тоҷик бо мудрияти ӯ баргузор гардид. Дар ин мизи гирд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, аз ҷумла Темур Варқӣ, шоир ва фаъоли сиёсии тоҷик, Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсӣ, Дагир Хасавов, вакили мудофеи рус ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ва байналмилалӣ, аз ҷумла Стив Свердлов, масъули бахши осиёи миёнаии Созмони Human Rights Watch (HRW) ва шахсиятҳои мустақил ва журналистон ширкат карданд.

Филми комили ин нишаст:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: